Аввалину асоситарин вазифаи забон муошират кардан аст – маълумот гирифтан, иттилоъ расонидан ва ҳамкорӣ ба роҳ монданд. Забон яке аз муҳимтарин рукнҳои таърих, фарҳанг ва ҳувияти миллат ба ҳисоб меравад, балки фарҳанг, урфу одат ва таърихи миллатро забон нигоҳ медорад. Забон воситаи омӯзиш ва паҳн кардани дониш аст. Рушди забон, рушду такомули илму ҳунарро фароҳам меоварад ва баракс камиқтидор гардидани он аз кунд гардидани муносиботи иҷтимоӣ дарак медиҳад. Василаи устувори иттиҳоду ҳамбастагӣ дар ҳар ҷомеае забон аст. Василаи устувори қавӣ гардонидани ҳисси ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ, ифтихор бахшидан ва ифтихор доштан аз гузаштаи пурғановати миллӣ забони тоҷикии мост.
Имло, луғат, сарфу наҳв ва услуби ташаккулёфтаву шевои забони тоҷикиро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» 5. 10. 2009, №553 (тағйиру иловаҳо: 2023, 2025) ҳифзу пуштибонӣ менамояд, аз фонди луғавии пурғановат таркиб ёфта, дар фаъолияти мақомоти давлатӣ, илму маориф, воситаҳои ахбори омма, адабиёт ва фарҳанг, коргузорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва ҳаёти ҷамъиятиву муоширати ҳамарӯза ба таври густурда истифода мегардад.
Яъне, ҳамон ҷузъи гурӯҳи забонҳои ҳиндуаврупоӣ, эронӣ шуруъ аз Империяи Ҳахоманишиён, Бохтари қадим, Империяи Кӯшониён, Ҳайтолиён, Сосониён, Сомониён, Ғазнавиён, Хоразмшоҳиён, Темуриён, Шайбониён, Аморати Бухоро, Хонии Хева, Хонии Қӯқанд бо пайдарпайии таърихии ташаккул – форсии қадим, бохтарӣ, паҳлавӣ, суғдӣ, хоразмӣ, дарӣ, тоҷикӣ барои аҳолии бумӣ ҳамчун воситаи нигоҳдорӣ ва интиқоли таърих, адабиёт, анъана, ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои маънавии мардум мавриди корбурд қарор доштааст, лаҳни гуфтор ва муомилот будааст.
Он хазинаи таърих, адабиёт, хотираи фарҳангӣ ва арзишҳои маънавии тоҷикон мебошад, ки дар ҳар марҳилаи таърихӣ ба ҳайси мутаккои боэътимод аз як ҷониб барои баровардани эҳтиёҷоту ниёзҳои руҳиву молии мардум дар хидмат, аз тарафи дигар қаҳрамон ва шахсиятҳоеро чун Рустам ва Сӯҳроб – қаҳрамонҳои «Шоҳнома», Куруши Кабир – тақрибан 559–530 то милод, Спитамен – асри IV то милод, Имом Абӯҳанифа – 699-767 милодӣ, Имоми Бухорӣ – 810-870 милодӣ, Ҷаъфар ибни Муҳаммад ал-Форёбӣ – тақрибан асри IX, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ – 858-941, Шоҳ Исмоили Сомонӣ – 849-907, Абӯалӣ ибни Сино – 980-1037, Умари Хайём Нишопурӣ – 1048-1131, Рабияи Балхӣ – тақрибан асри X милодӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ – 1207-1273, Абдураҳмони Ҷомӣ – 1414-1492 ва садҳо номгӯйи чеҳраҳои таъсиргузори таърихиро муаррифӣ намудааст.
Забони тоҷикӣ бо ифода намудани ҷаҳонбинӣ, ахлоқ, арзишҳо ва андешаҳои маънавии мардум имрӯз барои таҳсил, таҳқиқоти илмӣ ва интиқоли дигар донишҳо бо мақсади нигоҳдории ягонагии забон ва фарҳанги ҷомеа хидматҳои арзишманд мекунад. Он ҳамчун як қисми таркибии мероси бузурги забонӣ воситаи барқароркунандаи иртиботи фарогир ва доманадори форсизабонони ҷаҳон ба ҳисоб меравад. Шеър, наср, илм, синамо ва дигар намудҳои эҷодиёту ҳунар, ки бо ин забон таълиф мешаванд, иқтидори онро мустаҳкам медоранд.
Маҷмӯи қоидаҳои пазируфташудаи меъёри забони тоҷикӣ, ки тарзи дуруст истифода бурдани онро дар гуфтор ва навиштор муайян мекунад – меъёри талаффузӣ (орфоэпӣ), меъёри луғавӣ, имлоӣ, фонетикӣ, сарфӣ (морфологӣ), наҳвӣ (синтаксисӣ), услубӣ, аломатҳои китобатӣ (пунктуатсионӣ), барои услубиёти ифодаи фикр мувофиқ ва муназзаманд. Яъне, истифодабарандагон, соҳибони забон дуруст ва мувофиқи маъно истифода бурдани калимаҳо, пасванд, пешвандҳо ва дигар унсурҳои грамматикӣ, дуруст сохтани ибора ва ҷумлаҳо, риояи қоидаҳои овозии забонро ҳам дар забони зинда ва ҳам коргузориву илм фаро мегиранд.
Олимону мутахассисони соҳа чӣ дар гузашта ва чӣ имрӯз барои ҳалли мушкилоти соҳа корҳои арзишманд анҷом додаву ин кушишҳо ҳанӯз идома доранд. Бо дар нақша гирифтани «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030», аз рӯйи маълумоти нави Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳияи луғатномаҳои лаҳҷавӣ бо Институти забон ва адабиёти ба номи А. Рӯдакӣ, грамматикаи забони адабии тоҷикӣ, фарҳангҳои гуногуни шевагӣ, дастури таърихии забон, фарҳанги муфассали забони тоҷикӣ ва дигар корҳои муҳимми марбут ба барнома аз нав нашр карда мешаванд. Ин қобили дастгирист.
Чун дар арафаи таҷлили рӯзи забони тоҷикӣ қарор дорем, тамоми мардуми тоҷикро бо ин санаи муборак таҳният мегӯем. Бигзор, забони қадимии мо ҳамчунон дар лаҳни ширинамон ҷавон боқӣ бимонад.
Муслима Маннонова, н.и.ф., муаллими калони кафедраи журналистика ва иттилооти рақамии факултети филология ва рӯзноманигорӣ.