ТЕЪДОДИ ДАСТОВАРДҲОИ ИЛМӢ МЕАФЗОЯНД

Боиси хушнудист, ки дар арафаи таҷлили 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, имрӯз, 31 августи соли 2026 аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии мушовири академии факултети забон ва адабиёти рус Бобобекзода Меҳроҷиддин ва мушовири академии факултети филология ва рӯзноманигорӣ Сабзалӣ Ғуломзода тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони номзади илмҳои психологӣ мушарраф гардиданд.

Инчунин, аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон рисолаи номзадии омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёт Ифтихори Амонқул тасдиқ гардида, ба гирифтани унвони номзади илмҳои филологӣ мушарраф гардид.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода омӯзгорони азизу муҳаққиқони ҷавонро, самимона бо ин дастоварди муҳимми илмӣ шодбош гуфта, барояшон бурдборӣ ва муваффақият хоҳонанд.