ДАСТОВАРДҲОИ АРЗИШМАНД ДАР ОЗМУНИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

Боиси ифтихор аст, ки ҳамасола дар шаҳри Душанбе озмунҳои стипендияи Раиси шаҳри Душанбе барои хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии шаҳри Душанбе ва ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ доир карда мешавад.

Дар озмунҳои мазкур соли равон кормандону омӯзгорон ва донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода низ ширкат карда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Аз ҷумла сардори раёсати тарбия Маҳмадсаид Ғафуров аз рӯйи номинатсияи адабиёт барандаи ҷоизаи Раиси шаҳри Душанбе ва донишҷӯйи курси сеюми факултети забонҳои Аврупо Насим Давлатшоҳзода гирандаи стипендияи Раиси шаҳри Душанбе гардиданд.

Ин дастовардҳои арзишманд ба аҳли Донишгоҳ муборак бошад!