(Ба истиқболи 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон)
Мо дар арафаи истиқбол аз 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва ифтихор аз он дорем, ки дар сарзамини сулҳу амон ва дорои истиқлоли комил зиндагӣ ва кору фаъолият менамоем. Воқеан, барои ба даст овардани итиқлолият саҳми олимону донишмандон, сиёсатшиносон ва шахсияти барҷастаи сиёсии сатҳи ҷаҳонӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзанда ва қобили таваҷҷуҳ аст.
Дар давраи Истиқлоли давлатӣ қарор дорем ва имрӯз Тоҷикистони азиз бо шарофати истиқлол ба ҳадафҳои стратегии худ зина ба зина расида истодааст. Шароити зиндагии арзанда барои миллат фароҳам гардидааст. Дар шароити кунунӣ вазифаи ҳар як соҳибватан аст, ки бо шукргузорӣ аз ваҳдату иттифоқӣ ва тинҷию оромӣ барои ватан содиқона ва софдилона заҳмат кашида, саҳми худро заррае ҳам бошад, дар рушди минбаъдаи сарзамини аҷдодӣ гузорад.
Чунин истиқлолият ва сулҳу оромӣ бори аввал ба мардуми тоҷик дар асрҳои IX-X даст дода буд, ки ин ба давраи ҳукуматдории сулолаи Сомониён рост меояд. Аз рӯйи қайдҳои сарчашмаҳои хаттии давра дар он замон ҳама соҳаҳои мамлакат рушд ёфта буданд ва шоирону донишмандон он замонро ба шаклҳои гуногун васф карда буданд. Шоири машҳури давр, асосгузори адабиёти классики тоҷику форс Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар як қасида вазъи замонро бо байти зерин тавсиф кардааст:
Май ҳасту дирам ҳусту бути лоларӯхе ҳаст,
Ғам нест, агар ҳаст, насиби дили аъдост.
Дар воқеъ, тасвири хуб дар байти Рӯдакӣ ошкор аст ва маълум аст, ки дар он замон ҳама шароити қобили зисти шоиста барои мардум мавҷуд аст, ҳатто мардум ғам надорад. Вале ғам ҳаст ва он ҳам насиби дили душманон будааст.
Гуфтаҳои боло, ки ба устоди шоирони тоҷик Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқамандӣ дорад ва дар асри IX гуфта шудааст, ба замони имрӯза комилан мувофиқат дорад ва гӯё барои замони ҳозира гуфта шуда бошад. Фазои сулҳу суботи мамлакат рашки бадбинон ва хоинони миллатро бедор кардааст ва имрӯз онҳо зери сарпарастии мамлакатҳои хориҷӣ барои пешрати Тоҷикистон монеаҳо бунёд карданӣ мешаванд. Миллати тоҷик, ки заҳри талхи ҷанги шаҳрвандиро чашидааст, ба дасисаву фиребгариҳои хоинон ва душманон бовар накарда, ба онҳо санги маломат мезананд.
Воқеан ҳам дар замони имрӯза барои мардуми тоҷик ва дигар миллатҳое, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ ва фаъолият доранд, шароити мусоиди зисту фаъолият фароҳам оварда шудааст.
Барои пешрафту шукуфоии Тоҷикистон истиқлолият заминаи мусоид фароҳам оварда, шароити заруриро муҳайё гардонидааст. Дар роҳи минбаъдаи ташаккули давлат сарҷамъиву иттиҳодии мардуми сарбаланди тоҷик бо роҳбарию роҳнамоии фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бағоят бузург аст. Барои арҷгузорӣ ба заҳматҳои мардуми шарифи Тоҷикистон Президенти мамлакат дар яке аз баромадҳояшон ироа менамоянд:
“Ҳамаи дастовардҳо, пеш аз ҳама, натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми шарифи Тоҷикистон мебошад”.
Ва ҷойи дигар мардумро барои боз ҳам ободу зебо ва пешрафтаву шукуфон гардонидани мамлакат даъват намуда, қайд менамоянд:
“Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо руҳияи баланди миллӣ, шукргузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамуддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем”.
Бинобар ин, мардуми сарбаланди Тоҷикистонро зарур аст, ки дар пайравӣ аз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешрафту шукуфоии Ватани азизу арҷманд заҳмати содиқона намуда, ҷиҳати мустаҳкамтар гардидани пояҳои Истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу суботи кишвар ҷаҳду талош намоянд.
Каримов Абдукарим, муаллими калони кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ.