Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода мулоқоти ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Жило Гулназарзода бо сафири фавқулода ва мухтори Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баргузор гардид.Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг ва омӯзиши забонҳои хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ректори Донишгоҳ, профессор Жило Гулназарзода таъкид намуд, ки таҳти сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ, бахусус, забонҳои русӣ ва англисӣ, дар кишвар замина ва шароити мусоид фароҳам оварда шудааст. Ба гуфтаи ӯ, чунин таваҷҷуҳ ба рушди забономӯзӣ ба таҳкими равобити байналмилалӣ ва тавсеаи ҳамкориҳои илмӣ ва фарҳангӣ мусоидат менамояд.Ҳамчунин, таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Британияи Кабир дар даврони соҳибистиқлолӣ пайваста рушд карда, имрӯз дар самтҳои маориф, илм ва табодули фарҳангӣ низ густариши бештар касб намудааст.Сафири Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ хонум Кэтрин Смиттон зимни суҳбат аз сатҳи ҳамкориҳои ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ намуда, афзуд, ки густариши робитаҳо дар бахшҳои маориф, илм ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ барои ҳар ду кишвар аҳаммияти муҳим дорад.Дар фарҷоми мулоқот меҳмонон дар чорабинии фарҳангӣ бахшида ба ҷамъбасти “Ҳафтаи забони англисӣ” иштирок намуданд. Дар доираи чорабинӣ ба ғолибони озмуни “Беҳтарин донандаи забони англисӣ” сертификат ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд. Барномаи фарҳангӣ бо намоиши маҳорати забондонӣ ва ҳунарҳои эҷодии донишҷӯён анҷомбахши маҳфил гардид.







