ШИРКАТИ ҲАЙАТИ ДОНИШГОҲ ДАР ФЕСТИВАЛИ ФУТБОЛ

25 май — Рӯзи ҷаҳонии футбол, ҷашни варзише мебошад, ки дилҳои миллионҳо инсонро дар саросари ҷаҳон ба ҳам мепайвандад. Маҳз бо пешниҳоди Президенти Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA) ва Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид 25 май ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон гардид.
Имрӯз дар варзишгоҳии марказии шаҳри Душанбе ҳайати кормандону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дар Фестивали футбол бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии футбол ширкат намуданд.
Бояд тазаккур дод, ин иқдоми муҳимми Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Созмони Милали Муттаҳид, бозгӯи нақши бузурги футбол дар таҳкими дӯстӣ, сулҳ ва ҳамбастагии мардумони ҷаҳон мебошад.