9 июни соли 2026 дар Литсейи Умари Хайёми шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе натиҷагирӣ ва ҷамъбаст гардид. Дар озмуни даври ноҳиявӣ кормандону донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ва хонандагони “Гимназия” – и назди Донишгоҳ аз ҳама номинатсияи он фаъолона иштирок карда, соҳиби 7 ҷойи аввал, дуюм ва сеюм шуда, ба даври шаҳрии озмун роҳ ёфтанд.
Мавриди зикру ифтихор аст, ки дар давраи ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” дастаи Донишгоҳ иштирок ва ғолибиятро аз рӯйи чор номинатсияи он ба даст оварда, бо ишғоли 7 ҷойи ва 4 ҷойи ифтихорӣ аз рӯйи ҳамаи номинатсия миёни донишҷӯёну кормандони касбу кори гуногун ва хонандагон Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода сазовори ҷойи намоён гардид.
- Каримов Самариддин, омӯзгори кафедраи назария ва амалияи забоншиносӣ, миёни намояндагони касбу кори гуногун аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, сазовори ҷойи 1 – ум;
- Саидмуминова Сафина, омӯзгори кафедраи забонҳои Шарқ, миёни кормандони касбу кори гуногун аз рӯй номинатсияи “Адабиёти классикии тоҷик”, сазовори ҷойи 3 – юм;
- Низомова Фарида донишҷӯйи курси сеюм, аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти муосири тоҷик” сазовори ҷойи 1 – ум;
- Абдуллоева Шаҳло, донишҷӯйи курси якум, аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, сазовори ҷойи 2 – юм;
- Абдураҳмонова Шабнам, донишҷӯйи курси дуюм аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 2 – юм;
- Мирзоева Шоира, донишҷӯйи курси сеюм аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 3 – юм;
- Давлатова Фотима, хонандаи синфи 6 – и “Гимназия” – и назди Донишгоҳ аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон” сазовори ҷойи 2 – юм гардиданд.
Ҳамчунин:
- Бегмуродова Салима, донишҷӯйи соли аввал аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ”, сазовори ҷойи ифтихорӣ;
- Иброҳимова Маҳваш, соли аввал аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик”, сазовори ҷойи ифтихорӣ;
- Самиева Норбибӣ, соли дуюм аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти классики тоҷик”, сазовори ҷойи ифтихорӣ;
- Саидов Анис. соли сеюм аз рӯйи номинатсияи “Адабиёти ҷаҳон”, сазовори ҷойи ифтихорӣ, гардиданд.
Ғолибони даври дуюми озмун – кормандону донишҷӯён ва хонандагони “Гимназия” – и назди Донишгоҳро зарур аст, ки барои ширкат дар марҳилаҳои минбаъдаи он омодагии ҷиддӣ дида, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ шаванд.







