Дар факултети филология ва рӯзноманигорӣ маҳфили навбатии “Зеҳни расона” – и кафедраи журналистика ва иттилооти рақамӣ дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди журналистикаи замони Истиқлол” баргузор гардид.
Роҳбари маҳфил номзади илмҳои филология Гулчеҳра Сайфиддинова дар оғози маҳфил оид ба рушди журналистика, марҳилаҳои ташаккули журналистикаи тоҷик ва таъсиси рӯзномаву радио ва телевизионҳои ватанӣ, саҳми беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди Васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ибрози назар кард.
Дар идома, донишҷӯён пиромуни мавзуҳои “Журналистикаи тоҷик ва сиёсати Пешвои миллат”, “Пешвои миллат ва ояндаи журналистикаи рақамӣ дар кишвар”, “Аз анъанавӣ то рақамӣ: Саҳми Пешвои миллат дар рушди ВАО” ва нақши рӯзноманигорон дар ҳифзи амнияти иттилоотӣ ва таъсири шабакаҳои иҷтимоӣ ба тафаккури ҷавонон андешаҳои хешро пешниҳод намуданд.
