Бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани 1050 – солагии Робиаи Балхӣ дар ЮНЕСКО, бо ташаббуси Раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби “Жолаи сиришк дар лолаи ишқ” интишор гардид.
Китоби мазкур дорои маҷмуи мақолоти пажуҳишӣ ва таҳқиқии устодону унвонҷӯён, докторантону магистрантони Донишгоҳ дар робита ба ҷанбаҳои мавзуӣ ва бадеи ашъори нахустин бонуи суханвар дар адабиёти тоҷику форс Робиаи Балхӣ мебошад.
Маҷмуаи мазкур, зери назари доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода дар “Лингвопарк” – и Донишгоҳ дар ҳаҷми 190 саҳифа интишор гардид.
Китоб ба омӯзгорону донишҷӯён ва муҳақиқон барои омӯзишу пажуҳиш тавсия дода мешавад.
