Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода Мактаби тобистонаи байналмилалии «Забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ дар Душанбе» ба фаъолияти худ оғоз намуд. Дар маросими ифтитоҳ ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода иштирок намуда, иштирокчиёни барномаро хайрамақдам гуфта, аҳаммияти омӯзиши забони тоҷикӣ ва муаррифии фарҳангу тамаддуни тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ таъкид кард.
Дар Мактаби тобистона 11 нафар шунаванда аз чор кишвари ҷаҳон иштирок доранд. Аз ҷумла, 7 нафар аз Ҷумҳурии Куриёи Ҷанубӣ, 2 нафар аз Шоҳигарии Британияи Кабир, 1 нафар аз Федератсияи Русия ва 1 нафар аз Ҷумҳурии Италия барои омӯзиши забон, адабиёт ва фарҳанги тоҷикӣ бо хатти ниёкон ба шаҳри Душанбе омадаанд.
Дар доираи барномаи рӯзи аввал иштирокчиён – шунавандагон аз Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Боғи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ боздид намуда, бо таърих, адабиёт ва мероси фарҳангии миллати тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Тибқи барномаи Мактаби тобистона, дар рӯзҳои минбаъда баробари машғулиятҳои назариявию амалӣ баргузории чорабиниҳои фарҳангиву маърифатӣ, вохӯриҳо бо олимону адибон, инчунин, боздид аз мавзеъҳои таърихию фарҳангии шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Хуҷанд ва мавзеи таърихии Чилдухтарон дар назар гирифта шудааст.
Мактаби тобистонаи байналмилалӣ барои иштирокчиён имконияти арзишманд фароҳам меорад, то забони тоҷикиро амиқтар омӯзанд, бо адабиёт, таърих ва фарҳанги миллӣ аз наздик ошно гардида, ҳамзамон робитаҳои илмиву фарҳангӣ ва дӯстии байни халқҳоро таҳким бахшанд.


