Дар фазои тантанавию идонаи Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода бахши навбатии озмунҳои донишгоҳии «Чакомаи гесу» ва «Донишҷӯдухтари ҳунарманди сол» бо шукуҳу шаҳомати хос баргузор гардид. Чорабинӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда, дар он ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Хуршеда Гулаҳмадзода, ҳунармандони маъруф Бунафша Муқимова ва Ҷумахони Расул, омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Масъули навбатии озмун факултети тарҷумонии забони англисӣ маҳсуб меёфт. Озмуни мазкур ба саҳнаи муаррифии ҳунар, фарҳанг ва зебоишиносии миллӣ табдил ёфт. Донишҷӯдухтарон бо либосҳои миллӣ, маҳорати суханварӣ, ҳунарҳои дастӣ ва тарзи пешниҳоди анъанаҳои мардумӣ диққати ҳозиринро ба худ ҷалб намуданд.
Зимни суханронӣ таъкид гардид, ки чунин тадбирҳо дар замири ҷавонон ҳисси ифтихори миллӣ, зебоипарастӣ ва эҳтиром ба арзишҳои фарҳангии миллатро таҳким мебахшанд. Ректори Донишгоҳ, профессор Гулназарзода Жило баргузории ин гуна озмунҳоро василаи муассири эҳёи суннатҳои миллӣ ва тарбияи ҷавондухтарон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ арзёбӣ намуд.
Дар ҳошияи чорабинӣ гӯшаҳои омоданамудаи омӯзгорону донишҷӯёни факултет ба намоиш гузошта шуданд. Намунаҳои ҳунарҳои мардумӣ, дастархонҳои миллӣ, таомҳои суннатӣ ва расму ойинҳои тоҷикӣ ба маҳфил ҳусни тоза бахшида, таваҷҷуҳи меҳмононро бештар карданд.
Қисмати фарҳангии озмун бо қироати шеър, таронаҳои дилнишин, рақсу сурудҳои ҷаззоб ва саҳнаҳои ҳунарӣ басо хотирмон ҷараён гирифта, ба чорабинӣ рангу таровати вежа бахшид. Фазои гарму самимӣ ва ҳунарофарии донишҷӯён маҳфилро ба ҷашни воқеии фарҳангу зебоӣ мубаддал сохт.




