ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ ҶОИЗАИ ИСМОИЛИ СОМОНӢ ШУД

31 августи соли 2026 ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими тантанавии супоридани мукофот ва ҷоизаҳои давлатӣ бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода баргузор гардид.

Боиси хушнудист, ки номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Миракзода Фаридун дар ин ҳамоиш сазовори Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ гардид.

Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода олими ҷавон, омӯзгори пуркор Миракзода Фаридунро бо ин дастоварди муҳим самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмиву омӯзгорӣ ва таҳқиқотиаш муваффақиятҳои беназир орзу менамояд.