Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Шурои илмӣ – методии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода китоби “Худшиносии миллӣ: заминаҳо ва равандҳо” (Китоби 1) аз чоп баромад.
Китоб фарогири таҳлили амиқи масъалаҳои худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ дар партави мероси ниёгон аз қабили: андешаҳои Носири Хусрав, Форобӣ, Ибни Сино ва Фирдавсӣ дар бораи ҳувияти миллӣ ва воқеияти муосир мебошад.


