ИСТИҚЛОЛИЯТ ДАСТОВАРДИ БЕНАЗИРИ ТАЪРИХӢ

“Истиқлолу озодӣ барои мо неъмати азизтарини зиндагӣ ва сарвати муқаддастарине мебошад, ки аз баракати он имрӯз ҳар як фарди Тоҷикистон дар Ватани озоди худ ҳаёти орому осуда ва шароиту имконияти кору фаъолияти созандаву ободгарона дорад.”

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки барои мардуми тоҷик Истиқлолият ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз талошу ҷонисории фарзандони барӯманди диёр буд, ки орзуи деринтизори мо ҷомаи амал пӯшид. Имрӯз дар Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият кардан мояи ифтихор аст. Ҳамбастагии миллатҳо, дӯстиву рафоқат ва муҳим сулҳу субот ҳамеша танинандоз аст. Яке аз омилҳои асосие, ки ба устувориву пояндагии истиқлолият мусоидат менамояд, ин иттиҳоду ҳамбастагӣ мебошад. Имрӯз Тоҷикистон дар фазои сулҳу субот ва оромӣ аз 35 – умин солгарди Истиқлоли давлатӣ таҷлил менамояд.

Саҳми мубораки Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдорӣ, устуворӣ ва ҳамешагии Истиқлоли давлатӣ басо бузург аст. Маҳз талошу иродаи қавии Пешвои миллат буд, ки миллати тоҷик аз вартаи нобудшавӣ раҳо ёфт. Пешвои миллат дар ҳар як баромадҳои худ, иброз медоранд, ки “Мову шумо бояд ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, ватандӯсту ватанпараст бошем, ҳамеша барои ободии Ватанамон ва пешрафти давлатамон талошу кӯшиш кунем ва ба тарбияи фарзандонамон, яъне наслҳои ояндасоз эътибори аввалиндараҷа зоҳир намоем”.

Мардуми Тоҷикистон дар пайравии сиёсати дурандешонаи Сарвари давлат барои ободӣ ва пешрафти мамлакати азизамон талош менамоянд. Бо баракати сулҳу субот ва истиқлолу озодӣ Тоҷикистонро ҷаҳон шинохт. Ташаббусҳои мондагор ва камназири Тоҷикистонро ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфт. Ин аст бахту иқболи ҳар як фарди тоҷик. Вақте, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ аз сулҳу суботи ҷомеаи ҷаҳон ва ташаббусҳои миллати тоҷик ҳарф мезананд, бароямон мояи ифтихор аст.

Мо дар арафаи таҷлили бошукуҳтарин ҷашни миллӣ Истиқлоли давлатӣ қарор дорем. Нисбат ба дигар ҷашнҳои миллӣ ва касбӣ 9 сентябр барои мардуми тоҷик санаи фаромӯшнашаванда ва таърихӣ аст. Зеро ин санаи муборак барои мардуми тоҷик дубора умед, дубора имконоти давлатдории тоҷиконро фароҳам овард.

Мо Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун як ҷашни муборак ва муқаддаси миллӣ бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил менамоем. Дар ҳақиқат, ҷашни Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон яке аз бузургтарин идҳои мардуми мо маҳсуб ёфта, бо хотири сазовор истиқбол намудани он ҳама талош менамоянд.

Раванди сазовор пешвоз гирифтани ҷашни миллӣ барои рушду пешравиҳои соҳаҳои гуногуни кишвар омили асосӣ гаштааст. Яъне ҳамасола, Рӯзи Истиқлолияти давлатиии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фатҳу нусратҳои нав ва комёбиҳои нав ҷашн гирифта мешавад.

Мо омӯзгорон дар давоми фаъолияти пурсамари худ ва дар пайравии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини ҳифзи истиқлолияти давлатии кишварамон ва тарбияи насли наврас хидмат мекунем.

Ояндаи миллатро бо дӯст доштани Ватан, Модар, ҳифз кардани марзу буми кишвар, истиқлолу озодӣ, эҳёи фарҳанги миллӣ роҳнамоӣ мекунем.

Бигзор Истиқлоли давлатӣ пойдору устувор бимонад!

Боронова Светлана, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи забони русӣ