ДАРСИ КУШОДИ ТАЪЛИМИИ ПУРМУҲТАВО

Аз ҷониби омӯзгори кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ Меҳрбону Темурзода, барои донишҷӯёни курси якуми ихтисоси забони куриёӣ (омӯзгорӣ) – и факултети равияи омӯзгории забонҳои Шарқ дарси кушоди таълимӣ баргузор гардид.

Дар дарс донишҷӯён бо забонҳои англисӣ оид ба феъл ва намудҳои он, аз ҷумла, феълҳои дурусту нодуруст дар забони англисӣ маълумот доданд.

Донишҷӯён дар дарс иштироки фаъолона дошта, бо методи саволу ҷавоб ва истифодаи воситаҳои айёнӣ баромад карданд.

Мавриди зикр аст, ки дар дарс мутахассиси раёсати таълим Муҳаммадраҳим Назиров, мушовири академии факултети болозикр Қобилҷон Зарипов, мудири кафедраи забонҳои хориҷии умумидонишгоҳӣ Зарбахт Шоназаров ва омӯзгорон ширкат доштанд.

Дар охир ҳозирин ба рафти дарси таълимӣ баҳои баланд дода, ба донишҷӯён дар бораи тарҷумаи асарҳои адабӣ ва мутоилаи китобҳои бадеии ҷаҳон маслиҳатҳои судманд пешниҳод намуданд.