Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо дар соҳаи илму маориф сафири Ҷумҳурии Куриё ҷаноби Ҷон Сон Шик ва ҳайати ҳамроҳонаш ба Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ташриф оварданд. Ректори Донишгоҳ профессор Жило Гулназарзода бо меҳмонон атрофи ихтисосҳои амалкунандаи Донишгоҳ, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар озмунҳои забони куриёӣ ва таваҷҷӯҳи донишҷӯён ба забони зикршуда суҳбат оростанд.
Ҷаноби Ҷон Сон Шик дар навбати худ аз ҷараёни омода намудани мутахассисони забони куриёӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯёни Донишгоҳ дар озмунҳои забони куриёӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, иброз дошт, ки барои таъмини омӯзгорони соҳибзабон дар Донишгоҳ ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

