(ба ифтихори Рӯзи Рӯдакӣ ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ)
«Таърих гувоҳ аст, ки ин сарзамин абармардонеро ба дунё овардааст, ки ҳар кадом дар замони хеш бо хирад, заковат, дониш ва фазилат ба дараҷае шуҳрат пайдо карда буданд, ки самараи умру хидмати беназир, мақому манзалаташон ҳамеша мебошад». Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Бале, ҳақ ба ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки абармардони мушаххаси миллату халқи тоҷик бо аз худ гузаштанҳо, бо заковати фитрии фавқулода ва андешаи волои хеш нақши муассиреро дар пойдору бегазанд мондани адабу фарҳанги тамаддунсози тоҷик бозидаанд.
Воқеан, шинохти чеҳраҳои мондагори миллат барои мо – тоҷикон, ворисони ин шахсиятҳои бузург, як мактаби ватандӯстӣ ва ифтихор аз ҳувияти миллӣ маҳсуб мешавад. Ин аст, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти фарҳангсолори миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамасола Рӯзи Рӯдакӣ (22-юми сентябр) ва Рӯзи Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ (30-юми сентябр) дар саросари кишвари маҳбубамон ҷиҳати қадрдонии хизматҳои арзандаи ин шахсиятҳои таърихии миллатамон, бо баргузории симпозиумҳо, конфронсу маҳфилҳои илмӣ, ҳамоиш ва шабнишиниҳои шеъру суруд ботантана ҷашн гирифта мешавад.
Адабиёти забони форсии нав, ки машҳур ба забони ноби тоҷикӣ аст, бо давраи салтанати Сомониён ва бо номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ алоқаманди ногусатанӣ дорад. Шуҳрати ҷаҳонии адабиёти тоҷику форс аз ҳамин аср маншаъ гирифта, дар саргаҳи ин адабиёт Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ҳамчун қофиласолор ва бунёдгузор мақому манзалати хос дорад.
Дар Бухоро барои илмомӯзӣ шароити мусоид муҳайё гардида буд. Китобхонаи бузурги Сомониён «Сивону-л-ҳикмат» («Ганҷинаи ҳикмат») хазинаи илму фалсафа, донишу фарҳанги Шарқу Ғарб буд. Садҳо шоирону адибон дар дарбори Сомониён ҷамъ омада, ба забони модарии худ – тоҷикӣ асар эҷод мекарданд ва устод Рӯдакӣ аз саромадон ва асосгузорони ин ҷараёни навшуҳрати адабӣ ба шумор мерафт.
Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба нақши устоди шоирон Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ташаккул ва густариши забону адабиёти тоҷик баҳои баланд дода, дар китоби илмии худ – «Забони миллӣ – ҳастии миллат» дар ин бора чунин қайд менамоянд: «Ашъори саропо панду андарзи Рӯдакӣ бештар аз ҳазор сол аст, ки инсонҳоро ба ростию адолат, сидқу вафо, покию покизакорӣ, ҷавонмардию футувват, парҳезгорию имондорӣ, донишмандию хирадварзӣ ва дигар ахлоқи ҳамида фаро мехонад ва ба сифати чароғи раҳнамо роҳи фардои моро мунаввар менамояд».
Бештари муҳаққиқони дохиливу хориҷӣ нақши устод Рӯдакиро дар ташаккули забону адаби тоҷик бисёр барҷаста арзёбӣ менамоянд. Аз ҷумла, забоншиноси варзида С.Ҳалимов дар китоби «Таърихи забони адабии тоҷик (асри Х)» чунин нигоштааст: «Вай (Рӯдакӣ) эътиқоди ҳамасрони худро нисбат ба анъанаи забони арабӣ тағйир дод ва бо вайрон кардани ин эътиқод назари аҳли адаби замонашро ба сӯйи забони модарӣ нигаронид, ки пас аз сари ӯ роҳу равиши пешгирифтаи ӯ боз ҳам васеъ шуд ва ба ин роҳ даҳҳо ва садҳо намояндагони аҳли илму адаби тоҷик дар ҳар аср дохил шуданд ва хазинаи забони адабии тоҷикиро беш аз пеш бойтару ғанитар гардонданд».
Шоҳбайтҳои равон ва ҷозиби ахлоқии дар поён мисол овардашудаи устод Рӯдакӣ, ки то ҳанӯз аҳаммияти амалии худро аз даст надодаанд, тақвияти гуфтаҳои болост:
Ҳар ки н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,
Низ н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.
Ҳеч ганҷе нест аз фарҳанг беҳ,
То тавонӣ, рӯй бар ин ганҷ неҳ.
Дониш андар дил чароғи равшан аст,
В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯйи дӯстон.
Ҳеч талхӣ нест бар дил талхтар,
Аз фироқи дӯстони пурҳунар.
Қобили зикр аст, ки аксарияти ин байтҳои ширину дилпазир аз он байтҳои камшуморанд, ки аз манзумаи «Калила ва Димна»-и Рӯдакӣ то ба мо ёдгор мондаанд. Рӯдакӣ ҳамчун донандаи чанд забони дигар ин манзумаро аз арабӣ ба тоҷикӣ (форсӣ, дарӣ) тарҷума карда, онро бо забони фасеҳу баёни дилнишини тоҷикӣ ба назм овард.
Пухтагию расонии сухан ва вусъатаи назару андеша шеъри ӯро ҷовидона гардондааст. Шеъри ӯ гузашта аз умқи андеша ва ҳунари суханварӣ, аз нигоҳи истифодаи вожаҳо ва истилоҳот ҳам то кунун камназир аст:
Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,
Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯшт.
Ин теғ на аз баҳри ситамкорон карданд,
Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт…
Бояд гуфт, ки дар ашъори Рӯдакӣ аксари вожаву таркибҳо аз забони зиндаи мардум корбаст шудаанд, аз ин хотир, ин сурудаҳо ба зиндагӣ ва воқеиятҳо бештар созгорӣ доранд ва аз қалби халқ берун омадаанд. Зарбулмасалу мақол, панду ҳикмат, ифодаҳои маҷозӣ ва дигар воситаҳои тасвири бадеӣ, ки устод Рӯдакӣ аз онҳо истифода намудааст, шеъри ӯро дилкашу ҷаззобтар намудаанд. Аксари ин зарбулмасалу мақол ва панду ҳикмат то ба имрӯз бо баъзе тағйирот дар забони модарии мо вуҷуд доранд.
Зиёда аз ин, Пешвои маҳбуби миллат, Абуабдуллоҳи Рӯдакиро «…на танҳо поягузори адабиёти тоҷику форс, одамушшуаро, султони шоирон, қофиласолори шеър ва соҳибқирони шоирӣ, балки рамзи бедориву худшиносӣ ва истиқлолхоҳӣ, инчунин рамзи ҷовидонаи адаб ва фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик» шуморида, дар боби алоҳидаи китоби «Чеҳраҳои мондагор» – «Қофиласолори адабиёти тоҷику форс» дар дар бораи ҳаёту эҷодиёти ин шоири бузурги тоҷик ақидаҳои илмии хешро возеҳу равшан иброз намудаанд.
Бо суханони дигар, мақому манзалат ва шукуҳу шаҳомати шахсият ва осори устод Рӯдакиро метавон бо чунин суханони саршор аз муҳаббати Пешвои миллат натиҷагирӣ намуд: «Ашъори Рӯдакӣ намунаи равшани истеъдоди фитрӣ, табъи суханофари модарзод, ҳофизаи қавӣ, диди шоиронаву сувари хаёл, нозукандешию нозукбаёнӣ, содагӯйию санҷидагӯйӣ буда, ин ҳама бешубҳа, гувоҳи устодии комили ӯ дар забони адаби тоҷикӣ ё форсии дарист».
Шахсияти дигаре, ки зиндагиаш намунаи ибрат, осораш мондагору хонданӣ, забони ашъораш равону таъсиргузор, фазилат ва маърифати инсониаш комилу олӣ мебошад, ин шоиру орифи сатҳи ҷаҳонӣ Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ маҳсуб мешавад. Дар тамоми гӯшаву канори олам тарҷумаҳои нави пурҳаҷми осори Мавлоно қариб ҳар рӯз дар ҳоли ба табъ расидан ҳастанд ва инчунин, тадқиқотҳои зиёди илмӣ ҳам дар бораи ӯву осораш пайваста ҷараён доранд. Тарҷумаҳои ҷопонӣ, арабӣ, итолиёвӣ, русӣ, англисӣ, фаронсавӣ, ӯзбекӣ, қирғизӣ, урду, туркӣ, лаҳистонӣ ва ғайраи осори Мавлоно имрӯзҳо серхаридортарин китобҳои ҷаҳон маҳсуб мешаванд.
Пайравони андешаҳои Мавлоно – ин пири поксиришт ва пушибони забону миллати хеш, дар саросари олам хело зиёда буда, аз дину кешҳои мухталиф ва қишрҳои гуногуни ҷомеа мебошанд. Мардум ҷиҳати ҳалли дардҳои хеш, посух ба масъалаҳои чигил ва норавшани худ ба осори Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ рӯ меоранд ва ба саволҳои хеш посух ва ниёзҳои худро бароварда ва қаноатманд мегардонанд.
Навиштаҳои Президенти маҳбуби кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд: «Орифи бузург Мавлонои Балхӣ дар тамоми ақсои Шарқу Ғарб бо назми оламгири худ маъруф гаштааст ва шеъру андешаҳои фалсафиии ӯро дар тамоми олам бо завқу шавқи беандоза чи пиру чи ҷавон, чи марду чи зан, новобаста аз дину мазҳаб ва ҷаҳонбинии худ қироат мекунанд». Боби «Пайвандгари дилҳо ва тамаддунҳо»-и китоби «Чеҳраҳои мондагор»-и Пешвои муаззами миллат фаъолияти ин нобиғаи ҳама давру замонро мавриди баррасӣ қарор додааст.
Дар воқеъ, Мавлоно дар баррасии масъалаҳои маърифати олам, нақши муҳит ва тарбия дар ташаккули ахлоқии инсон ва мақоми дигар омилҳои иҷтимоӣ дар ҳаёти мардум пешгом буда, онро дар осори худ бо забони равону ноби тоҷикӣ-форсӣ баён намудааст. Ҳамзамон, нақши Ҷалолуддини Балхӣ дар худшиносии ҷавонон ва ҳувияти миллии онҳо хело бузург аст. Бояд ҳар шахси ҷомеа худро бишносад ва бидонад, ки чӣ хизмате имрӯз барои хеш, оила ва Ватани худ намудааст. Дар ин росто, Мавлоно мефармояд:
Ҷони ҷумла илмҳо ин аст, ин,
Ки бидонӣ, ман киям дар явми дин.
Воқеан, дар сухану ҳарфи Мавлоно асроре нуҳуфта аст, ки ҷаҳону ҷаҳониёнро шефтаву шайдои худ кардааст. Басо тақвимҳову зарфҳо ва пироҳанҳоро метавон дид, ки бо номи бузурги ӯ оро ёфтаанд. Бидуни ягон шакку шубҳа, Мавлоно шаҳрванди ҳамаи кишварҳои олам аст. Ӯ бе нишону ломакон аст, худ инро фармудааст:
Чӣ тадбир, ай мусалмонон, ки ман худро намедонам,
На тарсову яҳудиям, на габру на мусалмонам!
На шарқиям на ғарбиям, на бариям на баҳриям,
На аз хоки табииям, на аз афлоки гардонам!
На аз хокам, на аз обам, на аз бодам, на аз оташ,
Маконам ломакон бошад, нишонам бенишон бошад.
Мавлоно дар айни замон, лаҳза ба лаҳза, соат ба соат дар ҳоли фатҳи қалбҳову зеҳнҳост, дар ҳоли расидан ба ҳама мушкилоти инсонҳост, ӯ марзҳоро убур намуда, то ба қалбҳои одамон мерасад. Рӯзе нест, ки чизи тозае аз ӯ дарҷ нагардад. Дар ҷойе ин нуктаро таъкид мекунад:
Боз омадам, боз омадам аз пеши он ёр омадам,
Дар ман нигар, дар ман нигар, баҳри ту ғамхор омадам.
Моро ба чашми сар мабин, моро ба чашми сар мабин,
Он ҷо биё моро бубин, к-ин ҷо сабуксор омадам.
Бояд таъкид дошт, ки сабаби ин гуна маҳбубияту шуҳрат ва маъруфу номдор гардидани Мавлонову осораш дар мамолики олам – ин, албатта, аз як тараф, андешаи поку ноби Мавлоно бошад, аз тарафи дигар, ӯ ба қавле орифу нобиғаи дилогоҳ, шоири дардошно ва пуршӯру андешавар ва беназир мебошад.
Як нуктаи дигарро бояд таъкид созем, ки осори Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ба шоирони дигари адабиёти тоҷику форс дар ҳама давру замон бисёр таъсиргузор будааст. Рӯдакӣ нахустин гӯяндаи ғазал, рубоӣ, қасида, маснавӣ ва қитъа аст, ки онҳоро бо мазмунҳои баланду олӣ ва ҳунари мумтозу мондагори шоирӣ ба пироҳани назм кашид ва пояҳои шеъри форсиро бунёд гузошт, ки дар давраҳои баъдӣ шоироне, чун Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ, Мавлоно Фархии Сиистонӣ, Ҳоқонии Шервонӣ, Абусаид Абулхайр, Ҳофизи Шерозӣ ва дигарон аз ӯ пайравӣ карданд ва бо истиқбол аз ашъори ноби ӯ назираҳо суруданд ва худро мадюн (қарздор)-и ҳунар ва заҳматҳои ӯ донистаанд.
Чунончи, Мавлоно Муҳаммад Ҷалолуддини Балхӣ дар бисёре аз мавридҳо аз ашъори Рӯдакӣ истиқболи гарм кардааст. Мавлоно дар пайравии аз қасида ва ашъори машҳури Рӯдакӣ ва бо истифода аз вожаҳо ва таъбирҳои асили онҳо чандин ғазали хешро сурудааст. Барои мисол, қасидаи машҳури Рӯдакӣ дар бораи Бухоро:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиён ояд ҳаме,
Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме.
Реги Омуву дуруштӣ роҳи ӯ,
Зери поям парниён ояд ҳаме.
Оби Ҷайҳун аз нишоти рӯйи дӯст,
Хинги моро то миён ояд ҳаме.
Эй Бухоро, шод бошу дер зӣ,
Мир зӣ ту шодмон ояд ҳаме.
Мир моҳ асту Бухоро осмон,
Мир сӯйи осмон ояд ҳаме.
Мир сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯйи бӯстон ояд ҳаме.
Офарину мадҳ суд ояд ҳаме,
Гар ба ганҷ-андар зиён ояд ҳаме!
Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар тақлид аз ин қасида ғазали зеринро сурудааст:
Бӯйи боғу гулситон ояд ҳаме,
Бӯйи ёри меҳрбон ояд ҳаме.
Аз нисори ҷавҳари ёрам маро
Оби дарё то миён ояд ҳаме.
Бо хаёли гулситонаш хорзор
Нармтар аз парниён ояд ҳаме.
Аз чунин наҷҷор, яъне ишқи ӯ
Нардбони осмон ояд ҳаме.
Ҷуъи қалбамро зи матбахҳои ҷон
Лаҳза-лаҳза бӯйи нон ояд ҳаме.
З-он дару деворҳои кӯйи дӯст
Ошиқонро бӯйи ҷон ояд ҳаме.
Як вафо меору мебар сад ҳазор,
Инчунинро ончунон ояд ҳаме.
Ҳар кӣ мирад пеши ҳусни рӯйи дӯст,
Нобимурда дар ҷинон ояд ҳаме.
Корвони ғайр меояд ба айн,
Лек аз ин зиштон ниҳон ояд ҳаме.
Ҳароина, шахсиятҳое, мисли Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ фаротар аз марзҳо, миллатҳо ва қавмиятҳо ва шахсиятҳои ҷаҳонӣ ҳастанд, ки ҳама аз онҳо баҳра мегиранд ва инсонро ба камолу ҳақиқате, ки ҷӯёи он ҳастанд, мерасонанд.
Афкори хирадсолорӣ ва мардумсолории шахсиятҳои мондагори миллат – Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ ва Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ воситаи муқтадиру тавонову арзишманде мебошанд, ки ваҳдату ҳамбастагии миллии халқҳои кишвари азизамон ва ягонагию муттаҳидии маънавӣ ва андешаи миллии моро неруву тавони тоза мебахшанду онро то абад нигаҳбонӣ мекунанд. Чуноне ки Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ фармудааст:
Ваҳдат андар ваҳдат аст ин маснавӣ,
Аз самак рав то самоки маънавӣ.
Саидов Кароматулло, муаллими калони кафедраи филологияи Шарқи Наздики факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ