ТОҶИКИСТОН ВА РОҲИ БУЗУРГИ СУЛҲ: АЗ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ҶАҲОНӢ

Лаҳзае фаро расид, ки дер боз интизораш будам, зеро он орзуҳои солҳои душвори ҷавониимаро бори дигар дар зеҳнам зинда кард. Ҳамеша дар дил чунин орзу доштам ва ба худ мегуфтам: «Эй кош шахсияте пайдо шавад, ки ба ин ҷангҳои хонумонсӯз хотима бахшад».

Ин андешаҳо махсусан дар солҳои донишҷӯии ман, замоне ки дар курси панҷуми Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон таҳсил мекардам, ором намегузошт. Соли 1993 буд. Он рӯзҳои сангинро то имрӯз хуб дар ёд дорам. Шояд ҳамсабақонам вазъиятро ҳар кадом ба таври худ дарк мекарданд, аммо дар назари ман гӯё дунё ранги сиёҳ гирифта буд. Ҳамон солҳо бори аввал амиқан дарк кардам, ки сулҳу субот барои ҳар миллат то чӣ андоза арзиши бузург доштааст.

Яке аз нахустин орзуҳои ҳамон давраи ман баъди баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷомаи амал пӯшид, замоне ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олии ҶумҳурииТоҷикистон интихоб гардиданд. Он рӯз ман бори аввал эҳсос кардам, ки миллати мо роҳи наҷот, ваҳдат ва сулҳу суботро пайдо кардааст.

Ин рӯйдоди таърихӣ на танҳо барои ман, балки барои тамоми мардуми Тоҷикистон оғози марҳилаи нави зиндагӣ гардид. Миллате, ки аз ҷанги шаҳрвандӣ ва нооромиҳои сиёсӣ ранҷ мебурд, тадриҷан ба роҳи сулҳу ваҳдат, созандагӣ ва эҳёи давлатдорӣ қадам гузошт. Хусусан барои ҷавонон ин давра имконият фароҳам овард, ки дар фазои орому осуда таҳсил намоянд, илм омӯзанд, ҷаҳонбинии худро васеъ гардонанд ва ҳамчун насли ояндасоз дар рушди ҷомеа саҳми арзандаи худро гузоранд.

Имрӯз бошад, баъд аз гузашти солҳо, бо ҳисси ифтихор метавон гуфт, ки орзуҳои ҳамон насл бавоқеият табдил ёфт. Бегоҳии 25 июн Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид таҳти пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъномаи муҳимро зери унвони «Даҳсолаи байналмилалиит таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» қабул намуд. Ин иқдоми сатҳи баланд бори дигар собит сохт, ки Тоҷикистон имрӯз аз давлати ниёзманд ба кишвари ташаббускор ва таблиғгари фарҳанги сулҳ дар арсаи байналмилалӣ табдил ёфтааст.

Аҳамияти ин қатънома пеш аз ҳама дар он ифода меёбад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯз зарурати таҳкими сулҳро ҳамчун омили асосии таъминизиндагии шоиста барои наслҳои оянда эътироф менамояд. Барои ҷавонони Тоҷикистон ин ҳуҷҷати муҳим бояд ҳамчун дарси бузурги таърихӣ хизмат намояд, зеро насли имрӯз бояд хуб дарк кунад, ки рушду пешрафт, илму маориф, технология ват амоми дастовардҳои ҷомеаи муосир танҳо дар шароити сулҳу субот имконпазир мебошанд.

Ҳоҷатов Бахтиёр, мудири кафедраи забоншиносии умумӣ.