“Танҳо забон аст, ки дар ҳама давру замон таърихи воқеӣ ва ростини миллатро дар ҳофизаи худ нигоҳ медорад.” Эмомалӣ Раҳмон
Мусаллам аст, ки забони модарӣ бузургтарин сарват, қимматтарин дороии маънавии ҳар як миллат маҳсуб мегардад. Бояд зикр кард, ки аз умқи таърих то ба имрӯз забон барои тоҷикон на танҳо воситаи муошират ва мубодилаи афкор, балки сипари пуриқтидори ҳифзи ҳувийяти миллӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ будааст. Дар тули ҳазорсолаҳо мардуми тоҷик аз хатарҳо ва туфонҳои азими таърихӣ – аз тоб овардан ба истилоҳои пай дар пай ва фазои сиёсиву низомии давраҳои мухталиф гузаштааст. Дар ҳамаи ин марҳилаҳои сарнавиштсоз маҳз забони модарӣ буд, ки руҳи истиқлолхоҳию истиқлолталабӣ, пайванди наслҳо ва ҳастии тоҷиконро пайваста нигоҳ дошт. Муҳаббат ба забон, эҳтироми меъёрҳои он ва талош барои ҳифзу нигоҳдории он ҳамеша зери таваҷҷуҳи зиёиён ва бузургони мо қарор дошт.
Қайд кардан ба маврид аст, ки дар охири асри 20 ва оғози асри 21 баъди фурӯпошии сохтори шуравӣ ва ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи комилан нав ва сарнавиштсоз дар таърихи забони тоҷикӣ оғоз гардид. Соҳибистиқлолӣ ба миллати тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки забони модарии худро ба мақоми воқеии он – забони давлатӣ ва рамзи асосии соҳибихтиёрии кишвар бардорад. Вале ин роҳи таърихӣ дар оғоз бениҳоят мураккаб, пур аз монеаҳо ва таҳдидҳои ҷиддӣ буд. Соли 1992 давраи аввали Истиқлолияти кишварро ҷанги шаҳрвандӣ ва бесаранҷомии сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифт. Дар шароити ниҳоят ҳассос, хатари аз байн рафтани сохтори давлатдорӣ ва таҷзияи миллат таҳдид мекард. Ҳифзи забони давлатӣ ва таблиғи фарҳанги миллӣ дар чунин шароит на танҳо амри сода набуд, балки аз роҳбар ва пешвои сиёсии вақт ҷасорати фавқулода, ақли расо ва зиракии сиёсиро талаб мекард.
Маҳз дар ҳамин давраи таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъулияти таърихиро ба дӯш гирифтанд. Аз рӯзҳои аввали фаъолияти худ ҳамчун сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикиро ҳамчун яке аз рукнҳои муҳимми таҳкими давлатдорӣ, омили асосии ваҳдати миллӣ ва пойдевори амнияти маънавии кишвар муайян намуданд. Дар тулии 35 соли соҳибистиқлолӣ таҳти роҳнамоӣ ва таваҷҷуҳи мустақими пешвои миллат забони тоҷикӣ ба марҳилаи нав – давраи шукуфоӣ, танзими ҳуқуқӣ, таҳқиқи илмӣ ва ворид шудан ба саҳнаи байналмилалӣ ворид гардид.
Кафолати Истиқлол ва рушди ҳар як забон, пеш аз ҳама, ба заминаҳои устувори ҳуқуқии он вобастагӣ дорад. Агар забон дар сатҳи қонунгузорӣ ва сохтори давлатӣ мақоми муайян ва дақиқ надошта бошад, рушди он дар соҳаҳои дигар номумкин хоҳад буд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози роҳбарии худ таҳкими заминаҳои ҳуқуқии забони давлатиро ба ҳайси яке аз самтҳои иқтидорбахши сиёсати фарҳангии мамлакат қарор доданд. Қадами аввалини сарнавиштсоз дар ин самт, қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 1994 буд, ки бо тариқи пурсиши умумихалқӣ сурат гирифт. Дар моддаи 2-юми Конститутсия ба таври пурра ва расмӣ муқррар гардид, ки забони давлатии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад. Ин банди қонуни асосии кишвар кафолати олии Конститутсиониро барои забони модарӣ фароҳам овард ва ҳама гуна баҳсҳову иҷтибоҳҳоро дар хусуси ҷойгоҳи забон барҳам зад.
Ҳамзамон бо ин, дар шароити нави рушди ҷомеа ва тақозои замон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 1989 қабул шуда буд, дигар ба пуррагӣ эҳтиёҷоти давлати мустақилро бароварда наметавонист. Аз ин рӯ, бо ташаббуси бевоситаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо саъю кӯшиши донишмандону мутахассисон 5- уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нав қабул карда шуд. Ин қонуни нав марҳилаи муҳим ва сифатан навро дар сиёсати забонии кишвар оғоз намуд. Қонун фазои ҳуқуқиро барои истифодаи ҳатмии забони давлатӣ дар ҳамаи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, коргузорӣ, маориф, илм, фарҳанг, матбуот, муносибатҳои байналмилалӣ ва соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ пурра фаро гирифт. «Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадима ва бойтарини ҷаҳон буда, рамзи истиқлолият, ваҳдати миллӣ ва шарафу ифтихори ҳар як шаҳрванди тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад. Ҳифзу пок нигоҳ доштани ин сарвати бебаҳо вазифаи муқддаси ҳар як фарди баномуси ҷомеа аст» – Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид кардан ба маврид аст, ки қонуни нав на танҳо доираи забони давлатиро васеъ ва муайян кард, балки масъулияти мақомоти давлатӣ ва шаҳрвандонро дар роҳи риояи меъёрҳои забони адабӣ ва пок нигоҳ доштани он аз унсурҳои бегона зиёд намуд. Ба хотири аҳаммити бузурги ин қонун ва бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи 5-уми октябр дар саросари мамлакат ҳамчун «Рузи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба рӯйхати ҷашнҳои расмии миллӣ ворид карда шуд. Ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта шудани ин рӯз ба баланд гардидани эҳтиром ва огоҳии мардум, бахусус насли ҷавон нисбат ба забони модарӣ ва мероси адабиву фарҳангии ниёгон такон бахшид.
Дар роҳи татбиқи амалии қонунгузории забон, бо фармони Президенти кишвар Кумитаи забон ва истилоҳити назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шуд. Ин ниҳод масъулияти назорат ва риояи Қонун «Дар бораи забони давлатӣ», танзими истилоҳот ва ягонагии меъёрҳои забони адабиро дар ҳама соҳаҳо бар дӯш дорад. Тавассути фаъолияти ин кумита ва таваҷҷуҳи пайвастаи Пешвои миллат, коргузории тамоми мақомоти давлатӣ ба забони тоҷикӣ гузаронида шуд ва даҳҳо фарҳангномаҳову луғатномаҳои истилоҳотии соҳавӣ омода ва табъ расиданд.
Ҷои арҷгузорист, ки хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи ҳифзи забон танҳо ба ташаббусҳои сиёсиву ҳуқуқӣ маҳдуд намегарданд. Сарвари давлат ба ҳайси таҳқиқотчӣ ва донишиманди мумтоз дар шинохти таърих ва даврабандии рушди забони тоҷикӣ саҳми бевосита ва беназири илмӣ гузоштаанд. Асари дуҷилдаи Пешвои миллат – «Забони миллат – ҳастии миллат», ки ҷилди аввали он соли 2016 ва ҷилди дуюми он соли 2020 ба табъ расид, шоҳкории ниҳоят пурқимати илмӣ ва таърихӣ дар забоншиносии тоҷик мебошад.
Дар ин асари боарзиш Пешвои миллат раванди ташаккул, рушд ва танраззули забони тоҷикиро аз давраҳои қадимтарин то замони соҳибистиқлолӣ мавриди таҳлили амиқи илмӣ қарор додаанд. Муаллиф бо истифода аз сарчашмаҳои боэътимоди таърихӣ, асноди муътабари адабӣ ва осори донишмандони муосири дохиливу хориҷӣ, нишон медиҳанд, ки забони тоҷикӣ яке аз забонҳои қадимаи ҳиндуаврупоӣ ва дорои таърихи беш аз сеҳазорсола мебошад. Дар китоб таъқид мешавад, ки забони тоҷикӣ дар дарозои таърих на танҳо воситаи муоширати мардуми шарқи эронитабор, балки забони илму адаб, фалсафа, тибва сиёсати тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ буд.
Ҷилди авали китоб ба таърихи пайдоиш ва рушди забон аз замонҳои қадим то давраи Сомониён ва баъд аз он ва ҷилди дуюм ба давраи наву ҷадидтарин ва ташаккули забони милливу давлатӣ бахшида шудааст. Пешвои миллат дар ин асар бо нигоҳи амиқи фалсафӣ ва ватандорӣ исбот месозад, ки ҳифзи забон дар тули таърих омили асосии нигоҳдории миллат будааст. Агар забон аз байн мерафт, миллати тоҷик низ дар миёни дигар ақвому фарҳангҳо маҳв мешуд. Аз ин рӯ, номи асар – «Забони миллат – ҳастии миллат» дорои маънои ниҳоят амиқи мантиқӣ ва ҳаётист, ки робитаи ҷудонопазири забон ва ҳастии миллиро ифода мекунад.
Зикри ин нукта муҳим аст, ки ин асари гаронбаҳо имрӯз ҳамчун сарчашмаи муҳимми дарсӣ ва илмӣ барои забоншиносон, таърихнигорон ва тамоми алоқамандони фарҳангу адаб хизмат мекунад. Он ба хонанда корномаҳои пуршарафи ниёгон ва роҳи сахту сангинеро, ки забони мо то ба имрӯз омада расидааст, ошкор месозад ва эҳтирому муҳаббат ба забони модариро дар дили наслҳои нав мепарварад.
Ёдовар шудан зарур аст, ки яке аз дурахшонтарин ва таърихитарин саҳифпҳои хизмати Пешвои миллат дар 35 соли соҳибистиқлолӣ, ин ба саҳнаи байналмилалӣ бардоштани забони тоҷикӣ мебошад. То замони соҳибистиқлолӣ забони тоҷикӣ танҳо дар доираи муайяни ҷуғрофӣ ва сохтори вилоятиву ҷумҳуриявии собиқ Шуравӣ истифода мешуд ва дар муносибатҳои дипломатии байналмилалӣ ҷойгоҳе надошт. Соҳибистиқлолии кишвар сиёсати хориҷии сулҳҷуёнаву пайгиронаи Пешвои миллат ин вазъро ба куллӣ тағйир дод.
Бори аввал дар таъриихи нави давлатдории тоҷикион Асосгузори сулҳу ваҳдати милл- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланди Созмони миллати муттаҳид дар Ню-Йорк ва дигар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ бо забони ширин ва адабии тоҷикӣ суханронӣ намуданд. Соҳибминбар шудани забони оҷикӣ дар бузургтарин созмони ҷаҳонӣ ва садо додани он аз замири дили Сарвари давлат ҳодисаи беназири таърихӣ буд. Ин амали шуҷоатноку ватанпарварона ба тамоми ҷаҳон нишон дод, ки тоҷикон дорои забони мустақил, қадимӣ, дорои фарҳанги оламшумул ва давлати соҳисбихтиёр мебошанд.
Суханрониҳои пешвои миллат бо забони давлатӣ дар нишастҳои байналмилалии СММ, Созмони ҳамкории исломӣ ва конфронсҳои ҷаҳонии марбут ба об ва иқлим сабаби афзоиши эҳтиром ва шинохти забони тоҷикӣ дар миёни сиёсатмадорон ва фарҳангшиносони ҷаҳон гардид. Ин иқдомҳо боиси ифтихори миллии ҳар як фарди Тоҷикистон ва тоҷикони тамоми гӯшаву канори олам гардида, эътимод ба ояндаи дурахшони забон ва миллатро даҳчанд афзуд.
Воқеан эҳсос бояд кард, ки рушди забони давлатӣ дар давраи муосир бе раванди танзими истилоҳот ва нашри фарҳангномаҳову луғатномаҳои нав номумкин аст. Аз ин рӯ, таҳти сарпарастӣ ва супориши бевоситаи Пешвои миллат, дар 35 соли соҳибистиқлолӣ корҳои ниҳоят бузурги илмиву амалӣ дар соҳаи фарҳангнигорӣ ва истилоҳсозӣ ба анҷом расонида шуданд.
Яке аз дастовардҳои бузурги фарҳангии замони истиқлол нашри «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» дар ду ҷилд мебошад, ки бо ташаббуси Сарвари давлат ва ҷалби беҳтарин забоншиносони кишвар ба табъ расид. Ин фарҳангнома беш аз 80 ҳазор калимаву ибораро фаро гирифта, ба калимаҳои забони муосир ва классики тоҷикӣ тафсири дақиқи илмӣ медиҳад. Нашри ин асар манбаи боэътимоди ягонагӣ ва дуруст истифода бурдани калимаҳо дар коргузорӣ, матбуот ва адабиёт гардид.
Пешвои миллат пайваста дар суханрониҳои худ таъкид мекунанд, ки забонро бояд аз истилоҳоти бегона, каалимаҳои ғайримеъёрӣ ва сохторҳои вайроншудаи грамматикӣ пок нигоҳ дошт. Сарвари давлат ба масъалаи риояи меъёрҳои забони адабӣ дар воситаҳои ахбори омма, радио ва телевизион, лавҳаҳо ва донишкадаҳову мактабҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд. Танзими истилоҳот ва ҳамоҳангсозии онҳо бо решаҳои таърихии забони тоҷикӣ имкон дод, ки бидуни аз даст додани асолати худ, ба забони муосири илмиву техникӣ табдил ёбад.
Сиёсати забонии пешвои миллат бо соҳаи маориф ба тарбияи наслҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Сарвари давлат хуб медонанд, ки насли ҷавон то чӣ андоза онро медонад, ба он эҳтиром мегузорад ва онро мукаммал истифода мебарад. Аз ин рӯ, дар 35 соли соҳибистиқлолӣ барномаҳои таълимии забон ва адабиёти тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии кишвар ба куллӣ афзоиш ёфта, сифатан беҳтар гардиданд.
Бо супориши Пешвои миллат китобҳои дарсии нави забони тоҷикӣ ва адабиёт омода ва чоп шуданд, ки дорои мундариҷаи бойи фарҳангӣ ва ватандорӣ мебошанд. Озмунҳои саросарии ҷумҳуриявӣ, ки бо ташаббус ва сарпарастии бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегарданд – бахусус озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» дар миёни кудакон, наврасон, ҷавонон ва калонсолон инқилоби маънавиро бавуҷуд оварданд. Ин озмун нафарони зиёдеро ба китобхонӣ, ҳифзи ашъори бузургони адабиёти классикию муосир ва омӯзиши амиқи забони модарӣ ҷалб намуд.
Ҳамзамон, Пешвои миллат сиёсати мутавозинро пеш мебаранд: омӯхтани забони модарӣ ҳамчун забони давлатӣ талаботи асосист, аммо дар баробари он омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла русӣ ва англисӣ, дастгирӣ карда мешавад. Ин равиш ба ҷавонони тоҷик имкон медиҳад, ки бо ҳифзи пурраи ҳувийят ва забони модарии худ, ба донишҳо ва технологияи муосири ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунанд.
Хулоса, 35 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои забони тоҷикӣ давраи эҳёи воқеӣ, таҳкими мақоми давлатӣ ва шукуфоии беназир башумор меравад. Дар маркази ҳамаи ин пешрафтҳо ва таҳаввулоти бузурги фарҳангӣ хизматҳои таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Пешвои миллат бо садоқати бепоён ба ватан ва фарҳанги ниёгон забони тоҷикиро аз хатарҳои бегонашавӣ ва завол озод намуда, онро ба заминаи устувори давлатдорӣ, омили ягонагии фарҳангӣ ва сипари пуриқтидори амнияти маънавии кишвар мубаддал сохтанд. Аз қабули қонунҳои сарнавиштсоз ва танзими истилоҳот то таҳқиқоти амиқи илмӣ дар асари «Забони миллат-ҳастии миллат» ва суханрониҳои фасеҳ аз минбари СММ- ҳамаи ин корномаҳо дар таърихи муосири Тоҷикистон бо ҳарфҳои зарин навишта шудаанд.
Имрӯз забони тоҷикӣ забони сиёсат, илм, фарҳанг, қонун ва дипломатияи байналмилалӣ мебошад. Пок нигоҳ доштани ин сарвати бебаҳо, эҳтироми меъёрҳои он ва интиқол додани ин амонати таърихӣ ба наслҳои оянда вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Додарзода Оятулло, н.и.ф., дотсенти кафедраи филологияи Шарқи Наздики факултети тарҷумонии забонҳои Шарқ.