Имрӯз, 21 ноябри соли 2026 бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳ дар факултети муносибатҳои байналмилалӣ мизи мудаввар таҳти унвони “Парчами миллӣ – рамзи ифтихор ва сарбаландии миллат” бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар ҳамоиш сардори раёсати тарбия Кабирзода Дорошоҳ, мудири кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқ, дотсент Саъдуллоева Гулнора, муаллими калони ҳамин кафедра Халифаев Фазлиддин ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Гадозода Шоҳрух иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар мизи мудаввар баромадкунандагон, доир ба таърих, мақоми ҳуқуқӣ ва нақши Парчами давлатӣ дар таҳкими худшиносии миллии ҷавонон суханронӣ намуданд.
Инчунин, мутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон Ашуров Суҳроҷ рӯнамоии тасвириро пешкаши ҳозирин намуда, донишҷӯёни фаъол дар васфи Парчами миллӣ ва Ватан шеърҳои ватандӯстона қироат карданд.

