Мафҳуми ваҳдат ва заминаҳои пайдоиши таърихии он. Ваҳдати миллӣ яке аз арзишҳои асосии ҳувиятсози худшиносии миллӣ ба ҳисоб рафта, дар таҳкими субот, пешрафти иҷтимоиёту иқтисод ва рушди сиёсати фарҳангии Тоҷикистони нақши калидӣ дорад. Мафҳуми ваҳдат ва ваҳдати миллӣ на танҳо як механизми ғоявии сиёсӣ, балки як қувва ва ё низоми фарогири иттиҳодии мардумиест, ки ҷомеаро новобаста аз фарқиятҳои қавмию маҳаллӣ ва динию мазҳабӣ аз рӯйи усулҳои босалоҳияти иҷтимоӣ ба ҳам оварда, ормони онҳоро бароварда месозад. Бо ҳастии чунин иқтидор, саволе ба миён меояд, ки мафҳуми ваҳдат чист ва он ҳамчун мақулаи илмӣ чиро ифода мекунад? Маънои луғавии калимаи ваҳдат – ягонагӣ, иттиҳод, баҳамойӣ ва муттаҳидӣ буда, ҳамчун истилоҳи илмӣ ба ҳам омадан, иттифоқ будан, дӯсту бародар будан ва амну оромиро ифода мекунад. Аммо дар қисмати мақулавӣ – ваҳдати миллӣ доманаи фарох касб намуда, равандест, ки такягоҳи бунёдии тамоми самтҳои боафзалияти ҷомеа эътироф гардида, ҳамчун ҳамбастагӣ ва якдилии мардуми як кишвар барои пешрафти ҷомеа бо ҳадафҳои муштарак, иттиҳоду созандагӣ асоси он дониста мешавад. Пас, зарурат пеш меояд, ки ҳамоҳангӣ дар пиндору кирдори мардум якнавохт бошад, дар ин сурат, «тамоми рўйи замин саршори некуї мегардад, агар мардум дар роњи расидан ба хушбахтї кумаки худро аз якдигар дареѓ надоранд».
Дар ин замина, метавон гуфт, ки инсоният аз рӯзҳои аввали зиндагонӣ хостори осоиштагию оромӣ буд ва барои ба низоми муайян даровардани иҷрои ин мафҳумҳо талош мекард, то авроқи сафеди таърихро бо ғояҳои созанда рангоранг намуда, ҳаёти маиширо мураттаб созад. Агар воқеъбинона ба таърихи ташаккули тафаккури башарият назар кунем, дар маҷмуъ, маълум мегардад, ки на як халқияту миллат, балки тамоми инсоният дар давраҳои таърихӣ зиндагии оромро бидуни таҷовузҳои дохилии таҳмилӣ ва хориҷиро орзу мекард. Ин оҳанги созиш воқеияти иҷтимоӣ буда, барои шинохт ва ошкор кардани решаҳои жарфтари ваҳдату иттиҳод дар байни ҷамъиятҳои бостонӣ марҳилаҳои таърихиро асос дониста, ба таври умумӣ андешаҳои устуравӣ ва тасаввуроти ҳастии инсониятро объективона инъикос менамояд. Аз ин ҷост, ки ҳамаи инсонҳо дар давраҳои таърихӣ муҳаббат, садоқат ва бародариро хостор буда, ваҳдату иттиҳод шиори зиндагии дурусти онҳо мебошад. Вале иҷрои амалияи ин мафҳумҳо дар байни онҳо якнавохт набуд ва нахоҳад шуд. Ҳар яке аз онҳо ин раванди таърихиро дар ҳадди тавони зеҳнӣ ва ҷасорати ҷисмонӣ иҷро намудаанд…
Дар байни ин тамаддунҳои бостонӣ ориёиҳо бо доштани таърихи ҳазорсолаҳо арзишҳои инсонӣ, ахлоқӣ ва фалсафиро ташаккул дода, меҳвари тамаддуни онҳоро мафҳуми ваҳдату иттиҳод ва суботи иҷтимоию якдигарфаҳмӣ ташкил дода, ба пойдории давлатдории пуриқтидорашон дар рушди ваҳдату созандагии башар нақши муассир гузоштаанд. Аз рӯйи маълумоти сарчашмаҳои таърихӣ дар ҷомеаҳои ормонии ориёӣ ваҳдат на танҳо созиши ба ҳам омадан ва сиёсати идорӣ, балки руҳияи созандаи маънавӣ буда, дар равиши иҷтимоиёти мардумон таъминкунандаи осоиштагии фарогир дониста мешавад ва ҳамзамон, ба хотири бедории маънавиёт дар ин самт, дину фарҳанг, ҳикмату забон ва низоми иҷтимоиёт бевосита ташаккулёбандаанд.
Бо ҳастӣ ва рушди ваҳдату суботи сартосарӣ, забон, урфу одат, анъана ва ҷашнҳои миллӣ – Наврӯз, Сада, Меҳргон ва Тиргон ба таври фавқулода густариш ёфта, агар ин равиши таърихӣ аз як сӯ ба эҳё ва такмили суннатҳои мардумӣ нигаронида шавад, аз сӯйи дигар, метавонад ҳамчун омили муттаҳидкунанда қишрҳои ҷомеаро ба воситаи арзишҳои фарҳангии миллӣ ба ҳам оварад. Ҳамчунин, бунёди пояи устувори давлатҳо ва бақои ҷомеаҳои ориёиро ваҳдату ваҳдатофаринии арзишҳои накуи ахлоқӣ – ростқавлию иродатмандӣ, порсоию накупиндорӣ, садоқату адолатпешагӣ, даркушоию арҷгузорӣ ва ғайра ташкил медиҳанд. Аз ин бар меояд, ки муҳимтарин рукни пойдорӣ ва густариши тамаддуни ориёиро бе ваҳдати фарҳангӣ ва хосатан, ваҳдати забонӣ тасаввур кардан имконнопазир аст.
Забони фасеҳи ориёӣ дар давраҳои таърихӣ, на танҳо воситаи алоқаи байни одамон, балки василаи интиқоли дониш, маърифат, фарҳанг, сиёсат, иқтисод ва ба таври умум, шиносоии арзишҳои ҳувиятсози миллӣ ба ҳисоб рафта, таҳкими забон ҳамчун воситаи асосии интиқоли худшиносӣ ва шинохти ҷаҳон, маншаи аркони иттиҳодияҳо дониста мешавад. Чунонки дар ин самт Бозор Собир қайд мекунад:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст,
То забон дорад ватандор аст ӯ,
То забондор аст бисёр аст ӯ.
Аз ин гуфтаҳо воқеан ба натиҷа расидан мумкин аст, ки дар доманаи пур аз моҷароҳои таърихӣ забони мо бузургтарин воситаи ҳувиятсоз ва муҳимтарин шарти бунёдии ваҳдату иттиҳод дониста мешавад. Агарчи камбуду норасоиҳо ва фишорҳо вуҷуд доштанд, аммо ин неру тавонист ҳамбастагиро таъмин намуда, боиси побарҷо мондани мардумони шарафманди ориёнажод гардад. Ин равиш шаҳодати он аст, ки ваҳдат дар ин марҳилаҳои таърихӣ на танҳо воситаи муҳофизату муқовимат, балки ҳамчун маънавиёт мафкурае буд, ки низоми ҷомеаро бо вуҷуди иттиҳод, устувор ва густариш додааст.
Бо ҳастии чунин иқтидор ваҳдати миллии миллати куҳантамаддуни тоҷик аз жарфнои таърих маншаъ гирифта, пешиниёнаш пайваста парчами озодиро дар муқобили муборизаҳои беамони золимони таърих барафрохта, на танҳо худ, балки тамоми башариятро ба озодию субот ва зиндагии шоиста раҳнамоӣ кардаанд. Агар ин як самти ваҳдатофарии ориёиҳо дониста шавад, дар самти дигар, эълони «Эъломияи ҳуқуқи башар» аз ҷониби Куруши бузург, хирадгустарии Шопури 1 дар давлати Сосониён ва бузургтарин намоди ваҳдатофарӣ дар давлати Сомониён ба назар мерасад, ки ҷомеаро пайваста ба ҳамдигарфаҳмию худшиносӣ ташвиқ намуда, ҳимояти арзишҳои фарҳангиро асос дониста, пайваста муборизаҳои хастанопазирро бар зидди аҷнабиёни истибдодгар равона мекард. Низоми салтанати Сомониён то кунун барои миллати тоҷик намунае аз озодманишӣ ва сулҳхоҳию ватандорӣ ба ҳисоб рафта, дар даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон такягоҳи арзишҳои зеҳнӣ дониста мешавад. Ҷойгоҳи ин раванди муҳимми таърихӣ дар шароити имрӯз хеле арзишманд буда, вобаста ба ин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми шарифи Тоҷикситон муроҷиат намуда, мегӯяд: «Ваҳдати миллӣ ва таҷрибаи сулҳофаринии тоҷикон, аз ҷумлаи сабақҳои басо арзишмандест, ки ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар сатҳи ҷаҳонӣ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Он барои амалӣ гардидани ормонҳои халқамон, ки бо қалби пур аз умед интизори сулҳу оромӣ ва дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ буданд, заминаи воқеӣ гузошт».
Аз ин иқтибос ба натиҷа расидан мумкин аст, ки тоҷикон дар тули таърих тамаддунофару фарҳанггустар буда, ҳеҷ гоҳ сӯйи кишваре чашм ало накарда, ҳатто, бар зидди таҷовузкорону бадхоҳон муборизаҳои беамон бурдаанд. Бо заковати дошта, ҷасоратро дар тинати мардум ҷо намуда, бедорию ҳушмандиро ба онҳо омӯхта, ҳамзамон, омилҳои тафриқаандозиро аз онҳо дур намуда, дар давоми ин ҳазорсолаҳо ҷомеаро бо шиори раияти адолатхоҳ сарҷамъ нигоҳ доштаанд.
Ин низоми идории инсонмеҳвар буд, ки ваҳдатро дар ҷавҳари мардум ҷо намуд ва ба ин васила, таърих, забон ва фарҳангро ҳифозат намуда, ормонҳои миллиро на ҳамчун устура, балки асоси бақои миллат ва заминаи ташаккулёбии тафаккури сиёсӣ-фарҳангӣ равнақ бахшид.
Ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ. Миллати тоҷик аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ин арзиши олиро дар ганҷури қалб ҷо намуда, онро намоде аз саодат, шинохти асолат, шарафи ватандории побарҷо ва бақои давлати инсонмеҳвар дониста, дар замири ин мафҳум ғояҳои ватандӯстӣ ва созандагиро ба ояндаи дурахшони ҷавонони хуштолеъ тақвият мебахшад. Хушбахтона, имсол дар фазои осоиштагии кишвари маҳбубамон 35 – солагии истиқлоли давлатиро ҷашн мегирем, ки он арзишмандтарин дастоварди таърихии миллати фарҳангсолорамон ба ҳисоб меравад. Дар шароити ниҳоят вазнини барқарории истиқлоли давлатӣ эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ аз бақо ва нуфузи ваҳдату ягонагии халқ дарак медиҳад ва ин ду дастоварди нодир ба ҳайси олитарин анъанаи аҷдодӣ чун гавҳараки чашм ҳифз карда мешаванд.
То ин замон мафҳуми истиқлол ва ваҳдат дар мафкураи миллати тоҷик ва низоми давлатдории онҳо вуҷуд дошт, аммо ин падида ё худ зуҳуроти иҷтимоӣ дар давраи навини ба даст овардани истиқлоли тоҷикон бевосита ба таври табиӣ ба даст наомадаанд. Барои расидан ба мустақилият ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвари мо нақши Пешвои муаззами миллат хеле бориз аст. «Ӯ қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз руҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд».
Истиқлоли комили фарҳангӣ боис гардид, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун омили ягонагӣ ва иттиҳод ба рушди созандагӣ ва ҷаҳонбинии илмӣ дар рушди андешаи миллӣ саҳмгузор бошад ва бо тантанаҳои хоса ҳамасола таҷлил карда шавад. Албатта, ин рӯзҳои таърихӣ бо низомҳо ва равишҳои хосашон нооромиҳои сиёсиро хотима бахшида, бо вуҷуди истиқрори сулҳ ва ризояти миллии сартосарӣ, ки асоси онро музокироти ваҳдатхоҳӣ ташкил медиҳад, дар самти ба ҳадафҳои стратегӣ расидан роҳи ҳамвору васеъро кушоданд. Имрӯзҳо боиси хушнудӣ ва сарфарозӣ аст, ки дар ватани биҳиштосои мо ваҳдати миллӣ болотар аз ҳама манфиатҳо қарор гирифта, ҳамчун арзиши олии ватандорӣ арҷгузорӣ мешавад ва дар баробари истиқлоли комили фарҳангӣ ба суботи ҷомеа, сарҷамъӣ ва амнияти сарзамини аҷдодӣ тараннуми тоза зам менамояд.
Сарзамини ҳамешабаҳори тоҷикон – Тоҷикистон, имрӯз ба давлатҳои Афғонистон, Чин, Қирғизистон ва Узбекистон ҳамсарҳад буда, аз лиҳози геополитикӣ дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир шудааст ва бо иқтидори моддию маънавии худ гаҳвораи фарҳангу тамаддуни ориёӣ ва фаротар аз он, дониста мешавад. Истиқлоли сиёсӣ ва ваҳдати сартосарӣ, ки сарчашмаи асосии онро тамаддуни куҳан ташкил медиҳад, барои ҳимоят ва рафъи таъсиргузориҳо ва таҷовузҳои давлатҳои абарқудрат тавассути сарчашмаҳои моддию маънавӣ садҳои ҳақиқӣ эҷод намуда, дар асоси арзишҳои идеологӣ ва манфиатҳои сиёсӣ бо масъалагузориҳо ва далеловариҳои илмӣ девораи арзишҳои худиро ҳифз ва ҳамзамон, ба рушди давлати тозаистиқлол қадами нав зам менамояд. Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, рушду тараққиёти ҳаёти осоиштаи ҷомеа ба он марбут буда, таъминкунанда ва ташаккулдиҳандаи арзишҳои миллӣ дониста мешавад, чунонки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд: «Ваҳдати миллӣ, ба яке аз арзишҳои волои ҷомеаи мо табдил ёфта, барои мардуми шарифи Тоҷикистон қадру қимати баланд дорад».
Аз арзёбиҳое, ки зикрашон рафт, метавон ба ин натиҷа расид, ки Ваҳдати миллӣ нишона аз саодатмандӣ ва ҳикмати ватандорию сулҳофаринӣ буда, дар он таҳаммулпазирию истиқлоли зеҳнии миллати тоҷик ҳамвора ташаккул ёфта, низоми сиёсати дохилию хориҷӣ дар амалияи татбиқӣ густариш меёбад. Маҳз, ҳамин истиқлол аст, ки ба воситаи он пойдории ваҳдати миллӣ устувор ва бо афкори накуи созанда, ақлу сиришти бунёдкорона дар ҷавҳари наслҳо тарғиби меҳнатдӯстӣ, худогоҳию худшиносӣ, қадршиносии сарзамин ва арҷгузории фарҳанги ниёгонро эҳё намуда, дар ташаккули зеҳну шуури ҷавонони ояндасоз нақши калидӣ дорад.
Дар ин марҳилаи рушд кишвари азизи мо – Тоҷикистон ба дастовардҳои бузурги дохилию хориҷӣ сазовар гардида, бо ташаббусҳои намунавии пайваста на танҳо дар дохил, балки берун аз он – дар сатҳи байналмилалӣ соҳибэҳтиром гаштааст. Ин ҳама муваффақиятҳо бо шарофати истиқлол ба вуҷуд омада, мақому манзалати куҳанбунёдии миллати тоҷикро дубора ҳимоят ва тақвият мебахшанд. Албатта, дар ин самт хизматҳои фарзонафарзандони миллати тоҷик, хусусан, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле боризу назаррас буда, ӯ бо фитрати фавқулода, воқеан, ҳамчун меъмори муваффақ тавонист, ки миллати тоҷикро аз парокандагию парешонӣ ба иттиҳоду якдилӣ оварда, парчами болфишони ваҳдату ваҳдониятро чунонки мегӯяд: «ман ҷонибдори давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ ҳастам. Ин мақсаду мароми аксарияти аҳолии ҷумҳурӣ мебошад. Ин роҳи ягонаи мост ва мо ҳеҷ вақт аз ин роҳ барнамегардем», бо ормонҳои халқ мувофиқ созад.
Имрӯз вақти он расидааст, ки ҳар яки мо ин ҷоннисорию қурбон шуданҳоро ба назар гирифта, худро дар пеши виҷдон ва ватани азизамон ҳадафмандона вазифадор намоем, ки бо дилу нияти пок ва пиндору кирдори шоиста ба ин сарзамини аҷдодӣ, ки онро Тоҷикистон ном аст, содиқона хидмат намуда, манфиатҳои миллату давлатро дар мадди аввал гузошта, ватандӯстиву ҳамдигарфаҳмиро дар иҷрои амалияи зеҳнии ҳаррӯза татбиқ намоем, то истиқлолияту ваҳдати миллӣ барои наслҳои оянда самараҳои бештару фаровонтар ба бор оваранд.
Агар чунин аст, яқин дорем, ки ҷавонони бонангу ор ва ғаюру далери ин сарзамин ин анъанаро давом дода, дар заминаи истиқлолият ва ваҳдати миллӣ нусрату шони ин Ватанро то ҳадди ниҳоӣ тақвият дода, то он дараҷае кӯшиш хоҳанд кард, ки ҳар ки дарси ваҳдатхонӣ кунад, худро мукаллаф донад, ки дурустии ин дарсро дар сатрҳои дафтари ваҳдати мо биёбад. Чун чунин шуду ин заҳматҳо муфиду пурсамар шуд, он гоҳ руҳияи бедори ин Ватан ва ин миллат аз мо розӣ ва ҳамсафи ояндагон хоҳад монд.
Ваҳдати миллӣ ва маориф. Маърифат ва маорифи миллиро бе ваҳдати миллӣ тассавур кардан ғайриимкон аст. Баъд аз он ки Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расид, дар ин самт марҳилаи нави таърихӣ ба вуҷуд омада, низоми босалоҳият дар тамоми соҳаҳо, хусусан, соҳаи маориф бо дигаргуниҳои куллӣ ба миён омада, маҳз, ҳамин афзалиятнокии доимии соҳаи маориф, дастгирии обрӯву эътибори меҳнати пурмашаққати эҷодӣ, бояд принсипи муҳим ва доимии инкишофи ҷамъият бошад». Албатта, ин равиш бо масъулиятшиносӣ дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ бо қадамҳои мустаҳкам заминагузорӣ ва ҳамзамон, бо тарҳрезии барномаҳои нав ба нав ташаккул ёфта истодааст. Агар ба ин раванд объективона назар кунем, намоён аст, ки Пешвои муаззами миллат дар суханрониҳои худ пайваста ҳадаф ва вазифаҳои соҳаи маорифро дар мадди аввал гузошта, ин самти бунёдиро такягоҳ, асоси ҳастӣ ва рушди давлатдории миллӣ дониста қайд мекунад: “Воқеан, дар самти ба даст овардани ваҳдати миллӣ саҳми маориф бештар аз пештар меафзояд, чунки он ба воситаи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ рисолати эҷоди заминаҳои рушди иқтисодию иҷтимоиро бар дӯш дорад».
Ҳамин аст, ки аз нигоҳи ӯ ваҳдат на танҳо такягоҳи истиқлоли сиёсӣ ва таҳаввулоти иҷтимоӣ, балки низоми давлатсозию давлатдорие аст, ки дар ин замина, сутунҳои маориф мустаҳкам ва саноати иқтисодӣ батадриҷ густариш меёбад.
Мусаллам аст, ки бо устуворӣ ва тавсеаи маориф тағйирот ва табаддулоти соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ, фарҳангию илмӣ ва ғайра рушд мекунанд, аммо бояд дар назар дошт, ки дар фаъолиятҳо мушоракати ҳамдигар муваффақона бояд анҷом дода шавад, то ки самараи ваҳдати миллӣ ошкор ва корҳои оянда ба манфиат анҷом пазиранд. Вобаста ба масоили зикргашта, имрӯз сиёсати аксари кишварҳо дар рушди низоми маориф танҳо вобаста ба ҷустуҷӯйи роҳҳои додани дониш маҳдуд нагашта, балки дарёфти роҳҳои истифодаи амалии ин донишҳоро муҳим мешуморанд.
Дар шароити кунунӣ, ки дар зери дарахти ваҳдати миллӣ ва маорифи фарогири пурсамар бо хушнудӣ умр ба сар мебарем, зарур аст, ки аз ин осоиштагии ҷомеа, пешрафти иқтисоду иҷтимоиёт ва дастрасӣ ба таҳсили дилхоҳ мактабу донишгоҳ чи дар дохил ва ё чи дар хориҷи кишвар сарфарозӣ намуда, ин ҳолати оромӣ ва суботи сиёсиро мояи ифтихори худ ва миллати тоҷик донем, зеро ғояи ваҳдати миллӣ дар як марҳилаи муҳимми таърихӣ ҳамчун омили муттаҳидкунандаи ҷомеаи мо хизмати бузургу арзандаро анҷом дод».
Маҳз, ҳамин иттиҳоду ваҳдат аст, ки низоми маорифи кишвар аз вартаи таъсиргузориҳо ва хатарафзоиҳо наҷот ёфта, ба марҳилаи нави омӯзишҳои худӣ рӯ оварда, хушбахтона, марҳила ба марҳила пояҳои мактаби миллӣ устувор ва доманаи масъалагузориҳои соҳавии он густарда гардидааст.
Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз ҷанги шаҳрвандӣ иқтисодиёти мамлакат аз ҳадди таназзул то завол рафта, иҷрои корҳои соҳаи маориф дар баъзе минтақаҳо танҳо шаклан амалӣ карда мешуд. Ин раванд то он дараҷае коста гардида буд, ки на танҳо мактабу муассисаҳо харобу қисмате аз онҳо тасарруфи афроди мусаллаҳ гардида буданд ва омӯзгорон аз лиҳози паст будани шароит ба муҳоҷират рӯ оварда буданд, балки дар баъзе манотиқи ҷангзада умед аз фардои дурахшону зиндагии шоиста қатъ шуда буд. Яъне, ҳар нафаре пасомади ин буҳронро бо агару магар танҳо барои зинда мондан хушбахтӣ медонист, ҳеҷ умеду орзу ва ормоне ба ояндаи дурахшон надошт. Бо амри тақдир ва заҳматҳои содиқонаю софдилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 27-уми июни соли 1997 Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ ба имзо расида, маҳз, аз ҳамон лаҳза равзанаи умед, боварӣ ба фардо ва маориф боз шуда, бо истифодаи дурусти имкониятҳо дар заминаи ваҳдати миллӣ таваҷҷуҳи махсус ба ин самт равона шуда, таъмиру тармими муассисаҳои фарсудашуда ва бунёди мактабҳо дар саросари кишвар оғоз гардид. Дар марҳилаи дуюми созандагиҳо таваҷҷуҳ ба сохтани синфхонаҳои компютерӣ, китобхонаҳо, толорҳои варзишӣ ва марказҳои омӯзишӣ равона шуда, ба ҳамин равиши бесобиқаи рушдкунанда маорифи кишвар мавқеи дохилӣ ва байналмилалиашро бо доштани пояҳои зарҳалии маънавиёт устувор намуд.
Дуруст аст, ки сазовор шудани толибилмону донишҷӯён дар озмуну олимпиадаҳо нишонаи рушди мактабу маориф аст, вале аз ин фаротар ҳамагон шоҳидем, ки дар ҷумҳурӣ муддати чанд соли охир озмунҳои ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат», «Тоҷикистон ватани азизи ман» «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Шоҳномахонӣ» ва «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» баргузор гардида, маҳз ба хотири посдории тамаддуни куҳан, рушди илм, ояндаи дурахшони ҷавонон ва густариши стратегияҳои миллӣ аввалин маротиба дар Тоҷикистон «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мақоми омӯзгор» барои мақом, ҳифзи ҳуқуқ, кафолатҳои иҷтимоӣ ва таъмини иҷрои самараноки уҳдадориҳо танзим намуда, қабул ва дар амалияи иҷтимоӣ роҳандозӣ карда шудаанд. Ин илмдӯстию илмпешагӣ нишона аз суботи бесобиқаи сиёсӣ ва дарки ҳамаҷонибаи Ваҳдати миллӣ буда, моро талқин месозад, ки маорифро на танҳо омӯзиш, балки тарбият ва ташаккулдиҳандаи тафаккури насли худогоҳ, ватандӯст ва бофарҳанг шуморем ва сарчашмаи роҳи ростину ояндаи созандаю бунёдкоронаи рақобатпазири бозорҳои байналмилалиро дар равиши ин маҷро муҷалло бинем.
Ваҳдати миллӣ такягоҳи бунёдии давлатдории миллӣ. Аз таърихи давлатдориҳо ва тамаддунофариҳо бармеояд, ки ваҳдати миллӣ ҳастӣ ва рушди миллат буда, мактаби давлатдории миллӣ, такягоҳ ва низоми давлатдории сиёсӣ асоси он ба шумор меравад. Истилоҳи давлатдорӣ имкон медиҳад, ки давлатро аз нуқтаи назари пайванди ногусастании он бо ҷамъият баррасӣ намоем». Аз ин ҷост, ки ваҳдати миллӣ ҳамчун падидаи сиёсӣ дар рушди муносибатҳои миллию байналмилалӣ нақши бориз касб намуда, бақои миллат ва дурнамои давлати миллӣ ба он вобастагии зич дорад. Аз ин рӯ, метавон ин ҳаракати миллиро сарчашмаи бунёдии афкори сиёсии Тоҷикистон ва унсури асосии мафкураи миллӣ дониста, таҳкиму такмил ва тақвияти давлатдории миллиро ба он марбут донем. Дар он сурат, маҷрои давлат рӯ ба беҳбудӣ меорад ва мардумро раҳнамун месозад, то ба соҳили мурод бирасанд».
Дар шароити ноором ва номутаносиби ҷаҳони муосир, ки ваҳдати миллӣ нишона аз озодӣ ва сулҳ тоҷиконро дар арсаи ҷаҳонӣ бо доштани тамуддуни куҳан, давлати демократӣ-ҳуқуқбунёди пешрафта муаррифӣ намуда, ҳамзамон, дар зеҳну шуури миллат эҳё ва рушди давлатдориро дар тақвияти ғояҳои худшиносию худогоҳӣ ба масъалагузориҳои илмии иҷтимоӣ-сиёсӣ роҳандозӣ менамояд ва зинанизоми афкори давлатдории миллиро устувортар мегардонад.
Агар ба қоидаҳои мантиқӣ такя намоем, пурсиш пайдо мешавад, ки ин устувории давлатдории миллӣ бо кадом роҳу воситаҳои сарчашмагиранда аз ваҳдати миллӣ ба даст оварда мешаванд? Дар ин қисмат посух ба фалсафаи сиёсат нигаронида мешавад, ки аз рӯйи принсипҳои он ваҳдати миллӣ тавассути унсурҳои таркибии – манфиатҳои ҳаётан муҳим, манфиатҳои миллӣ ва арзишҳои меҳварии тамаддун низоми стратегияи давлатдориро бо хусусиятҳои миллӣ ташаккул дода, ҷойгоҳ ва нақши онро тавсеа мебахшад.
Албатта, роҳи ҳалли масъалагузориҳои мусолиҳатомез осон нест, хусусан, дар замони даргириҳо, барои ба ин равиш пурра мусаллат шудан ирода ва хостаҳои тарафайнро бо меъёрҳои қиёсӣ дуруст санҷид ва натиҷаи манфиатборро пешниҳод намуд, то матолиби пурмаҳсул роҳи ҳамвортареро созиш диҳад. Аз рӯйи чунин баррасиҳои мусолиҳатомезу манфиатбор ваҳдати миллӣ, аз як сӯ, ҳамчун ҳаракати миллӣ метавонад давлатро аз тамоюлот ва бархурди андешаҳои сиёсӣ нигоҳ дорад ва барои ҳимояи ормонҳои тамаддунофар, ки ба хотири ҳастӣ ва рушди онҳо муборизаҳои мафкуравӣ ба вуҷуд омадаанд, заминаҳои муқовиматкунандаро фароҳам оварда, аз сӯйи дигар, тавассути иттиҳоду ягонагӣ ҷомеаро бо дурнамои барномаҳои алтернативӣ дилгарм созад. Агар чунин аст, мо метавонем вазифаи ваҳдати миллӣ ва давлатдории миллиро бо натиҷаҳои мусбат хушбин бошем ва рисолати таърихии миллати куҳанбунёдро дуруст ва анҷомёфта ҳисобем. Аз рӯйи ҳамин принсипҳо шаклгирии тафаккури давлатӣ ҳамчун зарурати ҳастии аз қувва ба феъл гароишёфтаи мафкураи миллӣ арзиши олии давлатдории миллӣ дар заминаи ваҳдати миллӣ густариш бахшида, ҳар лаҳза тавлидгари иқтидорҳои зеҳнии нав мегардад.
Хулоса, аз замонҳои қадим мардуми ориёӣ ба ваҳдат ва ваҳдатофаринӣ таваҷҷуҳи хоса намуда, онро ҳамчун василаи баҳамомаданҳо, созишҳо ва ояндабиниҳои илмӣ эътироф намуда, ҳамзамон, фаъолиятҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва қонунгузории худро ба ин восита баррасӣ менамуданд.
Бо рушду ташаккули тафаккури инсоният мафҳуми ваҳдат аҳаммияти нав касб намуда, ваҳдати миллӣ барои таъмини сулҳ, субот, таҳкими ҳувияти миллӣ, тақвияти худшиносии миллӣ роҳҳои наву мувофиқро кушода, чунин арзишҳоро ба вуҷуд овардааст:
– ваҳдат ҳамчун мероси таърихӣ-фарҳангии тамаддуни ориёӣ барои ба арзиши маънавӣ расидан пояи устувори ҷомеаро муназзам менамояд;
– ваҳдати миллӣ анъана ва ҷашну маросимҳоро на танҳо эҳё намуд, балки ташаккулу қонунмандии онҳоро асос гузошт;
– ваҳдат бо забон ду боли як пайкарро такмилдиҳанда буда, асоси ҳастии арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ дониста мешавад;
– низоми ташаккули ҳар давраи таърихии ориёиҳо ба ваҳдат марбут буда, маҳз, дар ҳамин замина, густариши он дар назар дониста мешавад;
– ваҳдати миллӣ ва истиқлоли сиёсӣ дар заминаи истиқлол ба вуҷуд омада, на танҳо муттаҳидкунандаи қишрҳои ҷомеа ва таҳкимдиҳандаи низоми сиёсӣ эътироф мешаванд, балки ҳамчун фароҳамоварандаи заминаҳои илмӣ-иҷтимоӣ барои андеша ва мафкураи миллӣ дониста мешаванд;
– ҷойгоҳи Пешвои миллат дар таҳкими ваҳдати миллӣ асос буда, нақши сиёсии ӯ ҳамчун улгуи дастовардҳои миллӣ дар созандагию ободкории ҷавонони ояндасоз боризу назаррас аст;
– агар низоми хулосаҳои сиёсӣ мутааллиқи ваҳдати миллӣ ва афкори созандагӣ дар руҳияи бедорӣ тақвият ёбанд, ормонҳои ояндасоз ҷавононро ҳамқадаманд;
– ваҳдати миллӣ бозсози маориф ва муттакои низоми маорифи миллӣ эътироф мешавад;
– дар заминаи созандагиҳои маорифи миллӣ таҷлилу баргузориҳои озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор гардида, таҳия ва дар амал татбиқ намудани қонунҳои миллӣ танҳо ба хотири самараи маориф аст;
– ваҳдати миллӣ ҳамчун такягоҳи давлатдории миллӣ эътироф шуда, бевосита рушди низоми мафкурасозиҳои оянда дар ҳамин замина бунёд мегардад.
Дар маҷмуъ, ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи маънавӣ, сиёсӣ ва иҷтимоии давлатдории миллӣ дар замири миллати тоҷик ҷавоҳири нуҳуфтаро бедор, эҳё ва чун марворидҳои нодири давобахш ба илоҷи норасоиҳо мавриди истифода қарор дода, асоси методологияҳои дуруст ва низомҳои босалоҳияти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ дониста мешавад.
Сулаймонзода Баҳманёр Саидиҳсон, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.