Бахшида ба Рӯзи илми тоҷик 21 – уми апрели соли 2026 дар кафедраҳои забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ, забони тоҷикӣ ва фарҳанги муошират, забонҳои романӣ ва германӣ, педагогика ва забонӣ русӣ конференсияҳои илмӣ – амалии ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода таҳти унвони «Таъсирпазирӣ ва ҳамгиройии илмҳои гуманитарӣ, иҷтимоӣ ва дақиқ ҳамчун омили рушди устувор дар ҷомеаи муосир» дар сатҳи баланд доир гардид.
Дар рафти конференсияҳои илмӣ-амалӣ намояндагони раёсати илм ва инноватсия иштирок намуда, доир ба баргузорӣ ва рафти ҳамоишҳои илмӣ ибрози назар намуданд.
Дар ҳамоишҳои илмӣ – амалии болозикр ҳайати профессорону омӯзгорон, докторантону магистрантон ва донишҷӯёни муассиса фаъолона ширкат намуда, пиромуни мавзуҳои мубрам маъруза намуданд.
Аз рафти конференсияҳои илмӣ – амалӣ дар бахшҳо шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ мунтаззам суратгузориш пешниҳод менамояд.







