ПАРЧАМИ МИЛЛАТ — РАМЗИ ИСТИҚЛОЛ, ИФТИХОР ВА САРБАЛАНДИИ ТОҶИКИСТОН

Парчами давлатӣ яке аз муқаддастарин рамзҳои давлатдорӣ, таҷассумгари ҳастии миллат, соҳибихтиёрӣ, озодӣ ва сарбаландии ҳар як кишвар мебошад. Он на танҳо рамзи расмии давлат, балки ифодагари таърихи пуршараф, ормонҳои миллӣ, арзишҳои фарҳангӣ ва руҳи созандагии мардум аст. Дар зери Парчами давлатӣ миллат муттаҳид гардида, ҳисси ватандӯстӣ, ифтихор ва масъулияти шаҳрвандӣ дар қалби ҳар як инсон қавитар мегардад.

24 ноябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил мегардад. Ин сана дар таърихи давлатдории навини тоҷикон мақоми махсус дошта, моро ба арҷгузорӣ ба истиқлолияти давлатӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ҳидоят менамояд. Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида, дар марҳилаи тақдирсози таърихи кишвар ҳамчун рамзи давлатдории нав ва ваҳдати миллӣ зуҳур намуд.

Парчами давлатии Тоҷикистон бо рангҳои сурх, сафед ва сабз, ки дар маркази он тоҷ ва ҳафт ситораи тиллоӣ ҷойгир шудаанд, дорои маънои амиқи рамзӣ мебошад. Сурх ифодагари ҷасорат, мубориза ва фидокорӣ дар роҳи озодиву истиқлол, сафед рамзи покӣ, сулҳ, равшанӣ ва ормонҳои нек, сабз бошад, нишонаи ҳаёт, сарсабзӣ, ободӣ ва шукуфоии сарзамини тоҷикон мебошад. Тоҷ таҷассумгари давлатдорӣ, соҳибихтиёрӣ ва сарбаландии миллат буда, ҳафт ситора рамзи саодат, камолот ва орзуҳои неки мардумро ифода менамояд.

Парчам — пайванди наслҳо ва таҷассумгари худшиносии миллӣ. Дар таърихи миллати тоҷик парчамдорӣ ва рамзҳои давлатдорӣ решаҳои қадима дошта, аз давраҳои давлатҳои нахустини тоҷикон то замони муосир нишонаи мубориза барои озодӣ, ҳифзи ҳувият ва арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ маҳсуб меёфт. Парчами имрӯзаи Тоҷикистон идомаи ин анъанаи пуршараф буда, ба ҳар як шаҳрванд ҳисси ифтихор аз гузаштаи таърихӣ ва масъулият барои ояндаи кишварро талқин менамояд.

Дар шароити ҷаҳони муосир, ки равандҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва муносибатҳои байналмилалӣ босуръат тағйир меёбанд, ҳифзи истиқлолият, таҳкими ваҳдати миллӣ ва боло бурдани ҳисси худшиносии шаҳрвандон аҳамияти хос пайдо мекунад. Парчами давлатӣ ҳамчун рамзи муттаҳидсозии ҷомеа, омили таҳкими суботу оромӣ ва нишонаи садоқат ба Ватан хизмат менамояд. Эҳтиром ба Парчам маънои эҳтиром ба миллат, давлат, таърих, забон, фарҳанг ва арзишҳои конститутсиониро дорад.

Тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, эҳтиром ба рамзҳои давлатӣ ва масъулиятшиносӣ дар назди ҷомеа яке аз вазифаҳои муҳими муассисаҳои таълимӣ мебошад. Донишгоҳ ҳамчун маркази илму маърифат ва ташаккули ҷаҳонбинии ҷавонон бояд дар ин самт нақши фаъол дошта бошад. Баргузории чорабиниҳои маърифатӣ, дарсҳои кушод, мизҳои мудаввар, конференсияҳо ва суҳбатҳои тарбиявӣ имконият фароҳам меоранд, ки донишҷӯён моҳияти рамзҳои давлатӣ, таърихи онҳо ва аҳамияти истиқлолияти кишварро амиқтар дарк намоянд.

Парафшонии Парчами Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, дар ҳамоишҳои сиёсӣ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ, ифодагари мавҷудияти давлати соҳибистиқлол, миллати тамаддунсоз ва мардуми сулҳпарвари тоҷик мебошад. Ҳар боре, ки Парчами кишвари мо дар ҷаҳон баланд мешавад, номи Тоҷикистон, фарҳанги миллӣ ва дастовардҳои мардуми он муаррифӣ гардида, эҳсоси ифтихор ва сарфарозӣ дар қалби шаҳрвандон бештар мегардад.

Рӯзи Парчами давлатӣ танҳо як ҷашни тақвимӣ нест, балки рӯзи андеша, худшиносӣ ва эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ мебошад. Он моро ба қадр кардани сулҳу субот, ваҳдати миллӣ, истиқлолият ва имкониятҳои созандагии имрӯза водор месозад. Ҳар як шаҳрванд бояд бо меҳнати софдилона, фаъолияти созанда ва ҳисси баланди масъулият дар назди Ватан барои ободии кишвар саҳм гузорад.

Парчами давлатӣ моро ба иттиҳод, ҳамбастагӣ, садоқат ва созандагӣ даъват менамояд. Дар зери ин Парчам мо бояд барои ояндаи дурахшони Тоҷикистон, пешрафти илму маориф, таҳкими давлатдорӣ ва баланд бардоштани нуфузи кишвар дар арсаи байналмилалӣ саъю талош намоем.

Парчами давлатӣ — шарафи миллат, рамзи озодӣ, нишонаи ваҳдат ва роҳнамои ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст. Гиромидошти он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди ватандӯст мебошад.

Бигзор Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша парафшон бошад, дар сарзамини мо сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ пойдор монад, Тоҷикистони азиз рӯз ба рӯз ободу пешрафта гардад ва миллати тоҷик бо Парчами худ ҳамеша сарбаланду ифтихорманд бошад!

Парчами Тоҷикистон — баланд бимон, рамзи ифтихори мо бош!

Саъдуллоева Гулнора, номзади илмҳои педагоги, дотсент, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ.