БАРГУЗОРИИ ҲАМОИШИ СУДМАНД БАХШИДА БА РӮЗИ ДОНИШ

Имрӯз, 1 сентябр дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси сулҳ бо иштироки ректори Донишгоҳ профессор Гулназарзода Жило, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Салим Музафар ва ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни курсҳои аввали Донишгоҳ баргузор гардид.

Дар аввал, ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва омӯзгорону донишҷӯёнро бо Рӯзи дониш ва 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, иброз дошт, ки Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамчун муассисаи олии кишвар донишҷӯёнро дар беҳтарин шароит аз рӯйи равияҳои омӯзгорӣ, тарҷумонӣ, рӯзноманигорӣ, забоншиносӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ омода менамояд.

Мавриди зикр аст, ки ҳамасола Рӯзи Дониш ва дарси сулҳ бо нукоти мубораки Пешвои миллат оғоз мегардад. Соли равон низ дар бинои навтаъсиси Муассисаи таҳсилоти миёнаи умуии №105 – и пойтахт мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли соҳаи маориф доир гардид.

Тӯли 35 соли соҳибистиқлолӣ бо дастгирӣ ва сиёсати маорифпарваронаву забонгустарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба рушди соҳаи маориф ва илм таваҷҷуҳи аввалиндараҷа дода шуда, барои ҷавонон тамоми шароиту имкониятҳои хубу замонавӣ фароҳам оварда шудааст. Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзиши теъдоди забонҳои хориҷӣ афзуда, имрӯз дар ин боргоҳ аз рӯйи 14 забони хориҷӣ таълиму тадрис дода мешавад.

Муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Салим Музафар ҳамаи устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳро аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯзи дониш шодбош гуфта, дар идома, ҷавононро ба руҳияи хештаншиносӣ, ҳифз кардани манфиатҳои миллӣ, расидан ба қадри сулҳу субот, пойдории Истиқлоли давлатӣ ва омӯзиши илму технологияҳои замонавӣ, забонҳои хориҷӣ даъват намуд.