Истиқлолият барои мардуми Тоҷикистон на танҳо рамзи озодӣ, балки шароити рушду пешрафт гардид. Дар ин муддат кишвар дар ҳамаи соҳаҳо ба дастовардҳои назаррас ноил шуд. Истиқлолият барои миллати тоҷик бузургтарин арзиш ва муқаддастарин неъмат аст. Зеро миллати тоҷик пас аз зарбаҳои нангини таърих, бо шарофати Истиқлолият ба давлатдории худ расид. Имрӯз бо шарофати парафшонии ливои сулҳу субот Тоҷикистон ба кишвари беҳтарин ноил гардидааст. Эълони Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама, оғози марҳалаи нав ва саҳифаи тозаи зиндагии сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар буд.
Бо ифтихори бузург соли равон бо 35 – солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳури Тоҷикстонро бо шаҳомат таҷлил менамоем. Ин ҷашни миллӣ танҳо ҷашни сиёсӣ, балки рамзи ваҳдат ва рамзи худшиносии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Маҳз бо шарофати истиқлол Тоҷикистон рушд кард ва дар тамоми самтҳо ба дастовардҳои беназиру таърихӣ ноил гашт.
Тоҷикистон имрӯз ҳамчун давлати соҳибистиқлол бо аксари кишварҳои ҷаҳон робитаҳои дипломатӣ дорад ва узви фаъоли созмонҳои байналмилалӣ мебошад. Сиёсати хориҷии кишвар ба дӯстӣ, ҳамкорӣ ва ҳамзистии осоишта равона гардидааст.
Дар пойдорӣ ва сулҳу суботи кишвар нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Маҳз бо иродаи қавӣ ва сиёсати оқилонаи Пешвои миллат сулҳу субот барқарор ва пояҳои давлатдорӣ устувор гашт. Ҳамчунин ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар масъалаҳои обу иқлим ва таҳкими сулҳи пойдор нуфузи Тоҷикистонро дар сатҳи ҷаҳонӣ баланд бардоштанд.
Дар замони истиқлол арзишҳои миллӣ эҳё, забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт ва ифтихори миллӣ дар қалби ҳар як шаҳрванди кишвар реша давонд. Истиқлолият на танҳо истиқлоли сиёсӣ, балки бедории худшиносии миллӣ мебошад.
Ҷашни Истиқлоли давлатӣ рамзи давлатӣ ё санади таърихӣ нест, балки он масъулияти бузург аст. Дар саросари дунё халқиятҳое ҳастанд, ки шумораи зиёд доранд, аммо давлат ва истиқлолият надоранд.
Дар замони имрӯза ва ҷаҳони муосир ҳифзи якпорчагии сарзамин, ҳуввияти миллӣ ва истиқлолу озодӣ масъулияти ҳамагонро талаб менамояд. Ҳамзамон вазифаи асосии миллат на танҳо ҳифзи ин дастовард, балки рушд ва таҳкими он мебошад.
Таърих гувоҳ аст, ҳар қавму миллате, ки барои озодӣ ва истиқлолияти хеш талош намудааст, онро ба осонӣ ба даст наовардааст. Бар хилофи қисмати бархе аз қавму миллатҳо, ки бар ивази ҷоннисориҳои мардум озодиву истиқлолият ба даст оварданд. Пас ҳифзи он ва муаррифии он вазифаи мост.
35 – соли Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ аст ва бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил кардани он мояи ифтихори мо мебошад.
Бо шукронаҳо аз ин неъмати барои миллатамон бебаҳо – Истиқлолият ва бо шукргузориҳо аз файзу нусрати он имрӯз ҳар яки мо бояд созандаву бунёдкор бошем, барои ободиву шукуфоии ватанамон талош намоем.
Раҷабалиева Мақсуда, муаллими калони кафедраи забонҳои романӣ – германии факултети забонҳои Аврупо