ЧОРАБИНИИ АДАБӢ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ОМӮЗГОР

Бахшида ба Рӯзи омӯзгор 3 октябр дар факултети филология ва рӯзноманигории Донишгоҳ чорабинии адабию фарҳангӣ зери унвони “Омӯзгор – машъалафрӯзи ояндаи насли наврас” баргузор шуд, ки дар он декани факултет Сайёра Азимӣ, намояндаи раёсати тарбия Соҳиб Шаҳобиддинов, ҳайати профессорону омӯзгорон ва донишҷӯён ширкат карданд.

Декани факултет номзади илмҳои филологӣ, дотсент Сайёра Азимӣ ҳозиринро ба муносибати Рӯзи омӯзгор ва Рӯзи забони давлатӣ табрик намуда, иброз дошт, ки хеле рамзӣ аст, ки ҳар сол иди касбии омӯзгорон таҷлил мешавад ва дар ҳақиқат омӯзгор роҳнамои аҳли башар аст.

Дар идома мудири кафедраи назария ва таърихи адабиёт профессор Салимӣ Хатлонӣ ва профессор Сайидбой Шербоев баромад карда, аз дастовардҳои замони Истиқлоли давлатӣ, қадру мақоми волои омӯзгор сухан карданд.

Бояд зикр кард, ки омӯзгорон ва донишҷӯён дар раванди чорабинӣ фаъолона баромад намуда, онро бо мазмуну муҳтавои баланди тарбиявӣ ҷамъбаст карданд.