20 ноябри соли 2026 дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзуи “Робитаҳои адабии Шарқ ва Рус дар заминаи муколамаи фарҳангҳо” баргузор гардид.
Дар конференсия муовини ректор оид ба таълим Гадозода Муҳаммадшариф, профессори кафедраи забони русии Дoнишгoҳи педагогии шаҳри Бохтар Юсупова Зарина, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Моҳира Мирзоева, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула ба номи Л.Н.Толстой (шаҳри Тула, Россия) Пронина Елена, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия Аминов Азим, ходими пешбари илмии Донишгоҳи давлатии педагогии Русия ба номи А.И.Герени шаҳри Санкт-Петербург Шорина Татьяна, мудири кафедраи забон ва адабиёти руси Дoнишкадаи соҳибкорӣ ва омӯзгории Деҳнави Ҷумҳурии Узбекистон Чориев Журақул, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Тошова Барно ва дигар муҳаққиқон ба таври ҳузурӣ ва маҷозӣ иштирок намуданд.
Муовини ректор Гадозода Муҳаммадшариф дар оғози конференсияи меҳмононро аз номи раёсати Донишгоҳ хайрамақдам гуфта, маърузаи ректори Дорнишгоҳ профессор Жило Гулназарзодаро ба саҳми ҳозирин расонид.
Дар идомаи конференсияи профессори кафедраи забони русии Дoнишгoҳи педагогии шаҳри Бохтар Юсупова Зарина дар мавзуи “Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон — бунёдгузори худшиносии миллӣ”, дотсенти кафедраи адабиёти ҷаҳони Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россия Аминов Азим дар мавзуи “Ноил шудан ба баробарарзишии (эквивалентии) андозаи шеърии асл ва тарҷума тавассути асари мусиқӣ”, профессори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тула Пронина Елена дар мавзуи “Амали предметӣ ҳамчун такягоҳ ҳангоми хондани ҳикояи Л.Н.Толстой “Косточка” дар машғулиятҳои таълими забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ (РКИ)”, ходими пешбари илмии Донишгоҳи давлатии педагогии Русия ба номи А.И. Герен Шорина Татьяна дар мавзуи “Муколамаи фарҳангҳои Русия ва Тоҷикистон”, профессори кафедраи услубшиносӣ ва таҳрири адабии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Моҳира Мирзоева ва дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, Тошова Барно дар мавзуи “Вижагиҳои корбурди ҷумлаи сода ҳамчун воситаи инъикоси хусусиятҳои шарқӣ дар осори классикии адабиёти рус” ба тариқи ҳузурӣ ва маҷозӣ баромад карданд.
Дар қисмати музокира Юнусов Алишер омӯзгори Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогикаи Деҳнави Ҷумҳурии Ӯзбекистон баромад карда пиромуни таъсири мутақобилаи фарҳанги Шарқ ва Рус, рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва илмӣ баромад кард.
Дар қисмати поёни конференсия аз тарафи раёсати Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ба маърузагарон сертификат тақдим карда шуд.


