Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ бизнес ва сиёсати Тоҷикистон 8 – уми майи соли 2026 маросими ҷамъбастии даври ниҳоии Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таҳти унвони “Тавонно бувад ҳар ки доно бувад…” баргузор гардид.
Шоистаи зикру ифтихор аст, ки дар ин олимпиада дастаи олимпии Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуда, сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм ва ифтихорӣ шуданд:
- Абдусамадова Азиза, донишҷӯйи курси сеюми факултети равияи омӯзгории забони англисӣ, аз фанни педагогикаи умумӣ – ҷойи 1-ум;
- Раҳимзода Марям, донишҷӯйи курси дуюми факултети равияи омӯзгории забони англисӣ аз фанни забони англисӣ – ҷойи 2-юм;
- Азимова Шоҳина, донишҷӯйи курси сеюми факултети тарҷумонии забони англисӣ аз фанни назарияи иқтисодӣ – ҷойи 2-юм;
- Шопулатова Зарина, донишҷӯйи курси сеюми факултети забон ва адабиёти рус аз фанни забони русӣ – ҷойи 3-юм;
- Суфиева Хуршеда, донишҷӯйи курси сеюми факултети филология ва рӯзноманигорӣ аз фанни забон ва адабиёти тоҷик – сазовори ҷойи ифтихорӣ;
- Соғинбоев Асадбек, донишҷӯйи курси сеюми факултети равияи омӯзгории забонҳои Шарқ – сазовори ҷойи ифтихорӣ гардиданд.
Мавриди зикр аст, ки дар олимпиадаи ҷумҳуриявии имсола 490 нафар донишҷӯ аз 46 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар иштирок намуданд. Озмун аз рӯйи 15 фанни таълимӣ дар доираи ду равия — фанҳои гуманитарӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фанҳои табиатшиносию риёзӣ баргузор гардид.
Ба раёсат, кормандон ва донишҷӯёни саодатманди Донишгоҳ ин дастоварди арзишманду таърихӣ муборак бошад!




