ФАРҶОМИ МУСОБИҚАИ ФУТБОЛИ ХУРД МИЁНИ ОМӮЗГОРОНУ КОРМАНДОНИ ДОНИШГОҲ

Мусобиқаи футболи хурд миёни кормандону омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки ба ифтихори “Ҳафтаи ҷавонон”, “Рӯзи ҷаҳонии футбол” ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардида буд, 25 майи соли 2026 ҷамъбаст гардид. Маросими ҷоизасупорӣ бо иштироки ректори Донишгоҳ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Гулназарзода Жило дар фазои тантанавӣ баргузор шуд.

Ректори Донишгоҳ зимни суханронӣ аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни давлату Ҳукумати мамлакат ба рушди варзиш, бахусус, футбол, ёдовар шуда, ташаббусҳои созандаи Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалиро дар самти густариши фарҳанги варзишӣ муҳим арзёбӣ намуд. Зикр гардид, ки баргузории чунин мусобиқаҳо дар таҳкими тарзи ҳаёти солим, боло бурдани руҳияи ҳамдигарфаҳмӣ ва таҳкими дӯстиву ҳамбастагӣ миёни омӯзгорону кормандон нақши муассир дорад.

Бояд гуфт, ки мусобиқа давоми ду ҳафта ҷараён гирифта, дар он ҳашт даста аз ҳисоби раёсат ва факултетҳои Донишгоҳ ширкат варзиданд. Бозиҳо дар фазои рақобати солим ва ҳавасмандии баланд баргузор шуда, ҳар як даста барои соҳиб шудан ба ҷойҳои ифтихорӣ талош намуд.

Ҳамзамон, миёни занону бонувони Донишгоҳ низ мусобиқаи футболи хурд таҳти унвони “Гурдофаридони Донишгоҳ” доир гардид, ки бо иштироки фаъолонаи бонувон сурат гирифт.

Аз рӯйи натиҷаҳои ниҳоӣ миёни мардон дастаи факултети равияи омӯзгории забони англисӣ мақоми аввалро соҳиб шуд. Дастаи факултети филология ва рӯзноманигорӣ ҷойи дуюм ва дастаи факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Дар рақобатҳои байни бонувон бошад, пас аз баргузории бозиҳои даврӣ, дастаи бонувони раёсат бо нишондиҳандаҳои беҳтарин пирӯз гардид.

Дар анҷом ғолибону фаъолони мусобиқа бо ҷом, медал, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравии Раёсати Донишгоҳ сарфароз гардонида шуданд.