НАҚШИ ҲУВИЯТСОЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ДАР ТАҲКИМИ НИЗОМИ МАФКУРАИ МИЛЛӢ

Худшиносӣ яке аз мавзуъҳои меҳварӣ ба ҳисоб рафта, дар атрофи он, донишмандону пажуҳишгарони соҳаҳои мухталиф, назарияҳои гуногуни илмиро иброз дошта, онро ҳамчун раванди эҳёи худӣ ва бозгашт ба асли хеш баррасӣ намуда, сарчашмаи пайдоиши онро ба ахлоқи инсон нисбат медиҳанд. Дар солҳои охир вобаста ба вазъи ҷаҳонишавии босуръат ва манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишварҳои абарқудрат, мафҳуми худшиносӣ на танҳо дар мавриди як фард, балки дар баробари арзишҳои як миллат истифода мешавад. Бо назардошти ин, мафҳуми худшиносиро наметавон аз истиқлолият ҷудо намуд, зеро ин ду гавҳари беназир пайвандгари муқаддасоти миллӣ ва таҳкимбахшандаи низоми давлатдорӣ дониста мешаванд. Агарчи мафҳумҳои худогоҳию худшиносӣ қаблан дар ин шакл мавриди таҳқиқ қарор намегирифтанд, ҳамоно мазмуни онҳо ба тарбия ва ба камол расондани шахси накўкору хирадгаро равона мешуд. Дар шароити имрӯза вобаста ба рушди тафаккури илмӣ ва суботи иҷтимоӣ мафҳуми худшиносӣ хусусиятҳои хосро касб намудааст. Дар назари аввал шояд аҷиб намояд, ки инсон худро бояд чӣ хел шиносад ва барои маҳоратҳои фитрӣ ва нишонаю хусусиятҳои субъективӣ кадом меъёрҳо муқаррар гардидаанд? Дарки ин мафҳум чандон мушкил нест ва барои ба натиҷаҳои воқеии худшиносӣ расидан методологияи дурусти муқоисавии ду қиматаро бояд ба кор бурд, то аз раванди истифодабарии мафҳумҳои мусбат ва манфӣ ҳақиқат ошкор гардад. Ҳар як шахс новобаста аз ҷинсият ва мавқеи иҷтимоӣ маҳорат ва истедодҳои хосро дар худ парвариш медиҳад ва бевосита, он маҳоратҳо инсонро аз дигарон бар пояи се унсур, ки хусусияти объективӣ-субъективӣ доранд, фарқ мекунонанд:

1. Хосиятҳои фитрӣ-модарзодӣ, ки дар оила ба вуҷуд омада, дар ҳамон ҷо парвариш меёбанд;

2. Хусусиятҳои субъективӣ-инфиродӣ, ки аз оила касб шуда, дар муҳит ва омӯзишгоҳҳо ташаккул меёбанд;

3. Хислатҳои иҷтимоие, ки дар заминаи ҳамин сифатҳо вобаста ба марҳилаҳои ҳаётӣ дар шакли ратсионалӣ ва таҷрибавӣ ташаккул меёбанд.

Ин се омили муаррификунандаи шахсият аз рӯйи низоми плюралӣ амал намуда, худшиносии инсонро вобаста ба донишҳои андӯхта муайян месозад.

Чунончи Носири Хусрав доир ба ин масъала таъкид мекунад:

Бидон худро, ки гар худро бидонӣ,

Зи худ ҳам неку ҳам бадро бидонӣ.

Шиносои вуҷуди хештан шав,

Пас он гаҳ сарфарози анҷуман шав.

Мазмуни ҳамин андешаи худшиносиро Ҷалолуддини Балхӣ чунин васф мекунад:

Чашм дорӣ, ту ба чашми худ нигар,

Мангар аз чашми сафеҳе бехабар.

Гӯш дорӣ, ту ба гӯши худ шунав,

Гӯши гӯлонро чаро бошӣ гарав?

Бе зи тақлиде назарро пеша кун,

Ҳам барои ақли худ андеша кун.

Он нафаронеро, ки худшиносу худогоҳ нестанду маҳоратҳои шахсӣ ва арзишҳои иҷтимоиро арҷгузорӣ намекунанд Ҷалолуддини Балхӣ маломат карда, ботаассуф таъкид мекунад:

Хештан нашнохт мискин одамӣ,

Аз фузунӣ омаду шуд дар камӣ.

Хештанро одамӣ арзон фурӯхт,

Буд атлас, хеш бар далқе бидӯхт.

Аз ин ҷост, ки худшиносӣ пеш аз ҳама маҷмуи арзишҳои инсонӣ, худогоҳиҳо, баҳогузориҳо ва муносибатҳое мебошад, ки аҳаммияти вазъӣ ва таърихӣ доштани шахсро тавассути фаъолиятҳояш инъикос намуда, ҷойгоҳ ва нақши ӯро дар байни дигарон аз рӯйи кирдор муайян месозад.

Мусаллам аст, ки бо амалишавии ин раванд ва иҷтимоишавии шахсият дар асоси меъёрҳои иҷтимоӣ-сиёсӣ инсон ба марҳилаи нав — худшиносии миллӣ ворид мегардад. Агар худшиносӣ василаи асосии расидан ба маърифат бошад, худшиносии миллӣ асоси иттиҳод, шинохти сарчашмаҳои фарҳангу тамаддун ва густариши тафаккури созандаи ҷомеа дониста мешавад. Аз ҳамин ҷост, ки худшиносии миллӣ решаи миллат, мактаби миллӣ асоси он ва низоми давлатдорӣ омили тақвияти он ба шумор меравад. Гуфтаҳои боло бар он далолат мекунанд, ки таърихи тафаккури ҳар миллат ҳикмати амалишаванда буда, барои ташаккули методология ва ҷаҳонбинии илмӣ дониши саҳеҳро пайваста тақвият медиҳад. Бинобар ин, барои мустаҳкам гардонидани мактаби миллӣ, ки аркони асосии он ватандӯстӣ, худогоҳӣ ва худшиносӣ мебошанд, бояд пайваста тадбирҳои муҳимму зарурӣ дар байни ҳама қишрҳои ҷомеа андешида шаванд.

Таърих гувоҳ аст, ки худшиносии миллӣ аз гузаштагонамон ба мо мерос мондааст ва баъди соҳибистиқлол гардидани кишвар марҳилаи нави он бо идеяҳои созандаи миллӣ оғоз ёфт. Дар ин давра, дар Тоҷикистон вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ комилан дигар гардида, низоми арзишҳои моддиву маънавӣ низ тағйир пазируфт. Бо ин назардошт метавон гуфт, ки дар кишвари азизамон марҳилаи навини худшиносии миллӣ фаро расидааст. Марҳилае, ки дар он ҳар фарди ҷомеа бояд бо дарки баланди масъулият ва худогоҳӣ аз вазъи ноустувори ҷаҳони муосир огоҳ бошад, арзишҳои миллиро тақвият бахшад ва дар ташаккули низоми давлатмеҳвар саҳм гузорад.

Низоми давлатмеҳварӣ дар шароити бархӯрди меъёрҳои номутаносиби ҷаҳони муосир зарурати таҳкими волоияти қонун, инсонмеҳварӣ ва давлатмарказиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, давлатмеҳварӣ тафаккур, руҳия ва сиёсатест, ки дар он ҳифз, таҳким ва рушди давлати миллӣ ҳамчун арзиши олӣ, манфиати асосӣ ва меҳвари фаъолияти тамоми самтҳои ҷомеаи маданӣ пазируфта мешавад. Он, асосан, бар чаҳор унсури муҳим такя мекунад:

1. Афзалият додан ба манфиатҳои давлатӣ нисбат ба манфиатҳои шахсӣ;

2. Тафаккури давлатӣ, яъне дарки сарчашмаҳои таърихӣ-илмӣ ва ҳифзи истиқлолияти фарҳангӣ барои рушди давлатдории миллӣ;

3. Ҳимоят ва ташвиқи руҳияи ватандӯстӣ бо ҳисси масъулият дар назди давлат ва миллат;

4. Ваҳдати миллӣ ва амнияти пойдор ҳамчун пояи асосии низоми давлатмеҳвар.

Аз унсурҳои зикршуда ба хулоса омадан мумкин аст, ки дар заминаи воқеияти ватани маҳбуби мо давлатмеҳварӣ ҳамчун идомаи таърихии давлатдории ниёгон, ҳифзи сулҳу субот ва рушди тафаккури илмии муосир маънидод мегардад. Он ҳамзамон кафолати боэътимоди ҳуқуқу озодиҳо, ҳифзи арзишҳо ва дурнамои устувори рушди ҷомеа дониста мешавад.

Ҳамин тавр, шаклгирии тафаккури давлатӣ ва густариши мактаби давлатдории миллӣ аз масъалаҳои асосии давлатдории муосири тоҷикон дар заминаи худшиносии миллӣ ба шумор меравад. Дар маркази таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат, хусусан, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳсон қарор доштани тафаккури давлатӣ имкон медиҳад, ки як силсила масъалаҳои ҳаётан муҳимми давлатдорӣ ва эҳёи расму оин ва анъанаҳои миллӣ ҳалли муносиб пайдо карда, рушди устувори сиёсӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии давлати миллӣ дар заминаи мафкураи миллӣ таъмин гардад.

Чунончи аз масъалагузориҳои қаблӣ маълум гардид, бо вуҷуди истиқлолият манфиатҳои миллӣ эҳё ва ташаккул дода шуда, ба ҳамин васила ба майдони маърифат кашидани мафкураи миллӣ ҳамчун рукни муҳим ва олии давлатдорӣ авлавияти аввалиндараҷа ва асосӣ шуморида мешавад. Аз рӯйи қонунгузории давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон мафкураи миллӣ ба конститутсия такя намуда, ҳимоятгари арзишҳои миллии шаҳрвандон эътироф мешавад. Бо касбияти чунин ҷойгоҳи воло мафкураи миллӣ маҷмуи эътиқодҳо, арзишҳо, ғояҳо ва принсипҳои муштараке дониста мешавад, ки ҳувияту асолат, худогоҳию худшиносӣ ва ҳадафҳои миллату давлатро дар баробари тавсиф, ҳимоят мекунад. Дар замони соҳибистиқлолӣ мафкураи миллӣ ҳамчун арзиши олӣ дорои иқтидори бузурги маърифати буда, он метавонад ба афкори ҷамъиятӣ ва зуҳуроти иҷтимоӣ таъсири амиқ расонад. Ин раванд боис мегардад, ки амнияти идеологӣ ба ташаккули робитаҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои номутаносиби ҷомеа ҳамчун унсури муҳимми низоми идоракунӣ таъсиргузор боқӣ мемонад.

Маҳз ҳамин пайвастагиҳои мантиқӣ сабаб мешавад, ки мафкураи миллӣ имконият фароҳам оварад, то таснифоти иҷтимоӣ ва гурӯҳҳои этникӣ худро субъектҳои мустақили раванди таърих муаррифӣ намоянд. Ҳамин низом боис мегардад, ки мафкураи миллӣ заминаи бунёдии пайдоиши матолиби пурқуввати ҷомеаи инсонӣ эътироф шуда, методи хоси танзимкунандаи муносибатҳои ҷамъиятиро фарогир аст. Аз ин рӯ, дар сохтори сиёсии давлатдории имрӯза амнияти идеологӣ нақши асосӣ бозида, тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро ба таҳрик медарорад. Ин раванд сабаб мегардад, ки хавфу хатар ва таҳдидҳо ба амнияти шахсӣ ва ҷомеа инсонҳоро ҳамеша ба зарурат ва фаҳмиши зиндагии якҷоя барои ҳифзи манфиатҳои миллӣ водор месозанд. Аз ин рӯ, ба ин раванд такя намоем, метавонем подевори давлати миллии муосири дунявиро дар сатҳи баланд роҳандози намуда, қадам ба қадам ҳадаф ва вазифаҳои ормонҳои миллиро дар амалияи ҳаррӯза татбиқ намоем.

Хулоса, худшиносӣ, худшиносии миллӣ ва нақши онҳо дар таҳкими низоми мафкураи миллӣ ҳамчун сарчашмаи ҳувиятсоз ва ояндасози миллат хизмат мекунанд. Бешубҳа, бидуни омӯзиш, пажуҳиш ва густариши ин категорияҳои илмӣ ҳеҷ қавму миллате ба саодати воқеӣ расида наметавонад. Ҳар қадар сафи шахсони масъулиятшинос, ҳувиятсоз ва маърифатдӯст дар ҷомеа афзояд, ҳамон андоза пояҳои бунёдии давлат устувор гардида, ҷойгоҳу нақши он дар сатҳи байналмилалӣ баландтар муаррифӣ мешавад. Нақши ҳувиятсози худшиносии миллӣ дар рушди мафкураи миллӣ метавонад ҳамчун воситаи таъмини амнияти устувор ва дар амал ҷорӣ намудани сиёсати давлат дар роҳи ҳифзу нигоҳдории мувозинати ҷамъиятӣ ва таъмини ягонагӣ дар замони пур аз мафкураҳои номутаносиб созанда бошад. Зеро ягона воситаи суботу амнияти иҷтимоӣ ва рушди тафаккури миллӣ танҳо бо эътирофу таҳким бахшидани ҳамин роҳи ҳамвор – худшиносии миллӣ, ҳамчун амри муҳимму зарурӣ, натиҷаҳои мусбат ба даст оварда метавонад.

Сулаймонзода Баҳманёр, н.и.ф., дотсент, мудири кафедраи фалсафа ва сиёсатшиносӣ.