Омӯзиши забонҳои рушдкардаи хориҷӣ ҳамчун воситаи васлкунандаи тамаддунҳои мавҷуда мебошад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ба ҳама табақаҳои ҷомеаи кунунӣ шароити мусоид фароҳам овардааст. Айни замон марказҳои гуногуни забономӯзии кутоҳмуддат ва аз муассисаҳои томактабӣ то муассисаҳои таҳсилоти олӣ наврасону ҷавононро бо забономӯзӣ фаро гирифтаанд, ки ин метавонад ба сатҳи маърифатнокӣ ва ҷаҳонбинии илмии онҳо таъсири мусбат расонад.
Масъалаҳои маданияти миллӣ ва забони модарӣ дар шароити ҳозира бояд дар робита бо вазъи муборизаи сиёсиву ғоявии ҷаҳон ва вазифаҳои бозсозии кори таълиму тарбияи насли наврас баррасӣ гардад. Вагарна сабаби ҳассосияти мавзӯъ, ҷаззобӣ ва то кадом андоза муҳим будани он метавонад норавшан монад.
Дар баробари тамоми афзалиятҳо ҳамзамон, ҳама падидаҳо ҷиҳати манфии хешро низ дороянд. Ҳарчанд омӯзиши забонҳои хориҷӣ тавонад, ки моро бо тамаддунҳои ҷаҳон ошно созад, инчунин, ҷомеаи ҷаҳониро бо расму оин ва фарҳанги миллии мо шинос хоҳад кард. Дар ин радиф раду бадали ҷузъиёти фарҳанг ва расму оин ба вуҷуд меояд, ки ба бархурди тамаддунҳо бурда мерасонад. Тамаддунҳо аз ҷиҳати таърих, забон, фарҳанг, урфу одат ва аз ҳама муҳим, аз ҷиҳати дин ба ҳамдигар монанд нестанд.
Намояндагони тамаддунҳои мухталиф дар бораи арзишҳои ҳаёти инсонӣ тасаввуроти гуногун доранд ва муносибати онҳо низ ба таври гуногун зоҳир мегардад. Масалан, муносибати шахс бо гурӯҳ, шаҳрванд бо давлат, фарзандон бо волидайн, шавҳар бо ҳамсар ва дигар навъи муносибат аз ҷониби онҳо якранг зоҳир намегардад. Ҳамчунин, тасаввуроти онҳо дар бораи ҳуқуқ ва уҳдадориҳо, озодӣ ва маҷбуриятҳо, баробарӣ ва ваколатҳо низ мухталифанд. Чунин фарқиятҳо дар тӯли асрҳои зиёд ташаккул ёфтаанд, ки дар оянда низ аз байн нахоҳанд рафт.
Онҳо аз фарқиятҳои идеологияҳои сиёсӣ ва режимҳои сиёсӣ дида, мустаҳкамтару устувортаранд. Маълум аст, ки на ҳамаи фарқиятҳо низоъро ба амал меоваранд ва на ҳамаи низоъҳо паёмади манфӣ доранд. Аммо дар тӯли садсолаҳо низоъҳои дунболадор ва даҳшатнок маҳз дар заминаи фарқиятҳои тамаддунӣ ба амал омадаанд.
Бо дарназардошти таҳлилҳои боло барои мо бештар лозим мегардад, ки дар масъалаи омӯзиши забонҳои хориҷӣ зиракиро аз даст надода, фарҳанг ва тамаддуни забони омӯхташавандаро эҳтиром намоему пурра ва ё қисман ба он ворид нагардем. Зеро омӯзиши забон дар чаҳорчӯбаи расму оин, фарҳанг ва арзишҳои миллии соҳибзабон тарғиб ва омӯзонида мешавад. Ба таври бояду шояд метавонем забонҳои хориҷиро омӯзем, вале ҳамеша аз фарҳанг ва тамаддуни бою ғанӣ ва оламшумули шарқиёна дифоъ намудан шарт ва зарур хоҳад монд.
Вобаста ба ин масъала аллакай Ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ва дунявию ягона тамоми чораҳои заруриро андешидааст, ки бо роҳбарии оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, расму оини фарҳангии миллати тоҷик сурат гирифт, ки ин метавонад барои нигоҳдошт ва тарғиби бештари тамоми ҷузъҳои фарҳанги миллат асос гузорад.
Барои намояндагони миллати соҳибтамаддун зарур меояд, ки дар муаррифӣ ва нигоҳдошти фарҳанг саҳми боризи хешро гузошта, онро бо тамоми ҷузъиёташ ба наслҳои оянда мерос гузорад.
Кабирзода Дорошоҳ, сардори раёсати тарбияи Донишгоҳ.