Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муқаддасоти миллӣ ва рамзҳои асосии соҳибистиқлолии давлат ба шумор рафта, таҷассумгари таъриху фарҳанг, арзишҳои миллӣ, худшиносӣ ва ягонагии мардуми тоҷик мебошад. Он на танҳо нишонаи расмии давлатдорӣ, балки рамзи озодӣ, истиқлолият, ифтихори миллӣ ва ормонҳои таърихии халқи тоҷик аст. Аз ин рӯ, эҳтиром ба Парчами давлатӣ нишонаи муҳими худшиносии миллӣ ва масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа ба ҳисоб меравад.
24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории навини тоҷикон саҳифаи тоза боз намуда, барои таҳкими рамзҳои миллӣ ва муаррифии давлат дар арсаи байналмилалӣ замина гузошт. Ҳамасола таҷлил гардидани Рӯзи Парчами давлатӣ имконият фароҳам меорад, ки насли наврасу ҷавон бо таърих, мазмун ва аҳаммияти ин муқаддасоти миллӣ бештар шинос гардад.
Дар шароити ҷаҳонишавӣ, густариши фазои иттилоотӣ ва таъсири равандҳои гуногуни фарҳангиву иҷтимоӣ масъалаи ҳифзи ҳувияти миллӣ ва тарбияи ватандӯстии ҷавонон аҳаммияти махсус касб менамояд. Ҷавонон ҳамчун неруи пешбарандаи ҷомеа ва идомадиҳандаи анъанаҳои давлатдории миллӣ бояд таъриху фарҳанги халқи худро хуб донанд, ба арзишҳои миллӣ эҳтиром гузоранд ва дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда дошта бошанд.
Ҳувияти миллӣ дар натиҷаи дарки таърих, забон, фарҳанг, анъанаҳо ва эҳсоси мансубият ба Ватан ташаккул меёбад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муттаҳидсозандаи ҷомеа нақши муҳим дорад. Эҳтиром ба он маънои арҷгузорӣ ба таърихи миллат, муборизаҳои гузаштагон барои озодӣ ва дастовардҳои даврони истиқлолиятро дорад. Ватандӯстӣ низ танҳо бо сухан ва эҳсосоти идона маҳдуд намешавад, балки дар рафтори ҳаррӯза, донишандӯзӣ, меҳнати содиқона, эҳтиром ба қонун ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа ифода меёбад.
Ба андешаи ман, ҳамчун омӯзгори муассисаи таҳсилоти олии касбӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва ташаккули ҳувияти миллии ҷавонон яке аз вазифаҳои муҳимми фаъолияти омӯзгорӣ ба шумор меравад. Зеро вазифаи омӯзгор танҳо додани донишҳои касбӣ нест, балки тарбия намудани шахсияти соҳибмаърифат, худогоҳ, масъулиятшинос ва дорои мавқеи устувори шаҳрвандӣ низ мебошад. Махсусан, дар муассисаи таҳсилоти олӣ, ки мутахассисони ояндаи соҳаи маориф омода карда мешаванд, ташаккули эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ аҳаммияти дучанд дорад. Донишҷӯёни имрӯз омӯзгорони фардоянд ва онҳо дар оянда метавонанд ин арзишҳоро ба наслҳои баъдӣ интиқол диҳанд.
Ба андешаи мо, эҳтиром ба Парчами давлатӣ бояд дар амалҳои мушаххаси ҷавонон таҷассум ёбад. Азхуд намудани донишҳои муосир, баланд бардоштани сатҳи касбият, ҳифзи забони давлатӣ, арҷгузорӣ ба мероси фарҳангӣ, риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ ва иштироки фаъол дар ҳаёти ҷамъиятӣ шаклҳои воқеии ифодаи ватандӯстӣ мебошанд. Зеро ояндаи давлат аз сатҳи дониш, маърифат, масъулиятшиносӣ ва фаъолияти созандаи насли ҷавон вобастагии мустақим дорад.
Ҳамин тариқ, Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо рамзи соҳибистиқлолӣ, балки воситаи муҳими тарбияи маънавию ахлоқӣ, ташаккули ҳувияти миллӣ ва баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандии ҷавонон мебошад. Вазифаи мо омӯзгорон, аҳли зиё ва ҷомеаи шаҳрвандӣ аз он иборат аст, ки дар қалби насли ҷавон эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ, муҳаббат ба Ватан ва ҳисси масъулиятро тақвият бахшем.
Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад ва ҷавонони кишвар бо дониш, маърифат, меҳнати созанда ва садоқат ба Ватан дар таҳкими истиқлолият ва ободии Тоҷикистони азиз саҳми арзандаи худро гузоранд!
Қаробоева Лутфия, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забони англисӣ