Парчами тоҷик таърихи на камтар аз 4500 – сола дошта, сарчашмаҳо замони тавлиди онро ба шоҳ Фаридун нисбат медиҳанд. Дар «Шоҳнома»-и устод Фирдавсӣ гуфта мешавад, вақте ки Коваи Оҳангар бар зидди Заҳҳоки Морон шӯрид, пешдомани чармини худро бар сари найза баст ва бо мардуми зиёд назди Фаридун омад. Фаридун парчами Коваро бо рангҳои сурх, зард, бунафш ва зевари қиматбаҳо оро дода, номашро «Дирафши Ковиён» ниҳод.
Чу он пӯст бар найза бардид кай,
Ба некӣ яке ахтар афганд пай.
Биорост онро ба дебои Рум,
Зи гавҳар бар ӯ пайкару зар-ш бум.
Фурӯҳишт з-ӯ сурху зарду бунафш,
Ҳамехондаш «Ковиёни Дирафш».
(Фирдавсӣ)
Дар ривояти дигар, шоҳ Фаридун савори гови азимҷуссае савор ба ҷанги Заҳҳок меравад. Олоти ҷангии бузург гурз ҳисоб мешуд ва Фаридун низ гурзи говсар дошт ва дар парчамаш бо оби тилло расми говро ҳамчун рамзи зурмандӣ кашида буд. Дирафши Фаридун «Говдизоваш» ном дошт. Азбаски говмард дар урфияти ориёиҳо саравлоди олами ҳайвонот ва наботот шуморида мешавад, ӯро ҳамчун рамзи зурмандӣ дар парчаму сарсутунҳо тасвир мекарданд, аз ҳамин сабаб ҳамаи сарсутунҳои қасри Ҷамшед-Персиполис бо муҷассамаи наргов зинат ёфтаанд.
Муҳаққиқон номи Ковиёнӣ Дирафшро аз номи Кова не, балки онро бо номи кайҳо – шоҳон алоқаманд мекунанд, яъне аввалин шоҳон – кай ном доштанд ва вожаи Ковиён низ аз он реша гирифта шудааст ва шакли пурраи он дирафши Ковиён Дирафши Каёниён шоҳон мебошад. Аз ин ҷост, ки дар Авесто (Ясно 10,14) Гавадирафш ва дар забони паҳлавӣ говдирафш шуда, тамсилест ба маънои зурмандӣ, бузургӣ, ҷунбиш, ҳаракат, ларзиш, ҳайбат ва ғайра.
Дар «Осор-ул-боқия» -и Абурайҳон Берунӣ оварда мешавад, ки Дирафши Ковиён аз пӯсти хирс ва шер сохта онро бо ҷавоҳирот оро медонанд. Шояд дирафш аз пӯсти шер тасвири шери болдор оро дода мешуд. Аз мазмуни матнҳои Авесто бармеояд, ки Дирафши Ковиёнро фарр дар шакли мурғи Фарғин (ҳумо) бо болҳои кушод оро медод.
Вожаи дирафш реша дар дурухш, рӯшноӣ, дурахшанда, дошта, ранги сурх рамзи ҳаёт, зиндагии бардавом, ранги зард ифодаи тилло, покии миллат, нажоди ориёӣ – тоҷикон мебошад. Ранги бунафш ифодаи олами ранги, яъне замину осмон аст. Рангҳои дирафш таҷассуми бузургӣ, покии олами ҳастӣ ва миллати ориёӣ буд.
Парчам дар чӯбдасте баста шуда буд, ки сари он низ симоҳои рамзӣ дошт, аммо онҳо боқӣ намонданд. Азбаски шоҳони Ҳахоманишинӣ худро ворисони Каёниён мешумориданд, шояд дар дирафши онҳо анъанаи Дирафши Ковиён идомат ёфта бошад. Парчами онҳо иборат буд аз чӯбдастаи дароз, ки сари онро қуббаи тилло, тасвири ниммоҳ ва паррандаи фарманд ороиш медод. Ин тасвирҳо рамзи пайванди шоҳ бо Худованд ва олами боло шуморида мешуданд.
Худи дирафш аз матои сурхи се тарафаш бо широза зардузӣ шуда ва поинаш силсиладор, яъне зангӯладор буд, ки дар ҳангоми ҳаракат садо медод.
Дар марказ бо тилло ва сангҳои қимматбаҳо уқоби болкушода дӯзонида шуда буд. Шояд сари Дирафши Ковиён замони Каёниён низ чунин тасвир дошт.
Дар замони Сосониён симои парчам тағйир меёбад, хурду мураббаъ мешавад ва онро чалипо-салиб ба чор бахш тасмим менамояд. Парандаи фарманд (ҳумо) дар сари он бо болҳои кушода қарор дошт.
дирафши имрӯзаи тоҷик низ аз се ранг иборат аст, болои ин рангҳоро тоҷ бо ҳафт сайёра оро медиҳад. Тоҷу сайёраҳо ҳамон рамзи нажодиеро, ки Дирафши Ковиён дошт ифода мекунад, яъне нӯги баланди тоҷ пайванди нажоди моро бо Худованд нишон медиҳад. ҳафт сайёра ифодагари ҳафт табақаи замину осмон, ҳафт кишвар, ҳафт иқлим, ҳафт рӯзи ҳафта, ҳафтдодарон (ситорагон) ҳафт сайёраи бузург, ҳафт амшаспанд ва ғайра мебошад.
Имрӯз дар назди Қасри миллат пояи дар ҷаҳон баландтаринро (65 м.) барои Дирафши Тоҷикон сохтаанд. Ин басо рамзист ва аз Худованд умед дорем, ки сарбаландиву ҷилваю ҷилои он дар мафҳуми комил насибамон мегардад. Аз алвонҷу рахшандагии он ҳисси миллиамон меафзояд, бо меҳнати ҳалол покии пешинро ба даст меорем ва шӯҳрати гузаштагонро дармеёбем.
Дирафши тоҷик ифтихору иқтидору истиқлоли моро афзун менамояд ва ба музаффарият ҳидоят мекунад.
Дар асри XX дар баробари Парчами давлати Шуравӣ парчами ҶШС Тоҷикистон низ парафшонӣ мекард, ки аз мавҷудияти давлати миллии тоҷикон шаҳодат медод. Дар асри гузашта зери ин парчам мардум ба сӯи корнамоиҳои бузург мерафтанд, миллионҳо фарзандони содиқи давлати шӯравӣ ҷони худро барои ҳимояи Ватан нисор карданд.
Пошхӯрии давлати шуравӣ ва соҳибистиқлол гардидани ҷумҳуриҳои он боис шуд, ки ҳар давлати мустақил парчами худро қабул кунад. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол аввалин маротиба дар Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 қабул карда шуд. Он яке аз рамзҳои муҳими истиқлоли миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад.
Дар таърихи 29 октябри соли 2009 дар конференсияи илмӣ-амалии ҷумҳуриявӣ бахшида ба таҷлили 15-умин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми наҷибе пешниҳод гардид, ки 24 ноябр рӯзи Парчами миллӣ эълон карда шавад ва ҳамасола ҳамчун рӯзи Парчами миллӣ ҷашн гирифта шавад. Бо мақсади амалӣ намудану асоси ҳуқуқӣ бахшидан 3 ноябр ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳури Тоҷикистон лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани илова ба қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид ва 19 ноябри ҳамон сол Парламенти Тоҷикистон онро тасдиқ кард. Бояд қайд намуд, ки ин инқдоми наҷибу нек идомаи сиёсати созандагиву бунёдкоронаи ҳукумат ва давлати Тоҷикистон буда, аз ҳар як сокини кишвар ҳисси баланд ватандӯстӣ ва дарки масъулиятро тақозо намуда, насли ҷавони имрӯзаро дар руҳияи баланди хештаншиносиву меҳанпарастӣ ва арҷгузорӣ ба суннатҳои волои давлату давлатдорӣ ва эҳтирому қадршиносӣ ба рамзҳои давлатӣ тарбия менамояд. Зеро Парчам, Нишон, Суруди Миллӣ рамзҳои асосии давлат буда, муҳимтарин идеалҳои сиёсӣ ба шумор рафта, воситаи тарғибу ташвиқи мақсад ва нишонаи соҳибистиқлолии ҳар як давлату миллат мебошанд.
Бояд зикр намуд, ки Парчам ҳарчанд дар таъриху фарҳанги миллати тоҷик мақоми шоистаеро касб карда бошад ҳам, вале то таъсисёбии Ҷумҳурии Шуравии Сотсиалистӣ Тоҷикистон кишвари мо соҳиби Парчам, Нишон ва Суруди миллии мустақил набуд. Ҳатто то соли 1929 дар ҳуҷатҳои муҳимтарини давлатию ҳукуматӣ, дар муҳрҳо ва варақаҳои соҳавии ташкилоту муассисаҳо акси нишон ва парчами Ӯзбекистон нақш баста буд. Соли 1929 баробари таъсисёбии ҶШС Тоҷикистон Кумитаи Иҷроияи Марказии Шуроҳои Тоҷикистон дар бораи қабул ва тасдиқи Парчам ва нишони давлатии Тоҷикистон қарор қабул кард ва бори аввал ба таври расмӣ Тоҷикистон соҳиби Парчам ва Нишони давлатӣ гардид.
Дар асри сипаригардида, 20-марти соли 1953 Укази Президуми Совети Олии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағироту иловаҳо ба байрақи РСС Тоҷикистон интишор гардид, ки мувофиқи он матои байрақ аз чор рахи ранги уфуқӣ: рахи сабз даҳяк ва рахи поин сурх ва панҷяки байрақро мегирифт, ташкил ёфта, дар рахи сурхи боло досу болға ва аз он болотар ситораи сурх акс ёфта буд. Масалан: ранги сурх- ифодаи анъана ва муборизаи инқилоби халқи Шӯравӣ; ранги сафед-инкишофи пахтакориро ҳамчун соҳаи асосии истеҳсолот; ранги сабз- -аз мавҷудияти боғу токзорҳо, дарахтпарварӣ шаҳодат медод, ки ин рангу ифодаҳо то даврони истиқлол боқӣ монданд.
Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон матои росткунча буда, дар он се рахи рангаи ба таври уфуқӣ ҷойгирифта кашида шудааст, рахи боло ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи сабзи поин баробар аст, рахи сафеди байн якуним баробари паҳнои яке аз рахҳои ранга мебошад. Вобаста ба рангҳо ва тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар Сардори давлат чунин қайд кардаанд: «Рангҳои парчами миллии мо ифодагари роҳи таърихии халқи Тоҷикистон ва баёнгари арзишҳои фарҳанги миллӣ ва сиёсӣ мебошанд. Ранги сурх – муборизаву ҷоннисории халқ барои озодӣ ва истиқлол, ранги сафед- нишони бахту саодат, умеду орзу ва ранги сабз – нишонаи сарсабзиву шукуфойӣ, сарбаландию хуррамӣ ва абадият мебошад. Дар байни парчам тасвири тоҷ ва ҳафт ахтар ҷой гирифтааст, ки он ишора ба решаҳои таърихии давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Эълон гардидани истиқлолияти давлатии Тоҷикистон масъалаи тағийр ва қабули рамзҳои давлатӣ: Парчам, Нишон ва Суруди миллиро ба миён овард. Ҳанӯз 12-ноябри соли 1991 Президуми Шӯрои Олии Ҷумҳури Тоҷикистон бо назардошти эъломияи истиқлолияти давлатӣ ва дархости халқ озмун барои беҳтарин матну оҳанги Суруди миллӣ, озмун эълон намуда, низомномаро дар бораи шартҳои асосӣ барои беҳтарин акси Нишон ва Парчам қабул намуд, ки чунин талаботро доро буд.
Парчам ва нишон бояд муҳимтарин омилҳои худогоҳиву хештаншиносӣ ва ифтихори давлатдории миллиро ифода кунанд;
Парчам ва нишон бояд рангҳои миллии худро дошта, таъриху фарҳанги куҳан ва тамаддуни бузурги халқи тоҷикро ифода карда, барои эҳёи миллати тоҷик мусоидат намуда, пайвандгари наслҳо ва ба арзишҳои башарӣ мувофиқ бошанд.
Дар баробари ин қайд гардида буд, ки аз он принсипу аксҳое, ки дар Парчаму Нишони мо дар даврони Шӯравӣ акс ёфта буданд, даст кашида шавад. Зеро ҷомеаи Шӯравӣ арзишҳои маънавиро рад карда, бештар ба арзишҳои моддӣ ва иҷтимоиву синфӣ такя менамуд. Аз ин ҷост, ки дар Парчаму Нишонҳои даврони Шӯравӣ арзишҳои моддиву истеҳсолӣ – досу болға ҳамчун абзори кори коргару деҳқон, барги току ангур, манораи нафткашӣ ҳамчун мояи ифтихори ҳар як миллат акс ёфта буданд. Хӯшаи гандум чун асоси ҳаёти моддӣ пазируфта шуда буд.
Бо назардошти талаботи озмун комиссияи босалоҳият ва ҳайати доварон иборат аз 20 нафар таҳти роҳбарии Раиси иттифоқи рассомони Тоҷикистон таъсис дода шуд, ки ба он аз ҷумла академикҳо Осимӣ М.С., Масов Р.М. ва Тоҳиров Ф.Т. шомил гардиданд.
Дар натиҷа ба комиссия зиёда аз 200 адад тарҳи Нишону Парчам пешниҳод гардид. Аз ин ҳама пешниҳодҳо тарҳи Нишон ва Парчаме ҷои аввалро соҳиб гардид, ки сарварии гурӯҳи кории онро рассом Зуҳур Ҳабибуллоев ба уҳда дошта, муаллифи бевоситаи Парчам Маҳмадулло Сайдалиев буд. Парчам барои тасдиқ ва қабул ба Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо асоси давлатдории навинро гузошт, балки рамзҳои асосии давлати куҳанбунёду тозаистиқлоли тоҷиконро дар таърихи 24 ноябри соли 1992 қабул намуд.
Ранги сурх дар Парчам – ҳамчун рамзи мубориза ва ҷоннисориҳои халқ баҳри озодӣ ва истиқлоли ифода ёфтааст. Зеро аҷдоди мо ранги сурхро ҳамчун рамзи шуоъи офтоб, ки оламро мунаввар месозад, ҳамчун рамзи равшанию рӯсурхӣ парастиш мекарданд ва он, Парчами моро ба дирафши Ковёнӣ мепайвандад, ки он ҳам ранги сурх дошт.
Ранги сафед дар Парчам -ҳамчун рамзи бахту иқболи сафед, покизагӣ ифода ёфтааст, ки дар гузашта ҳамчун рамзи тозагӣ, рамзи ҳаёт ва абадият ва заволи зулмат буд.
Ранги сабз дар Парчам-ҳамчун нишонаи саъйу кӯшиш ва заҳмату талошҳои сокинон баҳри сарсабзу хуррам гардонидани ватан ифода ёфтааст, ки дар гузашта рамзи зиндагӣ ва сарсабзиро дошт.
Вобаста ба акси тоҷ ва ҳафт ситораи Парчам ҳаминро бояд қайд намуд, ки он низ дар фарҳанг ва тамаддуни мо решаи тӯлонии таърихиро дорост. Акси тоҷ дар парчами миллӣ маънои соҳибдавлатӣ ва анъанаҳои бузургӣ давлатдории кӯҳанро ифода мекунад. Зеро тоҷикон аз қабили он миллатҳои тамаддунофаре мебошанд, ки давлатҳои шукӯҳмандро ба майдони таърих овардаанд ва ҳақ доранд, ки имрӯз худро як халқи ифтихорманду тоҷдор бидонанд. Аз ин лиҳоз акси тоҷ дар Парчами миллӣ ифодагари ҳамин ифтихори миллӣ ва азму ирода дар роҳи устуворӣ бахшидан ба давлати миллист.
Дар масъалаи ҳафт ситораи Парчам зикр бояд намуд, ки шумораи ҳафт дар ҷаҳонбинии мардуми мо шумораи бахосият ҳисобида шуда, моҳияти олами ҳастиро ифода мекунад. Чунончӣ: ҳафт иқлим, ҳафт сайёра, ҳафт қабати ҳаво, ҳафт син, ҳафт шин, ҳафт рӯзи ҳафта ва ғайра. Аз ин рӯ зинатбахшии парчами миллӣ гардидани тоҷ ва ҳафт ситораи пурасрор боиси хушӣ ва ифтихори миллӣ мебошад.
Бигзор Парчами миллӣ ҳамеша чун ҷузъе аз муқаддасоти миллӣ моро ба сӯи ягонагию ваҳдат сулҳу субот раҳнамо бошаду дар роҳи пурпечутоби инкишофи ҷаҳони муосир барои ноил гардидан ба дастовардҳои нав дар болои сари мо ҷилвагар бошад. Боиси ифтиҳор аст, ки имрӯз ин Парчами муқаддас – ливои озодию истиқлоли, ливои сиёсати созандагиву бунёдкорӣ ва меҳнати фидокоронаи халқамон баҳри шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол раҳнамо мебошад. Бояд қайд намуд, ки Парчам рамзи ягонагии давлат ва миллат мебошад, Дар зери Парчам кормандони мақомоти қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҳимояи марзу бум, якпорчагӣ, таъмини ҳаёти осоишта, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон ба Ватан ва ба халқ содиқона савганд ёд мекунанд. Чунин амалҳо воситаи тавонои тарбияи насли наврас дар рӯҳияи баланди ватандустӣ, садоқат ба Ватану касб, савганд ва ифтихор аз рамзҳои давлатӣ мебошад.
Қадршиносӣ аз Парчами давлатӣ арҷгузориву ифтихор аз давлат, аз гузашта, имрӯз ва фардои халқ буда, яке аз омилҳои муҳими худшиносӣ ба ҳисоб меравад. Бигзор партавфишонии Парчами давлатӣ дар маъракаҳои расмии давлатӣ, чорабиниҳои сиёсиву иҷтимоӣ, фарҳангиву варзишӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ ҳисси ифтихор аз ватандории тоҷикони ҷаҳон бошад ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси ватани соҳибистиқлол қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи мо гардад.
Толипова Сайёра, номзади илми таърих, муаллими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ.