“ПИРИ ҲАКИМОНИ МАШРИҚЗАМИН” АСАРИ МОНДАГОРИ УСТОД СОТИМ УЛУҒЗОДА

Боиси ифтихори мо тоҷикон аст, ки Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади арҷгузорӣ ба саҳми фарзанди бузурги миллати тоҷик Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тандурустӣ ва рушди илми тиб дар арсаи ҷаҳон таъсис дода шуд.

Ин ташаббуси навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб иқдоми камназир ва мондагор маҳсуб меёбад. Ин ҷоиза ҳамакнун дар сатҳи байналмилалӣ мақоми хоса дошта, боз як қадами муҳим дар самти омӯзиши осори илмии ин фарзанди фарзонаи мардуми тоҷик дар ҷаҳон мебошад. Дар бораи Шайхурраис Абӯалӣ ибни Сино бисёр асарҳо, мақолаҳо ва осорҳои илмию адабӣ ба қалам дода шудааст. Муҳаққиқон, нависандагон, мутарҷимону олимони барҷастаи дунё доир ба зиндагинома ва осори илмии шоир сухан кардаанд.

Аз ҷумла, яке аз чунин қаламкашоне, ки доир ба Абӯалӣ ибни Сино асари мукаммале навишт устод Сотим Улуғзода мебошад. Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода корнамоиҳои бемислро ба сомон расонида, барои рушду такомули адабиёт, фарҳанг ва таърихи халқи тоҷик саҳми босазо гузоштааст. Сотим Улуғзода оид ба рӯзгор ва эҷодиёти шахсиятҳои барҷастаи миллат, чун Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носир Хусрав, Аҳмади Дониш ва даҳҳои дигар асару мақолаи зиёдеро таълиф намуда, ки ҳар яке аз он аҳммияти бузурги адабӣ, илмӣ ва таърихӣ доранд.

Улуғзода бори дигар ба ҷаҳониён бо навиштани шоҳасари худ “Пири ҳакимони Машриқзамин”, ки соли 1980 нашр шудааст, собит кард, ки фарзанди фарзонаи миллат Абӯали ибни Сино фарзанди асили тоҷик аст ва ӯ на турк асту на араб, ки ин асар дорои қиматарин сарчашмаи илмӣ ба шумор меравад. Асари “Пири ҳакимони Машриқзамин” бисёр шефтаву равон, дорои банду басти мукаммал буд, маҳаки таърихӣ оид ба зиндагӣ ва фаъолияти пурталотуми фарзанди фарзонаи миллати тоҷик Сино мебошад.

Чанд порчае аз асари “Пири ҳакимони Машриқзамин” – и устод Сотим Улуғзода дар бораи забондонӣ ва калимасозиву бузургии Ибни Сино, ки дар воқеъ Сино на танҳо олим, табиби маъруф ва шоир буд, балки ӯ як забоншиноси варзида низ буд:

“Шайхурраис китоби “Донишномаи Алоӣ” – ро ба забони модариаш, замоне ки дар Исфаҳон мезист, барои ҳомии худ амир Алоуддавла навиштааст. (Ин амири олимпарвар забони арабиро намедониста ва мегуфтааст, ки агар илмҳо ба форсӣ мебуданд, вай онҳоро медонист). Ӯ (Ибни Сино) дар он аср илмҳоро, ки фалсафа дар бар мегирифт: мантиқ, табииёт, ҳайат (нуҷум), илоҳиёт, назарияи мусиқиро нахустин бор ба забони форсии дарӣ – тоҷикӣ баён кард. Чун пеш аз он дар ин илмҳо ба форсӣ – тоҷикӣ асар навиштан расм набуд, терминҳои илмӣ ҳам дар ин забон муқаррар нашуда буданд.

Ибни Сино дар “Донишнома” ва дигар асарҳои ба забони дарӣ навиштааш нахустин бор барои забони модарии худ як силсила терминҳои илмӣ вазъ кард. Вай ин корро бо се усул мекард: ё калимаҳои муносибро аз забони зинда чида мегирифт, ё терминҳоро аз арабӣ ба форсӣ айнан (бо усули калка) тарҷима мекард, ё ки аз арабию форсӣ таркибе (калимаи мураккабе) месохт. Терминҳои вазъкардаи ў нишон медиҳанд, ки вай ба ин усули охир ин корро низ ниҳоят донишмандона, “бўалиёна” анҷом додааст”.

Нависанда Сотим Улуғзода дар робита ба зодгоҳи Абӯалӣ ибни Сино бисёр моҳирона ва далелҳои раднопазирро дар мавзӯи “Суроғи зодгоҳи Ибни Сино” меорад ва бо маҳорат менависад:

“Худи Шайхурраис Абуалӣ ибни Сино ва таърихнависони баъди вай гузашта зодгоҳи Шайхурраисро деҳаи Афшана навиштаанд, аммо ин вақт дар вилояти Бухоро Афшана ном деҳае нест. Дар райони Рометан Лағлақа ном деҳае ҳаст, ки аз рўи ривоятҳо Афшана номи пештараи ҳамин деҳа будааст. Як деҳаи дигар ҳаст, номаш Испана (Испанӣ), аммо ин деҳа ба он чи ки таърихнависи асри Х1 Наршахӣ дар бораи Афшана навиштааст, дуруст намеояд; бо вуҷуди ин чанде пеш яке аз олимон ҳамин “Испана” – ро вайроншудаи “Афшана” дониста, ватани Абуалӣ ибни Синоро ҳамон ҷо қарор додааст”.

Ҳамчунин робита ба симо ва ва сирати Абӯалӣ ибни Сино дар асари “Пири ҳакимони Машриқзамин” Сотим Улуғзода тавонистааст, ки далелҳои тахрихӣ ва амиқро ба хонандагон бирасонад ва бузургии Ибини Синоро муаррифӣ намояд:

“Дар сирати Шайхурраис пеш аз ҳама пурҳавсалагӣ, пуркории ҳайратангези ўро бояд қайд кард. Ин сифатро вай аз синни кўдакӣ дар сояи тарбияи падари фозилаш ва модари ғамхораш дар худ парварид. Аз гуфтаи худаш, ў дар синни навҷавонӣ рўзу шаб аз мутолиа намеосудааст. Маълум мешавад, ки вай ҳанўз дар айёми наврасӣ ба кашиши дилхушиҳо, бозиҳо, дигар майлу ҳавасҳои хоси ҷавонӣ, ки агар аз ҳад гузаранд вақти гаронбаҳоро, ки дар он синну сол бояд сарфи донишомўзӣ шавад, зоеъ мегардонанд, дода нашуда, онҳоро ба иродаи худ тобеъ карда тавонистааст. Баъдҳо, вақти мусофирати Эрон, вай хоҳ дар хонаҳои мардум ва хоҳ дар зиндон бошад, хоҳ дар сафар ва ё дар маснади вазорат, – дар ҳама ҷо, дар ҳама шароит, кори илмии худро тарк намекард. Ў дар илм фидоии азхудгузаштае буд; медонист, ки танҳо истеъдоди фитрӣ ҳар қадар хориқулодда ҳам бошад, бе пуркорӣ намесабзад, маҳсул намедиҳад. Одамӣ чи андозае бояд пурҳавсалаю пуркор бошад, ки шаб аз сари ҷойнамози хуфтан барнахоста то саҳар аз илм панҷоҳ саҳифа нависад, чунон ки Шайхурраис дар ҷавоби суолҳои олимони Шероз навишт”.

Инчунин дар ҷои дигари ин асар Сотим Улуғзода аз беназирӣ, бузургӣ ва матонати Ибни Сино сухан мекунад ва ин фарзона фарзанди бузурги миллатро олими пуркору тавонно, соҳиби истеъдоди фитрӣ арзёбӣ мекунад:

“Дигар аз хусусиятҳои Шайхурраис ҳофизаи беназири ўст. Олим дар воқеъ ҳофизаи мўъҷизаосое дошт, ки муосиронаш аз он дар ҳайрат буданд ва мо ҳам имрўз дар ҳайратем. Ў дар китобхонаи султонии Сомониён китобҳои нодири илмиро ёфта ва ҳарисона мутолаа карда, донишҳои омўхтаашро ё бештарини онҳоро дар ёдаш нигоҳ дошт ва аз он пас асарҳои худро, аз ҷумла чанд фасли китоби фалсафии худ “Шифо”-ро, чунон ки Ҷузҷонӣ гувоҳӣ медиҳад, “бидуни ин ки дастрасе ба китобе дошта бошад ва ё ба асли онҳо муроҷиат кунад”, аз ёд навишт. Ба ростӣ ҳам, “Савоналҳикмат ”-и дар сўхтор нобудшуда дигар фақат дар ҳофизаи Ибни Сино монда буд; сарчашмаҳо ҳама дар хазинаи ёди ў буданд. “Мофавқуттабиа”-и Арастуро ў чиҳил бор хонд, то он ки китобро қариб ҷумла ба ҷумла ҳифз кард”.Сотим Улуғзода дар фарҷоми ҳамин боби асари худ, иброз медорад, ки Абӯалӣ ибни Сино фарзанди фарзонаи миллати тоҷик аст ва бузургии ӯ дар донишу ирода ва қавӣ будани матонаташа будааст.

Ҳамчунин Сотим Улуғзода Ибни Синоро фарзанди башар ёд мекунад.

“Инак имрўз ҳар он чи мо дар бораи зиндагонӣ ва эҷодиёти илмии ў медонем, ба мо шахсияти яке аз доҳиёни донишу фарҳанги башар, яке аз бузургтарин хирадмандони ҳамаи замонҳо, яке аз барҷастатарин мардони таърихи тамаддуни инсоният – Шайхурраис ва Ҳуҷҷатулҳақ, Ҳакиммалҳукамо Абуалӣ ибни Синоро ҳамин гуна мешиносанд. Ў дар соли 1037 мелодӣ вафот кард. Қабраш дар шаҳри Ҳамадони Эрон зиёратгоҳ аст.”

Шинохтани халқи худ ва эҳтиром гузоштан ба он вазифаи ҳар як фарди бедордил аст. Дар воқеъ, нависанда, мутарҷим устод Сотим Улуғзода тавонист бо навиштани шоҳасарҳои худ барои аз нав зинда гардонидани номи бузургони миллат саҳми босазо гузоштааст.

Боиси ифтихор аст, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 январи соли 2025 нимаи дуюми моҳи августи соли 2025 дар Тоҷикистон 1045 – солагии олими забардасти тоҷик, нобиғаи ҳама давру замон, табиби оламшумул, шоир, ҳаким Абуалӣ ибни Сино дар сатҳи баланд таҷлил гардид.

Бузургонро бузургон зинда медорад. Бигзор дар пайравии Пешвои муззами миллат барои ҷовид нигоҳ доштани номи номварони миллат саҳмгузор бошем.

Шаҳзод ҚАЮМОВ, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳ.