Дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 нимаи дуюми моҳи августи соли 2025 дар мамлакат 1045-солагии олими забардасти тоҷик, нобиғаи ҳама давру замон, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино дар сатҳи баланд таҷлил гардид. Инчунин, бо мақсади омӯзиши беҳтару бештари осори илмии ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар ҷаҳон бо ташаббус ва фармони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.
Дар шарҳи фармони Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин зикр шудааст: “Таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб ҳамчун ташаббуси навбатии Пешвои миллат як иқдоми муҳим дар самти муаррифии илми тибби тоҷик ва бузургдошти хотираи фарзандони фарзонаи миллати тоҷик буда, бори дигар собит месозад, ки шайхурраис Абуалӣ Ибни Сино ҳамчун бузургтарин файласуф, олим, табиб ва шоири тоҷик дар рушду камоли тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми барҷаста гузошта, номи ӯ барои аҳли ҷаҳон азиз ва ҷовидонӣ гардидааст.”
Мероси илмии халқи тоҷик, ки тавассути бузургони илму фарҳанг ба ҷаҳониён муаррифӣ шудааст, барои ҷаҳониён манбаи боэътимоду дастури роҳнамо мебошад. Дар радифи ин се нобиғаи беҳамто – Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ҳамчун сутунҳои устувори илми риёзӣ ва фалсафа дар таърихи инсоният нақши бузург доранд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёмҳо, суханрониҳо ва асарҳояшон ба масъалаҳои илму фарҳанг ва саҳми бузурги донишмандони барҷастаи тоҷик, аз ҷумла, Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино ва Умари Хайём ҳамеша таваҷҷуҳи вижа зоҳир намуда, зарурати омӯзиши осори ин донишмандонро барои дарёфти роҳҳои ҳалли масоили соҳаҳои гуногуни кишвар, рушди илми ватанӣ ва ҳифзи муҳити зист борҳо таъкид намудаанд.
Нобиғаи давр, олими нотакрор, файласуфи донишманд, шоир ва ҳакими тавоно Абуалӣ ибни Сино дар деҳаи тоҷикниши Афшана, ки он дар қарибиҳои шаҳри қадимии Бухоро ҷойгир аст, аз Ситорабону ном модари тоҷик ба дунё омадааст. Абуалӣ ибни Сино ҳамагӣ 57 – сол умр дида, дар ин зиндагии кӯтоҳ бо имтиҳоноти сангини рӯзгор рӯ ба рӯ гардида, машақатҳои пай дар пайи қисматро бо иродаи қавию устувор таҳаммул кардааст. Ӯ дар ин умри кӯтоҳ ва нооромиву вазнинии рӯзгор тавонистааст, ки осори гаронбаҳоро ба ояндагон аз худ ба мерос гузорад.
Сарчашмаҳо ва муҳаққиқон миқдори меросии илмии Ибни Синоро то 455 адад ном бурдаанд. «Ҳозир,- навиштаанд дар пешгуфтори асарҳои мунтахаби ӯ Ғаффор Ашӯров ва Мӯсо Диноршоев, — 160 асари мутафаккир маҳфуз аст, ки оид ба соҳаҳои гуногунии илмҳои замони ӯ баҳс мекунанд. Ибни Сино дар инкишофи илмҳои фалсафа, мантиқ, тиб, ҳандаса, илми ҳайат, набототшиносӣ ва дигар соҳаҳои табиатшиносӣ саҳми мондагор гузоштааст. Ин аст, ки ӯро барҳақ ҳакими бузург ва олими энсиклопедӣ меноманд. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ибни Сино бо асарҳояш дар 29 соҳаи илм саҳм гузоштааст».Бузургтарин асари Абуалӣ ибни Сино дар олами тиб “Ал Қонун фи-т-тиб” ё бо номи дигар “Қонуни тиб” дар байни солҳои 1012 – 1023 таълиф шудааст. Ин китоб дар асрҳои миёна дар кишварҳои Аврупо беш аз ҳафт садсола китоби асосии дарсии оид ба тиб маҳсуб шуда, ба забонҳои зиёди олам тарҷума шудааст.
Дар “Қонуни тиб”-и Ибни Сино таҷрибаи тиббии халқҳои Эрону Ҳинд ва Арабу Юнон ҷамъбаст шуда, ин асари безавол беш аз панҷ аср сарчашма ва роҳнамои асосии олимони ҷаҳон дар Ғарбу Шарқ гардида, то имрӯз аҳаммияти илмии худро гум накарда, яке аз сарчашмаҳои муътамад дар соҳаи тибби ҷаҳон маҳсуб меёбад. Баъд аз ихтирои санъати чопи китоб шоҳасари “Қонуни тиб” соли 1483 дар Венетсия нашр шуда, инчунин, дар асрҳои 15-16 ин китоб 35 маротиба ба чоп расидааст.Дар шаҳри Москва 6-уми сентябри соли 2024 шоҳкитоби Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино «Қонуни тиб» барандаи Шоҳҷоизаи Озмуни XXI байналмилалии «Санъати китоб» — и давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардида, бо диплом қадрдонӣ карда шуд.
Хулоса, ташаббуси нодиру арзишманди Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абуалӣ ибни Сино дар соҳаи тибро метавон дар шароити ҷаҳони муосир саривақтию муҳим номид. Зеро таърих баёнгарӣ он аст, ки мероси илмии ин донишманди беназири тоҷик Абуалӣ ибни Сино дар ҳама давр баҳри беморон шифо ва барои табибону олимон ва муҳаққиқони соҳаи тибби ҷаҳон роҳнамо мебошад.
Давлатёр ҲАФИЗОВ, дотсент, декани факултети равияи омӯзгории забонҳои Шарқ.