ПАДИДАИ ХУБЕСТ, ДӮСТӢ! (Мирзо Турсунзода ва И.С. Брагинский: хотирот ва мактубот)

Иосиф Самуилович Брагинский дар таҳқиқи таърихи адабиёти тоҷику форс саҳми боризе дорад. Осори ӯ бо унвонҳои “Из истории таджикской народной поэзии: Элементы народно-поэтического творчества в памятниках древней и средневековой письменности” (1956), “Очерки из истории таджикской литературы” (1956), “Жизнь и творчество Садриддина Айни” (1959), “”Персидская литература: Краткий очерк” (1963), “Проблемы востоковедения: Актуальные вопросы восточного литературоведения” ( 1974), “От Авесты до Айни: (Исследования по истории таджикской литературы)” (1981) аз беҳтарин таҳқиқоти замони Шуроҳо маҳсуб мешавад.
Иосиф Самуилович дар омӯзиши рӯзгор ва осори намояндагони барҷастаи адабиёти гузаштаи форсу тоҷик – Рӯдакӣ, Абуалӣ ибни Сино, Фирдавсӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Ҷомӣ ва дигарон нақши сазоворе гузошта, барои муайян намудани хусусиятҳои хосси равандҳои адабии классикӣ ва заминаҳои методологияи таҳқиқи адабиёти форсу тоҷик фаъолияти густурдае дорад. Ҳамзамон, И.С. Брагинский бо аҳли адабу фарҳанги тоҷик дар тамоси эҷодӣ қарор дошт ва аз фаъолияти онҳо ҳамеша воқиф мегардид. Махсусан, дӯстии ин муҳаққиқ бо устод Мирзо Турсунзода гуногунпаҳлӯ мебошад, ки дар хотирот ва мукотиботи онҳо зикр гардидааст. Дар мақолаи И.С. Брагинский бо номи “Дар бораи як мактуб”, ки соли 1981 дар китоби “Васлгари дилҳо”- хотираҳо дар бораи Мирзо Турсунзода чоп шудааст, мулоҳизаҳи И.С. Брагинский дар бораи як мактуби Мирзо Турсунзода оварда шудааст. Аз хотирот маълум намудан мумкин аст, ки Мирзо Турсунзода Брагинскийро “Юсуф” мехондааст ва ҳангоми дидор мисраи “Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр”- ро зикр мекардааст. Брагинский ӯро дар дӯстӣ содиқу дар табиат принсипнок номидааст (“Дар бораи як мактуб”, с.175).
Дар ин мақола Брагинский зикр мекунад, ки бо М. Турсунзода соли 1936, дар вақти дар Кумитаи марказии Партияи Комммунистии Тоҷикистон фаъолият намуданаш шинос мегардад. Мавсуф бобати тасвири симои Мирзо Турсунзода чунин менигорад: “Дар ман чӣ таассуроти амиқ боқӣ гузоштани ин ҷавони марғуламӯй, пуртавозуъ ва хушгуфтор, ки назар ба синну соли худ ҷавонтар менамуд, то ба ҳол дар хотирам боқист” (“Дар бораи як мактуб”, с.173).
И.С. Брагинский ду хислати асосии Турсунзодаро, ки яке таваҷҷуҳи хосса ба осори Айнӣ ва дигаре ростгӯию бепарда сухан гуфтанаш ҳангоми таҳияи монография дар бораи С. Айнӣ ба назар мерасад, таъкид намудааст. Аз хотирот маълум мегардад, ки соли 1972 Мирзо Турсунзода ҳамчун роҳбари Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аз И.С. Брагинсий хоҳиш менамояд, ки ба ифтихори ҷашни устод С. Айнӣ рисолае бинависад. И.С. Брагинский соли 1973 пеш аз чопи рисола дастнависи онро ба М. Турсунзода мефиристад. Мирзо Турсунзода пас аз хондани рисолаи фавқ баъзе эродҳои муҳиммеро тазаккур менамояд, ки онро Брагинский дар се самт нишон медиҳад: ҳаёт ва эҷодиёти нависанда бояд бо муҳити он омӯхта шавад, фаъолияти эҷодии нависанда аз фаъолияти ҷамъияташ ҷудо нагардад ва фаъолияти бадеию илмии устод Айнӣ дар якҷоягӣ пажуҳиш гардад. Чунин мулоҳизаҳоро Брагинский “характери методологӣ” меномад (“Дар бораи як мактуб”, с.177).
И.С. Брагинский эродҳои Мирзо Турсунзодаро дорои характери присипалӣ меномад ва меорад, ки ба “ба мисдоқи масали қадимӣ “Афлотун дӯсти ман, Арасту дӯсти ман, лекин ҳақиқат дӯсттарин дӯсти ман мебошад”(“Дар бораи як мактуб”, с.176).
Дар воқеъ, Турсунзода бо диди тоза роҷеъ ба дастхати Брагинский ҳарф мезанад ва кори ӯро натиҷаи ҷамъбасти омӯзиши фаъолияти устод Айнӣ мехонад. Дар мактуб омадааст, ки андешаҳои М. Шукуров, Р. Ҳодизода ва А. Сайфуллоев дар мавриди ин китоб ба назар гирифта шудааст. Махсусан, Мирзо Турсунзода ҷонибдорӣ аз баёни ҳақиқати таърих дар мавриди фаъолияти устод Айнӣ намуда, аз ҷумла зикр намудааст: “Азизам, Иосиф Самиулович, ба назарам, дар вақти нависандаи дузабона будани Айнӣ муболиға мекунед. Шумо менависед, ки Айнӣ тамоми асарҳои худро дар ду забон навиштааст. Вале чунонки ба ман маълум аст, Айнӣ фақат “Ҷаллодони Бухоро”, “Таърихи амирони Бухоро” ва варианти аввали романи “Ғуломон”-ро ба ӯзбекӣ навишта, тамоми асарҳои дигарашро бо тоҷикӣ навишта, баъд ба узбекӣ гардонидааст” (“Дар бораи як мактуб”, с.178-179).
Дар ин ҷо Мирзо Турсунзода бо илтифот баён менамояд, ки ба “варианти ислоҳкардашуда” уммед доранд. Мактуби мазкур 16 феврали соли 1973 навишта шудааст.
Дар воқеъ, соли 1974 монографияи Брагинский бо номи “Проблема творчество Садриддин Айни” нашр мегардад. Ин китоб то ҳанӯз аҳамияти илмии худро гум накардааст. Аз ин хотироти Брагинский ва мактуби Мирзо Турсунзода робитаҳои адабии муҳаққиқон ва адибони замони шуравиро муайян намудан мумкин аст, ки дар заминаи пешниҳоду мулоҳизаҳои ҳамдигар асарҳои муътамади илмӣ иншо мекардаанд.
Гузашта аз ин, ҳангоми ҷустуҷӯҳо аз Осорхонаи Мирзо Турсунзода (соли 1920) чанде аз номаҳои И.С. Брагинскийро пайдо намуда будем. Ин мактубҳои ирсолшуда мазмуни баланди эстетикӣ ва таърихӣ дошта, бо меҳру самимияти зиёде иброз гардидааст. Дар мактубе, ки дар санаи 28.09.1962 ирсол гардидаст, И.С. Брагинский садоқати худро нисбат ба дӯсташ Мирзо Турсунзода ба забони тоҷикӣ баён намудааст: “Азизам Мирзо! Каждый день получаю газету “Коммунист Таджикистана” и во время чтения чувствую себя короткое время в Таджикистане, в Душанбе. Признаюсь-“хуш он замон” (“Азизам Мирзо! Ҳар мавриде рӯзномаи “Коммунисти Тоҷикистон” ба дастам меафтад, ҳангоми мутолиаи он худро як лаҳзае дар Тоҷикистон, Душанбе эҳсос менамоям. Иқрор мегардам: -“хуш он замон”).
Дар ҳамин мактуб Брагинский меорад, ки дар рӯзнома сурати адибони тоҷику озариро дар вақти зиёрати мақбараи устод Айнӣ дидааст. Брагинский таассуротаашро бо ваҷд мегӯяд, ки “Боку ватани ман аст ва ҷоест, ки дар он ҷо ҷавониям гузаштаасту Тоҷикистон – заминест, ки дар он ҷо ман комил гардидам, ин замини паймонҳост”. Дар ҳамин замина хушнуд буданашро аз ин вохӯрӣ бо ифодае аз ғазали Ҳофиз баён менамояд: “Сердечно привет “рӯзи васли дӯсторон”, встречи пистелей двух республик” (“Аз самими қалб салом, “рӯзи васли дӯсторон”, вохӯрии нависандагони ду ҷумҳурӣ”). Дар поён бо забони тоҷикӣ зикр мекунад, ки “чӣ гунае, ки мардуми Данғара мегӯянд, ба ҳар нафари шумо “бигардумут” .
Воқаен, Брагинский дар шаҳри Боку ба воя расидааст. Бо амри тақдир соли 1933 муовини сардори шуъбаи сиёсии савхози Данғара ва баъдан дар Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон ифои вазифа менамояд, ки пайванди минбаъдаи ӯ бо Тоҷикистон баъди солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар самти адабиётшиносӣ мустаҳкам мегардад.
И.С. Брагинский дар мактуби дар таърихи 27.03.60 иншо намудааш, андешаҳояшро оиди сифати тарҷимаи як шеъри устод Мирзо Турсунзода (дар васфи Ленин) баён намуда, хостааст, ки пеш аз чопи тарҷимаи шеър бо устод Мирзо Турсунзода машварат бинамояд.
И.С. Брагинский тавсифи фасли баҳори Москав намуда, баҳори Душанберо дар қиёс аз он волотару зеботар медонаду мегӯяд: “В Москве –весна. Но конечное не такая щедрая как в вашем чудесном городе, в котором я столько слышал, о котором я с любовью писал, но который ещё не разу не видал” (“Дар Маскав – баҳор. Албатта, на мисли баҳори шаҳри аҷиби шумо олиҳиммат, ки дар бораяш борҳо шунидаам, бо муҳаббати зиёде навиштаам, вале ягон маротиба надидаам”).
Дар мактуб И.С. Брагинский яке аз достонҳои Мирзо Турсунзодаро бидуни зикри номаш ба хотир меорад, ки ба қавли ӯ дар хонаи Андрей Бобоев дар ҳузури Турсунзода қироат карда будааст. А. А. Бобоев композитори арманитабори зодаи Қарабоғи кӯҳии Озарбайҷон мебошад, ки соли 1957 шеъри “Ман бо духтаре вохӯрдам”-ро ба оҳанг дароварда буд. Ин суруд аз ҷониби Г. Г. Регистаян ба забони русӣ тарҷима мегардад ва бо оҳанги А. А. Бобоев дар филми ҳунарии “Ман бо духтаре вохӯрдам” ё ин ки “Я встретил девушку” таҳия мегардад.
Дар мактуби дар таърихи 16.05.1971 ирсол гардида, Брагинский бо илтифоти хоссае мегӯяд, ки аз иштироки М. Турсунзода дар анҷумани нависандагон хеле шод аст, аммо дар айни замон фавран (“срочно” – дар зери ин калима хат кашида шудааст.-О.Х.) ба ГДР (Ҷумҳурии демократии Германия-О.Х.)- сафар дорад ва як кори нотамоми (неотложная – дар зери ин калима хат кашида шудааст -О.Х) дигар низ дорад, ки ин ба “Гослит” супоридани ҷилди аввали китоби Айнӣ мебошад.
Брагинский ҳиссиёти худро пас аз мутолиаи шеъри устод Мирзо Турсунзода дар “Коммунист Таджикистана” пинҳон накарда, менависад, ки: “Мехоҳам, ки дастони Шуморо бифишӯрам: “Аҳсан!”, “Офарин!” Махсусан, нутқи шумо мисли булӯр шаффоф ва ман бояд гӯям, ки эҷодкорона аҳамияти интернатсионализмро зикр намудед, ки ин барои комёбиҳои мо хеле муҳим аст”.
Аз мазмуни мактуб эҳсосоти пур аз ваҷди Брагинскийро дар мавриди ҳамраъйи миллали ҷаҳон дарк намудан мумкин аст ва махсусан ӯ зикр мекунад, ки соли 1920 дар шаҳри Боку шеъри “Интернатсионлист”-ро дар синни 15-солагӣ ба забони тотӣ баргардон намудааст.
Дар мактуби дигар, ки нисбатан васеътар мебошад, Брагинский Турсунзодаро бо ҷашни инқилоби Октябр муборак мегӯяд ва аз он хурсандӣ менамояд, ки дар рӯзномаи “Правда” мақолаи дӯсташ Турсунзодаро хондааст ва таъкид мекунад, ки “чӣ гуна метавон онро нахонд”. Дӯстӣ намудан ва онро писанд кардан кори осон нест. Дар сатрҳои пурмеҳри Брагинский мехонем: “Прекрасное явление это дружба, дӯстӣ” (“Падидаи нек аст, дӯстӣ”).
Ҳамин тариқ, ин чанд номае, ки дарёфт намуда будем, аз лиҳози мазмун пур аз оҳангу нишоти дӯстӣ, таҳлилҳои сиёсии ҷаҳон, масъалаҳои марбут ба адабиётшиносӣ мебошад. Мазмуни номаҳо аз он дарак медиҳад, ки тавассути расонаҳо, ба хусус, рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” И.С. Брагинский аз ашъори тоза тарҷумашудаи М. Турсунзода, мақолаю маърузаҳояш дар анҷуману конфронсҳо огоҳӣ меёфтааст. Ошноӣ бо мукотиботи М. Турсунзода ва И.С. Брагинский ҳадафҳои инсонгароӣ ва дӯстии байни адибонро барои хонандаи муосир ошкор менамояд. Имрӯз муҳтавои хотироту номаҳо барои таҳқиқи воқеии рӯзгору фаъолияти адибони тоҷик ва пайванди адабии онҳо ба аҳли адабу фарҳанги миллатҳои мухталиф заминаи мусоиде фароҳам меорад.


Олимӣ Хосият Ҳоким-доктори илми филология, профессори кафедраи назария
ва таърихи адабиёт.