Парчам дар таърихи давлатдории ҳар як миллат мақоми хосса дошта, яке аз муҳимтарин рамзҳои истиқлолу соҳибихтиёрӣ, ваҳдати миллӣ ва ҳувияти давлатдорӣ ба ҳисоб меравад. Он на танҳо як порча матои ранга, балки таҷассумгари таърих, фарҳанг, ормонҳои миллӣ ва роҳи тайкардаи халқ мебошад. Ҳар як миллат дар симои парчами худ гузаштаи пурифтихор, арзишҳои миллӣ ва умед ба ояндаи дурахшонро мебинад. Барои мардуми тоҷик низ Парчами давлатӣ муқаддасоти миллӣ ва рамзи сарбаландии Ватани соҳибистиқлол мебошад.
Ҳамасола 24-уми ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хос таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи навини давлатдории тоҷикон аҳамияти бузург дорад. Зеро маҳз 24-уми ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI – уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол қабул карда шуд. Ин рӯйдоди таърихӣ дар давраи ҳассоси сиёсиву иҷтимоии кишвар ба вуқӯъ пайваста, барои таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва муайян намудани рамзҳои давлати мустақил замина гузошт.
Парчами давлатии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ иборат аст: рахи болоӣ сурх, рахи миёна сафед ва рахи поёнӣ сабз мебошад. Дар маркази рахи сафед тоҷи тиллоранг ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира ҷойгир шудаанд. Ҳар як ранг ва унсури ин парчам маънои рамзии худро дорад.
Ранги сурх рамзи мубориза ва ҷоннисории халқ барои озодӣ, истиқлол ва ҳимояи Ватан мебошад. Ранги сафед нишонаи бахту саодат, покӣ, нияти нек, умеду орзуҳои неки мардум аст. Ранги сабз бошад, сарсабзиву шукуфоӣ, табиати зебои кишвар, заҳмату меҳнати созанда ва ояндаи ободи Тоҷикистонро ифода мекунад. Тоҷ рамзи соҳибдавлатӣ, соҳибихтиёрӣ ва давлатдории таърихии тоҷикон буда, ҳафт ситора рамзи саодат, хушбахтӣ ва арзишҳои волои миллӣ ба шумор мераванд.
Қобили зикр аст, ки таърихи парчамдорӣ дар миёни тоҷикон решаҳои хеле қадима дорад. Яке аз намунаҳои барҷастаи он “Дирафши Ковиён” мебошад, ки дар ривоятҳои таърихию ҳамосавӣ ҳамчун рамзи озодӣ, адолат ва мубориза бар зидди зулму истибдод ёд мешавад. Ин далел нишон медиҳад, ки парчам дар фарҳангу тамаддуни ниёгони мо аз замонҳои қадим ҷойгоҳи муҳим доштааст. Парчами имрӯзаи Тоҷикистон низ идомаи анъанаҳои давлатдорӣ ва эҳтиром ба арзишҳои таърихии миллати тоҷик мебошад.
Имрӯз Парчами давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти кишвар мавқеи муҳим дорад. Он дар болои биноҳои мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ, майдонҳои марказии шаҳру ноҳияҳо ва намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар парафшон аст. Ҳамчунин, ҳангоми баргузории мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, вохӯриҳои расмӣ ва чорабиниҳои муҳими давлатӣ Парчами Тоҷикистон ҳамчун нишонаи муаррифгари миллат баланд бардошта мешавад.
Яке аз дастовардҳои назаррас дар самти арҷгузорӣ ба Парчами миллӣ бунёди сутуни бузурги Парчами давлатӣ дар шаҳри Душанбе мебошад. Он 9-уми сентябри соли 2011, ба муносибати 20-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ифтитоҳ гардид. Баландии он 165 метрро ташкил дода, дар замони бунёдаш яке аз баландтарин сутунҳои парчам дар ҷаҳон ба ҳисоб мерафт. Ин иншооти бошукӯҳ имрӯз низ яке аз рамзҳои муҳими пойтахт ва ифтихори мардуми Тоҷикистон мебошад.
Ҷолиби диққат аст, ки эҳтиром ба парчами миллӣ танҳо хоси Тоҷикистон нест. Дар кишварҳои гуногуни ҷаҳон низ рӯзҳои махсус ба таъриху аҳамияти парчами давлатӣ бахшида шудаанд. Масалан, дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико 14-уми июн ҳамчун Рӯзи Парчам (Flag Day) таҷлил мешавад. Ин сана ба 14-уми июни соли 1777, вақте ки тарҳи аввалини расмии парчами Амрико тасдиқ гардид, вобаста аст.
Дар Канада 15-уми феврал Рӯзи Парчами миллии Канада таҷлил мегардад. Ин сана ба муносибати аввалин бор расман парафшон шудани парчами баргдор — рамзи маъруфи Канада, дар соли 1965 интихоб шудааст. Дар Мексика бошад, 24-уми феврал Рӯзи Парчам ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз ба гиромидошти рамзи миллӣ ва таърихи ташаккули парчами ин кишвар бахшида шудааст. Ҳамчунин, дар Руминия 26-уми июн ҳамчун Рӯзи Парчами миллӣ таҷлил мегардад.
Ин мисолҳо нишон медиҳанд, ки парчам дар тамоми ҷаҳон на танҳо рамзи давлатӣ, балки воситаи таҳкими худшиносии миллӣ, эҳтиром ба таърих ва муттаҳид сохтани ҷомеа мебошад. Гарчанде санаҳо ва тарзи таҷлили ин рӯзҳо дар кишварҳои гуногун фарқ мекунанд, мақсади асосӣ як аст: гиромидошти рамзи давлат ва бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ дар қалби шаҳрвандон.
Дар воқеъ, таҷлили Рӯзи Парчами давлатӣ дар Тоҷикистон низ аҳамияти бузурги тарбиявию маънавӣ дорад. Дар ин рӯз дар муассисаҳои таълимӣ, ташкилоту муассисаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангиву маърифатӣ, ҳамоишҳо, озмунҳо ва барномаҳои идона баргузор мешаванд. Мақсади асосии онҳо баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтироми насли ҷавон ба муқаддасоти давлатӣ мебошад.
Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон бояд дарк намояд, ки эҳтиром ба Парчами давлатӣ эҳтиром ба Ватан, миллат, таърих ва истиқлоли кишвар аст. Муҳофизат ва арҷгузорӣ ба ин муқаддасот танҳо бо сухан маҳдуд намешавад, балки бояд дар рафтору кирдор, фаъолияти созанда, омӯзиши илму дониш ва саҳмгузорӣ дар пешрафти давлат зоҳир гардад.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи ҳастии миллат, истиқлоли давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва ояндаи дурахшони кишвар мебошад. Он моро ба дӯст доштани Ватан, ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ободонии сарзамини аҷдодӣ ҳидоят мекунад. Бигзор Парчами давлатии Тоҷикистони азиз ҳамеша парафшон бошад ва дар зери сояи он мардуми кишвар дар фазои сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намоянд!
Парчами мо — ифтихори мо, рамзи озодиву сарбаландии миллати мост!
Давлатова Ҳумайро, ассистенти кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносӣ.