МЕРОСИ ҶОВИДОНАИ АБУАЛӢ ИБНИ СИНО ВА РИСОЛАТИ ИЛМИ ТОҶИК ДАР ҶАҲОНИ МУОСИР

Имрӯз, 29 июни соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ҳамоиши донишгоҳии “Мероси ҷовидонаи Абуалӣ ибни Сино ва рисолати илми тоҷик дар ҷаҳони муосир” бо ширкати ректор, профессор Жило Гулназарзода ва олимону муҳаққиқон, кормандону омӯзгорони Донишгоҳ доир гардид.

Дар оғози ҳамоиш ректори муассиса доктори илмҳои филология, профессор Жило Гулназарзода суханронӣ карда, оид ба ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсис додани Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ибрози назар кард.

Зикр гардид, Абуалӣ ибни Сино олим, мутаффакир, шоир, риёзидон ва табиби маъруфест,ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳон эътироф гардидааст.

Дар идома, профессори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ Муҳаммадҷон Қосимов маъруза карда, дар бораи вожаи Сино, аз табори тоҷик буданаш ӯ маълумот дода, ташаббуси мондагори Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бораи таъсиси Ҷоизаи байналмилалии ба номи Сино дар соҳаи тибро нишонаи ваҳдати илм ва қадршиносии таърихӣ дар ҷаҳон ном бурд.

Профессори кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Шарифмурод Исрофилниё зимни баромади худ дар бораи зодгоҳи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино, фаъолияти пурсамар, асарҳои безаволи ин файласуфи тоҷик баромад карда, иброз дошт, ки Сино тоҷики асл аст ва дар деҳаи Афшанаи наздикии Бухоро ба дунё омада, тамоми ҳаёти худро ба илм, махсусан тиб, фалсафа, нуҷум ва адабиёт бахшидааст.

Инчунин дар рафти ҳамоиш докторанти соли аввали Донишгоҳ Шаҳзод Қаюмов пиромуни мавзуи “Пири ҳакимони Машриқзамин” асари мондагори устод Сотим Улуғзода” маъруза карда, дар бораи асари машҳури нависанда Сотим Улуғзода, ки ба зиндагинома ва фаъолияти Абуалӣ ибни Сино бахшида шудааст, сухан кард.

Дар поёни ҳамоиши музокираҳои судманд баргузор шуда, дар он омӯзгорону докторантон фаъолона ширкат намуданд.

Ҳамчунин, дар охир ба ду нафар омӯзгори фаъоли Донишгоҳ – дотсенти кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ Муҳаббатшо Қобилов ва эдвайзери факултети муносибатҳои байналмилалӣ Фазлиддин Халифаев бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ Ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.