Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода чорабиниҳои фарҳангӣ – фароғатӣ, семинару вохӯриҳо, дарси кушоду аксияи таблиғоти либосҳои миллӣ ва ҷалби омӯзгорону донишҷӯён ба маконҳои ҷолибу диданӣ, таърихию фарҳангии шаҳри Душанбе, роҳандозӣ карда шудааст.
Бо мақсади тамошои маконҳои ҷолибу дилфиреби пойтахти азизамон шаҳри Душанбе бо ташаббуси садорати факултети филология ва рӯзноманигорӣ ҳайати садорат ва донишҷӯёни факултет аз китобхонаи миллӣ, пайкараи шоҳ Исмоили Сомонӣ, боғи фарҳангӣ – фароғатии устод Рӯдакӣ ва Парчами миллӣ дидан намуданд.
Суратгузориш аз рафтӣ томошои дастаҷамъонаи омӯзгорону донишҷӯёни факултети филология ва рӯзноманигорӣ







