Имрӯз, 13 июли соли 2026, дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои фаъолияти шашмоҳаи аввали соли 2026 нишасти матбуотӣ баргузор гардид.
Дар нишаст ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода, ҳайати раёсати муассиса ва 46 нафар намояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохиливу хориҷӣ иштирок намуданд.
Зимни нишаст ректори Донишгоҳ натиҷаҳои фаъолияти муассисаро дар шаш моҳи аввали соли 2026 мавриди таҳлил қарор дода, оид ба дастовардҳо дар самтҳои таълим, илм ва инноватсия, тарбия, ҳамкориҳои байналмилалӣ, рушди инфрасохтор, рақамикунонии идоракунӣ ва дигар самтҳои афзалиятноки фаъолияти Донишгоҳ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Дар қисмати саволу ҷавоб намояндагони васоити ахбори омма доир ба омодасозии тарҷумонҳои баландихтисос, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, татбиқи барномаҳои нави таълимӣ, дурнамои рушди муассиса ва дигар масъалаҳои муҳими соҳаи маорифу илм беш аз 24 савол пешниҳод карданд. Ба ҳамаи саволҳои матраҳшуда аз ҷониби роҳбарияти Донишгоҳ посухҳои муфассал, асоснок ва мушаххас ироа гардиданд.
Нишасти матбуотӣ дар фазои муколамаи созанда баргузор шуда, барои табодули афкор миёни роҳбарияти Донишгоҳ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма заминаи мусоид фароҳам овард.


