ХОИН ҲЕЧ ГОҲ БАХШИДА НАМЕШАВАД

Дар тамоми ҷиҳат хоинон ҳеч обруву нуфуз ва арзише барои ҷомеа надоранд, зеро онҳо барои манфиатҳои худ, қодиранд ватан, модар ва дар умум бузургтарин арзиши инсониро бифурӯшанд. Ин тоифа ватангадо мемиранд. Дар барои чунин одамҳо, ки аслан онҳоро инсон номидан нашояд, сухан рондан хуб нест, аммо бояд бадро ба мардум нишон дод, то дигарон ибрат бигиранд ва чеҳраи палиди онҳоро бишносанд. Гоҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ сурати баъзе касифҳои ватангадо ва хоинро мебинам, ки ба маънои тамасхур сари онҳоро дар бадани ин ё он ҳайвон гузоштаанд, гоҳо ба ёдам меояд, ки бо ин амал мо ин хоинҳоро не, балки ҳамон ҳайвонро таҳқир мекунем, зеро он ҳайвон дар шаъну шараф аз ин палидҳо, ки умуман ҳайвон гуфтан ҳам таҳқир ба ҳайвон аст, болотар аст, зеро амали хиёнат пастарин рафтор аст.

Чеҳраи манфури Муҳаммадиқболи Садриддинро ҳама мешиносад ва аз дасисаҳову хиёнатҳои ӯ ҳама огоҳанд, ба дасисабозиву фиреб ва дурӯғгуию, туҳмат чунон машғул аст, ки чеҳраи палидашро палидтар ва манфуртар гардонидааст. Яке аз бадтарин амалҳои инсон, ин туҳмат аст, ки ҳам аз нигоҳи инсонӣ ва ҳам аз нигоҳи динӣ, хоссатан ислом ин амал бисёр зишт аст. Аммо ин абла, бе ягон шарму ҳаё ба туҳмати инсонҳои бузург ва хидматгори миллату давлат машғул аст. Барои ӯ ва ҳаммаслаконаш инсоният, фарҳанги динӣ ва умуман ҳеч чиз арзиш надорад.

Хоинони миллат ва ҳаммаслаконаш танҳо манфиати худро медонанд ва барои расидан ба манфиати шахсии худ, аз ҳеч амали нангине даст намекашанд. Аслан, номи ин хоинро ба дину мазҳаб алоқаманд кардан хуб нест, аммо ин хоин дар ҳама баромадҳояш аз номи дини ислом ва мазҳаби поки ҳанафӣ истифода мекунад, то пайравонашро ба амалҳои хоинонаи худ ҷалб созад. Баъзан ҷавонони гумроҳ ва умуман гумроҳшудаҳо ва мардуми камфаҳм ба суханони ин палид бовар мекунанд. Аммо сад афсус, ки суханони ӯ пур аз дурӯғу туҳмат ва фитнаву дасиса аст.

Миллати тоҷик дигар парвои фитнагариву иғвои ӯро надорад ва медонад, ки ӯ як фитнагаре беш нест ва ҳамон шогирди қумандонғулом аст. Аммо ин палидҳо дар ҳамаи баромадҳояш, мехоҳад номи Пешвои миллатро бад кунад, аммо бехабар аз он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай бо корномаҳои бузурги худ на танҳо дар дилу дидаи миллати худ ҷой гирифтааст, балки ҷаҳониён ӯро эҳтиром мекунанд ва ба ӯ эҳтиром мегузоранд. Муҳаммадиқболи хоин ва чор пайрави зархаридаш мисли саг (агар чи ин палидро ба саг монанд кардан ҳам таҳқир ба саг аст) мечакад.

Пешвои мазҳаби ҳанафия Имоми Аъзам дар васиятномааш ба Имом Абуюсуф чунин мегӯяд: “Ба ҳокими вақт эҳтиром бигузор ва шахсияташро бузург шумор”. Ин аввалин васияти Имом ба шогирдаш аст. Аммо ин палидони хоин ва ҳаммаслаконашон доим дар бораи Пешвои миллат туҳмату буҳтон мекунанд ва боз аз дину имон гап мезананд.

Мо мардуми тоҷик ҳеҷ гоҳ фирефтаи душманони миллат намешавем. дар пайравии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои рушту нуми кишвари аззамон ҳиссагузор мешавем ва бо сари баланд ба миллату давлаат хизмат мекунем.

Аҳтам Рамазониён, номзади илмҳои фалсафа, омӯзгори кафедраи филологияи Шарқи Наздик