СИЛСИЛАДАРСҲОИ ЖУРНАЛИСТОНИ ҶАВОН ДАР ДОНИШГОҲ

Бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода дарси кушоди таълимӣ дар мавзуи “Журналисти замони муосир ва саҳми ӯ дар рушди ҷомеа” бо ширкати журналистони шинохта ва эътирофшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст.

Имрӯз, 18-уми апрели соли 2026 Сармуҳаррири рӯзномаи “Инсон ва табиат”, номзади илмҳои филологӣ, дотсент, устоди кафедраи журналистикаи байналхалқии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Яъқубов давоми як соат ба донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ, бобати журналисти соҳавӣ, нақши журналистон дар баланд бардоштани маърифати экологии ҷомеа дарс гуфт.

Дар фарҷоми дарс Ҷамолиддин Яъқубов китоби тозанашри худро бо ном “Журналистика ва маърифати экологӣ” ба омӯзгорони факултети филология ва рӯзноманигорӣ тақдим намуд. Китоби мазкур масъалаҳои боло бурдани сатҳи маърифати экологии ҷомеаро дар бар мегирад.

Бояд зикр кард, ки мувофиқи нақша – чорабиниҳои шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ чунин дарсҳои ибратбахш моҳе ду маротиба бо иштироки беҳтарин журналистони ҷумҳурӣ ва омӯзгорони соҳибкасб баргузор карда мешаванд.