Дар факултети филология ва рӯзноманигорӣ бо ибтикори кафедраи забони тоҷикӣ ва фарҳанги муошират семинари илмӣ – амалӣ бахшида ба 35 – солагии Истиқлоли давлатӣ таҳти унвони “Нақши Истиқлолият дар рушди забони тоҷикӣ” баргузор гардид, ки дар он омӯзгорону донишҷӯёни факултети болозикр иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мудири кафедраи забони тоҷикӣ ва фарҳанги муошират доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулрухсор Абудуллоева дар оғози семинар аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, рушди илму маориф ва забони тоҷикӣ маъруза карда, иброз дошт, ҳифзи арзишҳои миллӣ, хусусан пос доштани забони модарӣ вазифаи ҳар як соҳибзабон мебошад.
Дар идома, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони ҳамин кафедра Зулфониён Раҳим дар мавзуи “Таълиму тадрис ва равнақи забон дар замони соҳибистиқлолӣ” ва номзади илмҳои филологӣ, дотсенти кафедра Дилрабо Сатторова дар мавзуи “Забони тоҷикӣ дар замони Истиқлолият” маъруза намуданд.
Ҳамчунин, дар идома дигар омӯзгорон маърузаҳои пурмуҳтаво намуда, аз бузургӣ ва таърихи қадимаи забони тоҷикӣ, эҳё ва муаррифии он дар сатҳи байналмилалӣ ибрози назар намуданд.
Аъзои маҳфили “Суханшинос” – и назди кафедра дар васфи забони модарӣ ва бузургии он шеъру гуфторҳо қироат намуданд.

