ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ – РАМЗИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, нишонаи соҳибистиқлолӣ, ваҳдати миллӣ, худшиносии таърихӣ ва ифтихори ҳар як миллату халқият ба шумор меравад. Парчам дар қалби ҳар як шаҳрванди ватандӯст эҳсоси муҳаббат ба Ватан, садоқат ба давлат ва масъулиятшиносиро бедор мекунад. Он натанҳо як порчаи матои дорои рангҳои муайян, балки таҷассумгари таърихи пурифтихор, фарҳанги ғанӣ, ормонҳои миллӣ ва ояндаи дурахшони давлату миллат мебошад.

Барои мардуми фарҳангсолори тоҷик Парчами давлатӣ рамзи муқаддаси истиқлолият, озодӣ, сулҳу субот ва ягонагии миллӣ мебошад. Эҳтироми Парчам моро ба ёди гузаштагони некном, корномаҳои таърихӣ ва муборизаҳои фарзандони фарзонаи миллат барои ҳифзи сарзамини аҷдодӣ мебарад. Ҳамзамон, дар ташаккули худшиносии миллӣ ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон нақши бузург дорад. Аз ин рӯ, ҳар як шаҳрванд бояд ба ин муқаддасоти миллӣ бо эҳтироми самимӣ муносибат намояд.

24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчами давлатии Тоҷикистон қабул гардид. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи давлатдории тоҷикон мақоми махсус дорад. Минбаъд Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи расмии соҳибихтиёрӣ ва соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи устувор пайдо кард. Ҳамасола 24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Ин сана барои ҳар як шаҳрванди кишвар рӯзи арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва эҳтиром ба давлату миллат аст.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз се рахи уфуқӣ сурх барои фидокорӣ ва истиқлолият, сафед барои сулҳу осоиштагӣ ва ояндаи дурахшон, ранги сабз барои сарсабзию ободӣ ва созандагӣ мебошанд. Парчам моро муттаҳид месозад. Он новобаста аз синну сол, касбу кор, мавқеи иҷтимоӣ ва маҳалли зист ҳамаи шаҳрвандонро дар атрофи як арзиши бузург-Ватани азизамон Тоҷикистон – сарҷамъ менамояд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди фарҳангҳои гуногун масъалаи тарбияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ аҳамияти махсус пайдо мекунад. Дар ин раванд Парчами давлатӣ метавонад ҳамчун воситаи муҳими тарбиявӣ хизмат намояд. Ҳамзамон, муассисаҳои таълимӣ дар ташаккули эҳтироми хонандагон нисбат ба рамзҳои давлатӣ нақши калидӣ дорад. Омӯзгорон бояд ба насли наврас фаҳмонанд, ки эҳтироми Парчам танҳо ба маънои истиқболи он дар чорабиниҳои расмӣ нест, балки пеш аз ҳама, эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ, масъулияти шаҳрвандӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ мебошад.

Парчами давлатӣ муаррифгарӣ Тоҷикистон дар арсаи ҷаҳонӣ мебошад. Ҳар боре ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои байналмилалӣ пирӯз мешаванд ва Парчами миллӣ дар байни давлатҳои ҷаҳон боло меравад, дар ин ҳолат номи Тоҷикистон бо эҳтиром садо медиҳад. Хамчунин, дар нишастҳои байналмилалӣ, муносибатҳои дипломатӣ ва чорабиниҳои сатҳи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон ҳамчун рамзи соҳибихтиёрии кишвар ва нишонаи баробарҳуқуқии он бо дигар давлатҳо парафшон мегардад. Парчам танҳо рамзи дохили давлат нест, балки симои миллат дар ҷомеа ҷаҳонӣ мебошад.

Аз замонҳои бостон то имрӯз парчам ва дирафш дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мардум мақоми хос доштанд. Яке аз намунаҳои барҷастаи ин анъанаи таърихӣ “Дирафши Ковиён” мебошад, ки дар ривоятҳом таърихию ҳамосии мардуми форсу тоҷик ҳамчун рамзи озодихоҳӣ, адолат ва мубориза бар зиди зулму ситам ёд мешавад. Ин рамзи таърихӣ дар шуури фарҳангии мардум ҷойгоҳи хоса дошта, ифодагарӣ ормонҳои деринаи озодиву соҳибихтиёрӣ мебошад. Дар баробари ин, парчами имрӯзаи Тоҷикистон низ дар идомаи суннати давлатдорӣ ҳамчун рамзи соҳибистиқлолии миллӣ арҷгузорӣ мешавад.

Яке аз арзишҳои муҳиме, ки дар мазмуну муҳтавои Парчами миллӣ таҷассум меёбад, сулҳу субот ва оромии ҷомеа мебошад. Сулҳ танҳо набудани ҷанг нест. Сулҳ муҳитест, ки дар он инсон метавонад таҳсил кунад, меҳнат намояд, оила бунёд созад, истеъдоди худро рушд диҳад ва барои ояндаи фарзандонаш нақша кашад. Ҳамаи ин дастовардҳо дар зери Парчами сулҳу озодӣ амали гардида метавонанд.

Аз ин рӯ эҳтиром ба Парчам бояд эҳтиром ба сулҳ, таҳаммулпазирӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ваҳдати ҷомеа ҳамбастагӣ дошта бошад. Ҳар як шаҳрванди кашвар бояд дарк намояд, ки ҳифзи сулҳу субот вазифаи танҳо як сохтори давлатӣ нест, балки масъулияти муштараки тамоми ҷомеа мебошад. Агар Парчам дар баландтарин нуқтаи кишвар парафшон бошаду дар қалби шаҳрвандон эҳсоси масъулият нисбат ба Ватан заиф гардад, мо ҳанӯз ба моҳияти аслии ин рамз нарасидаем. Аммо вақте ки Парчам дар қалби инсон ҷой мегирад, ҳар як амали неки ӯ ба хотири ободии Ватан маънои ватандӯстӣ пайдо мекунад.

Ҳар боре ки Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ парафшон мегардад, ҷаҳон бо номи давлати соҳибистиқлол ва миллати тамаддунофари тоҷик ошна мешавад. Он шаҳодати мавҷудияти давлат, соҳибихтиёрӣ ва иродаи созандаи мардуми мост.

Зайниддини Абдулҳамид, номзади илмҳои филологӣ, муаллими калони кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷик.