ХИЁНАТ БА ВАТАН ҲАМЧУН ШИКАСТИ АХЛОҚ: ВИҶДОН ДАР МАРҲИЛАИ БУҲРОН

Хиёнат метавонад амали шикастани вафо дар низоми муайяни қудрат ва арзишҳо муайян кард. Ин таъриф имкон медиҳад, ки падидаи хиёнат дар тамоми марҳилаҳои таърихӣ ба таври умумӣ дарк карда шавад. Хиёнат шакли вайроншавии низоми арзишии ҷаҳонбинӣ мебошад, ки дар он инсон аз меъёрҳои виҷдонӣ, эътиқодӣ ва иҷтимоии худ дур шуда, робитаи маънавии худро бо ҳақиқат, адолат ва масъулият қатъ мекунад. Инсон ҳақиқатро медонад, вале онро рад мекунад.

Хиёнат тафсири ғалати воқеият аст, ки дар он инсон ҳақиқатро ба нафъи худ дигаргун месозад. Инсон воқеиятро намебинад, балки мехоҳад онро ба манфиати худ маънидод кунад. Хиёнат шикасти низоми ҷаҳонбинии инсон аст, ки дар он робитаи ӯ бо ҳақиқат, виҷдон ва адолат вайрон мегардад.

Мафҳуми «хиёнат» дар уфуқи тафаккури фалсафӣ як гиреҳи ахлоқӣ мебошад, ки дар он муносибати сегонаи шахс, давлат, ҳақиқат ба ҳолати таниши ҳаддӣ мерасад. Ин мафҳум, дар асл, нуқтаи бархӯрди низомҳои гуногуни арзишӣ аст, ки дар маънои ҳастии инсон ҳамчун субъекти ахлоқӣ зери суол қарор мегирад. Аз аҳди бостон то замони муосир, хиёнат ҳамеша дар марзи нозуки бархӯрди се низоми бунёдӣ қарор доштааст: низоми қонун тартиботи зоҳирии иҷтимоӣ, низоми виҷдон меъёри ботинии ахлоқӣ ва низоми манфиат муҳаррике, ки чӣ гуна мо ҳақиқатро мешиносем ва чӣ гуна мо бояд амал кунем. Маҳз дар фазои бархӯрди ин се низом, хиёнат фурӯпошии тартиботи вафо зуҳур мекунад, ки инсонро аз низоми маънавии ҳастӣ ҷудо сохта, ӯро ба ҳолати бегонашавии экзистенсиалӣ ворид менамояд.

Дар ин замина, хиёнат бояд ҳамчун падидаи дугона фаҳмида шавад: аз як су амали ҳуқуқан муҷозотшаванда, ки дар доираи низоми давлатдорӣ арзёбӣ мегардад; аз суйи дигар рӯйдоди экзистенсиалӣ, ки дар он инсон миёни садоқат ба сохторҳои зоҳирии қудрат ва садоқат ба ҳақиқати ботинӣ қарор мегирад. Дар ҳамин нуқтаи буриш, масъалаҳои адолат, масъулияти таърихӣ ва виҷдони инфиродӣ ба таври шадид ба ҳам мепайванданд.Аз ин рӯ, масъалаи марказии таҳқиқот масъалаи бунёдии фалсафаи ахлоқ ва маърифат мебошад: Оё хиёнат ҳамчун нақзи вафо ҳамеша дорои табиати зиддиахлоқист, ё дар шароити муайяни таърихӣ метавонад ба сифати зуҳури виҷдони муқовиматкунанда, яъне шакли олии садоқат ба ҳақиқат ва адолат таҷассум меёбад? Ин савол ба масъалаи мақом, дараҷа ва функсияи муайян садоқатҳоро миёни давлат, қонун, виҷдон ва ҳақиқат ба меҳвари таҳлил табдил медиҳад. Дар ҳамин замина, хиёнат падидаи бисёрсатҳӣ ва динамикӣ зуҳур мекунад, ки фаҳмиши он танҳо дар доираи ҳамгироии фалсафа, ҳуқуқ, сотсиология ва герменевтикаро тақозо менамояд.

МАФҲУМИ ИЛМИИ ХИЁНАТ БА ВАТАН

Дар фазои тафаккури фалсафаи ҳуқуқ, мафҳуми «хиёнат ба ватан» яке аз сутунҳои меъёргузории амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳастии давлат зуҳур мекунад, ки он дар доираи ақидаҳои муосири ҳуқуқӣ ҳамчун амали дорои дараҷаи олии хатарнокии ҷамъиятӣ тафсир гардида, ба сатҳи ҷиноятҳое мансуб мешавад, ки мустақиман ба пояҳои ҳастии давлат латма ворид месозанд.

Аммо, дар партави таҳлили виҷдоншиносӣ, ин мафҳум фаротар аз як категорияи формалии ҳуқуқӣ қарор гирифта, ба як падидаи онтологӣ ва ахлоқшиносӣ табдил меёбад, ки дар он муносибати инсон бо давлат, ҳақиқат ва масъулияти таърихӣ таҷассум меёбад.

Хиёнат ба ватан маҷмӯи амалҳои қасдан анҷомёфтаест, ки бо огоҳии комили субъективӣ ба амнияти миллӣ, соҳибихтиёрии сиёсӣ ва манфиатҳои стратегии давлат зарари воқеӣ ё эҳтимолӣ мерасонанд ва ҳамзамон боиси шикасти пайванди вафо байни шахс ва низоми иҷтимоӣ мегарданд.

Дар доираи таҳлили ҳуқуқи ҷиноятӣ, ба ин категория амалҳои зерин ворид мешаванд:ҳамкорӣ бо душман шакли хиёнати фаъол, ки дар он субъект ба манфиати неруҳои мухолиф амал менамояд;фош намудани сирри давлатӣ ихроҷи иттилооти маҳфуз, ки ба тавозуни амниятӣ халал мерасонад;иштирок дар фаъолияти тахрибкорона амалиётҳое, ки ба суст кардани сохторҳои давлатдорӣ нигаронида шудаанд;кӯмак ба неруҳои хориҷӣ дастгирии моддӣ, иттилоотӣ ба субъектҳои беруна дар муқобили давлат. Дар аксари низомҳои ҳуқуқӣ, ин ҷиноят бо ҷазоҳои ниҳоят вазнин пешбинӣ мегардад, ки ин ҳолат нишондиҳандаи аҳаммияти бунёдии он барои ҳифзи давлатдорӣ мебошад. Аммо, маҳз дар ҳамин нуқта, таҳлил ба миён меояд: оё ҳар амале, ки аз нигоҳи қонун хиёнат шуморида мешавад, аз нигоҳи виҷдон низ чунин аст?Дар доираи герменевтикаи виҷдоншиносӣ, хиёнат шикасти ахлоқии муносибати вафо мебошад, ки дар он инсон ба арзишҳои худ, ба ҳақиқат ва ба масъулияти маънавии худ рӯй мегардонад. Бо ин маъно, масъалаи хиёнат саволи марказӣ чунин ифода меёбад:Оё садоқат ба давлат бояд ҳамеша болотар аз садоқат ба ҳақиқат ва виҷдон қарор дошта бошад, ё дар шароити муайян, шикастани меъёри ҳуқуқӣ метавонад шакли олии садоқати ахлоқӣ мегардад?

ТАҶРИБАИ ТАЪРИХИИ ҶАҲОН

Хиёнат дар ҳар давраи таърихӣ шакли зоҳирии худро тағйир медиҳад, аммо моҳияти он гусастани иртиботи маънавии инсон бо арзишҳои олӣ боқӣ мемонад. Аз ин лиҳоз, таърихи хиёнат пеш аз ҳама таърихи тағйирёбии худи мафҳуми вафо, садоқат ва масъулияти виҷдон мебошад, ки дар он инсон ҳамеша дар миёни озодӣ ва масъулият қарор мегирад.

Юнони ҚадимДар уфуқи тафаккури онтологӣ сиёсии Юнони Қадим, мафҳуми хиёнат зуҳури ихтилоф миёни инсон ва тартиботи маънавӣ сиёсии «полис» ташаккул меёбад. Полис дар ин ҷо танҳо як воҳиди ҳастишиносӣ ва ахлоқӣ мебошад, ки дар доираи он инсон маъно, ҳувият ва мақсади вуҷудии худро пайдо мекунад.

Дар чунин низом, хиёнат пеш аз ҳама ҳамчун гусастани иртиботи маънавии инсон бо ҷомеаи худ ва вайроншавии ҳамоҳангии ахлоқии полис фаҳмида мешавад. Яъне, он на танҳо амал, балки ҳолати бегонашавии виҷдон нисбат ба арзишҳои умумӣ мебошад.

Тамаддуни миллати тоҷик дар фазои тамаддуншиносии тоҷикон, ки дар осори ҷовидонаи Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ ва Абдулқодири Бедил ба таври олӣ таҷассум ёфтааст, мафҳуми хиёнат ҳамчун падидаи ҳастишиносӣ ахлоқӣ ва шикасти ботинии инсон баррасӣ мегардад. Ин ҷо хиёнат пеш аз ҳама аз доираи қонун ва сиёсат берун рафта, ба виҷдон, маърифат ва ҳастии инсон иртибот пайдо мекунад.

Хиёнат дар ин анъана зуҳури суқути виҷдон, шикасти худшиносӣ ва гум кардани тавозуни ботинии инсон мебошад;

Арзишҳои вафо, номус, садоқат ва шараф ҳамчун категорияҳои бунёдии ҳастии инсон матраҳ гардида, пояҳои ҳастии маънавии шахсиятро ташкил медиҳанд;

Дар осори Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ ва Абдулқодири Бедил мафҳуми хиёнат падидаи маънавӣ-онтологӣ матраҳ мегардад, ки дар он инсон аз низоми ҳастии худ берун мешавад ва бо виҷдони худ дар ҳолати ихтилоф қарор мегирад.Эй хирадманд, гумон бар, ки ҷаҳон хуб дарахтест,Ки бар ӯ аҳли хирад хушмазаву бӯи симоранд.

Хиёнат дар тафаккури классикии тоҷикӣ як падидаи мураккаби маънавӣ аст, ки дар он инсон аз тартиби ҳастии худ хориҷ шуда, маънои воқеиятро таъриф намуда, виҷдони худро ба хомӯшӣ мебарад. Ин раванд инсонро аз мақоми маърифат ба сатҳи бегонагии вуҷудӣ мефурорад ва ӯро ба унсури вайронкунандаи низоми ахлоқ табдил медиҳад.

Аз ин рӯ, хиёнат пеш аз ҳама хиёнат ба худ, ба ҳақиқат ва ба рисолати инсон мебошад. Ва вақте ки виҷдон ба давлат гӯш медиҳад: Ин изҳороти пурмуҳтаво ва маънавии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳеҷгоҳ хиёнат ба Ватан, хиёнат ба давлат, ба миллат накунед» дар самти ахлоқ ҳамчун як нидои бунёдгузори маърифати виҷдон дарк мегарданд. Ин сухан на танҳо дастурест барои рафтор, балки усулномаи ҳастишиносии маънавиест, ки асосҳои масъулияти ҳар як фардро ба худогоҳии миллии он такя мекунанд.

Нидои Пешвои миллат ҳамчун як навъи маънавии иртиботи виҷдон бо сохтори давлат ва фарҳанги миллӣ баромад мекунанд. Дар фазои маърифати таърихӣ, он таҷассуми масъулияти виҷдонӣ ва худогоҳии таърихист. Сухани Пешвои миллат дар самти маънавиёт рамзи муҳовараи ботинӣ миёни виҷдони инсон ва суботи давлат мебошад, ки дар он виҷдон ҳамчун ниҳоди маърифати амалкунанда зуҳур мекунад. Ин иртиботи ботинӣ заминаи ахлоқро фароҳам месозад, ки миллат тавассути он худро дар замон ва маърифат таҷдид мекунад.

Пешвои миллат, бо шеваи ахлоқии бо таҳаммул инсонро ба посдории виҷдон даъват мекунанд, зеро виҷдон бояд бо рӯҳи Ватан ҳамсадо бошад. Дар ин нидо, Пешво бо мафҳуми хирад, ки решаи виҷдон аст, муроҷиат мекунанд ва бо забони виҷдони таърих ҳушдор медиҳанд: хиёнат ба Ватан на танҳо амали зиддисиёсӣ, балки вайрон кардани пойдевори маънавии миллат мебошад. Инсоне ки ба Ватан хиёнат мекунад, дар асл ба тамоми мероси маънавии миллат таърих, фарҳанг, забон, гузашта, модар ва ниҳоят ба Худо хиёнат мекунад. Ин афкор, нишонаи муҳовараи ботинӣ бо замири миллат ва аломати канда шудани пайванди маънавиест, ки инсонро аз манзалати виҷдонӣ берун мекунад.

Мафҳуми Ватан як бадани маънавии мураттаб мебошад, ки виҷдони инсон дар он ҳамчун рӯҳ дар тан ҷойгир аст. Ватан чун муҳити ташаккули рӯҳ дарк карда мешавад, ки дар он инсон бо ҳастии маънавии худ ҳамбаста аст. Аз ин дидгоҳ, хиёнат ба Ватан баробар бо хуруҷи рӯҳ на танҳо тани маънавии инсон, балки тамоми арзишҳои миллат мебошад. Ин амал ҳамчун шикастани пайванди рӯҳӣ ва халал ба низоми маърифати таърихӣ дарк мегардад, ки фардро аз заминаи худшиносии миллӣ ва суботи маънавӣ ҷудо мекунад.

Дар тасаввуф, муҳаббати Ватан танҳо як эҳсоси эҳтиром нест, балки шакли олии ибодат ва иртиботи маънавӣ бо ҳақиқат мебошад. Ҳар касе ки аз муҳити маънавии Ватани худ мегурезад, дар асл аз фазои маърифати Худо низ хориҷ мегардад. Хиёнат ба давлат шикастани низоми маънавии ҳамзистӣ буда, давлат, ба таъбири Арасту, на танҳо василаи маъмурӣ, балки муҳити ташаккули ахлоқ ва хирад мебошад. Дар диди Пешвои миллат, давлат таҷассуми иродаи миллӣ ва пояи суботи маърифати ҷамъиятӣ мебошанд. Аз ин рӯ, хиёнат ба давлат маънои гусастани робитаи виҷдон бо хотираи таърихӣ ва ормонҳои суботофаринро дорад. Чунин хиёнат шикастани аҳд бо рӯҳи адолати таърихӣ аст, ки шахсро аз низоми маънавии ҷомеа хориҷ месозад. Давлат танҳо низоми ҳуқуқӣ нест он пазириши виҷдон дар шакли иҷтимоӣ ва кафолати озодии маърифатии инсон аст. Пас, хиёнат ба он ин радди ҳуввияти маънавии худ ба шикасти робитаи ахлоқӣ бо ҷомеа мебошад.

Ба ҳамин далел, шахсе ки ба давлат хиёнат мекунад, дар асл ба озодии хеш, ба виҷдони таърихӣ ва ба рӯҳи маънавии ҷомеа хиёнат мекунад. Дар ин равшанӣ, хиёнат ба давлат маънои буридани пайванди шахс бо зуҳури таърихии озодӣ ва фурӯ рафтан ба холигии маънавиро дорад. Миллати тоҷик, ки дар оғози истиқлолият бар асари ҷанги шаҳрвандӣ ба вартаи нобудӣ афтида буд, маҳз тавассути роҳнамоии хирадмандонаи Пешвои миллат ва бо шарофати якпорчагии давлат тавонист аз ин буҳрони ҳасти раҳо биёбад.Миллат, ҷисми муштараки виҷдони таърихист, ки бе ирода ва садоқати фарзандонаш, наметавонад суботи маънавии худро ҳифз кунад. Пас хиёнат ба миллат ин радди ҳуввияти маънавӣ, шикастани пайванди хотира ва гусастани робитаи виҷдон бо маърифати гузаштаи таърихист.

Дар тафаккури ҳикмати Пешвои миллат воситаи муколамаи ботинӣ миёни инсон ва мафҳумҳои муқаддаси ҳастӣ хизмат мекунанд. Вақте шахс ба ин пояҳо хиёнат мекунад, ӯ дар асл на танҳо ба муҳити иҷтимоӣ, балки ба замири хеш, ба худи инсон буданаш хиёнат мекунад. Ин иртибот, равиши маърифатест, ки инсонро ба худшиносӣ ва пос доштани виҷдон водор месозад.

Дар ин равшанӣ, Пешвои миллат ҳамчун ҳикматшинос, суботи маънавии миллатро на танҳо дар тасвири воқеият, балки дар қонунияти маърифати амалкунанда шарҳ медиҳанд. Пешвои миллат тавонистаанд арзишҳои ахлоқӣ ва таърихиро ба забони воқеият табдил диҳанд, ки дар он виҷдон, худшиносӣ ва иродаи маънавӣ чун неруҳои таҳрикдиҳандаи суботи миллӣ зуҳур мекунанд. Дар сухани Пешво воқеият шакли зоҳирии ҳикмат ва виҷдон аст, ки тавассути он миллат худро дар замон мураттаб месозад.

Хиёнат ба он шикастани заминаи маънавиест, ки шахсияти инсон бар он бино ёфтааст. Хиёнат ба Ватан шикастани пояҳои ҳастишиносии фард аст, ки шахсиятро аз заминаи ахлоқӣ ва таърихии худ ҷудо месозад. Чунин хиёнат буридани пайванд бо худ аст, ки маънои фурӯпошии рӯҳ ва фирори маънавиро дар бар мегирад. Хиёнат ба давлат шикастани низоми маънавии ҷамъият ва виҷдони таърихист. Хиёнат ба он маънои гусастани пайванди виҷдон бо ормонҳои адолат, субот ва тамаддунро дорад. Пешвои миллат давлатро ҳамчун амонати муқаддаси таърихӣ ва рукни хиради ҳуввияти миллӣ муаррифӣ менамоянд, ки фурӯпошии он латма ба пояҳои виҷдонии ҷомеа ва пойдории маънавии миллат аст.

Хиёнат ба миллат буриш бо замири таърихии ҷамъият ва гусастани робитаи маънавии фард бо рукнҳои ҳастии миллӣ мебошад. Миллат, дар фаҳмиши фалсафӣ, як ҷисми маънавӣ ва таърихист, ки забон, хотира, фарҳанг, ормон ва арзишҳоро ба мисли рӯҳи зиндаи иҷтимоӣ бо ҳам мепайвандад. Ҳифзи миллат, ба ин маънӣ, на танҳо ҳимояи як ҷисми иҷтимоӣ, балки нигаҳдории паймони виҷдон бо таърих ва иродаи маърифатии гузаштагон аст. Шахсе ки ба миллат хиёнат мекунад, дар асл аз рӯҳи худ ҷудо мешавад, ба фарзандони оянда ва ба шаъни маънавии гузашта беэҳтиромӣ мекунад ва симои худро дар оинаи таърих торик мегардонад.

Хиёнат ба Ватан рӯй гардонидан аз қиблаи маънавӣ ва буридани иртибот бо пояҳои ҳастии ахлоқист. Муҳаббати Ватан ибодати заминест, ки маърифати инсон дар он рӯйидааст.

Далер КОМИЛОВ, мудири кафедраи таърих ва робитаҳои байнифарҳангӣ