Забони тоҷикӣ яке аз забонҳои ғанӣ, шево ва беназир аст. Беназирии ин забон дар он зоҳир мегардад, ки осори густурдаву побарҷои ниёгонамон бо ин забони нобу гуворо таълиф шуда, шуҳрату шаҳомоти ин забонро дар арсаи ҷаҳонӣ боз ҳам дучанд гардонидааст. Гарчанде ин забон забони шуҳратдору овозадор бошад ҳам, аммо дар тули таърих аз бисёр озмоишҳо гузаштааст.
Гуфтаҳои Пешвои муаззами миллатро, ки дар ки китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” ва “Аз Ориё то Сомониён” зикр гардидаанд, ба хотир овардан хеле бамаврид аст: «Талошу кӯшиш ва андешаи истиқлол миллати моро ҳатто баъди суқути давлати Сомониён ва дар давраҳои ҷабру зулми сулолаҳои бегона қувват бахшидааст, ки аз шебу фарози таърих, аз озмоишҳои сахту сангини садсолаҳо бо сарбаландӣ гузашта, забони модарӣ, илму адабиёти оламгир, анъанаву суннатҳои неки таърихиву фарҳангӣ ва, муҳимтар аз ҳама, ҳуввият, худогоҳӣ ва худшиносии миллиро то замони мову шумо расонад» .
Тавре, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд, “Глобалисатсия, аз як тараф, муносибатҳои наздики халқҳову миллатҳо ва кишварҳои давлатҳоро вусъат бахшида, сабабгори ташаккули низоми фарогир ва амалан глобалии равобити сиёсиву иқтисоддӣ, василаҳои технологию иттилоотӣ, дастёбӣ, ба комёбиҳои навин ва арзишмади башарӣ, сарфаҷӯии захираҳои гуногун гардидааст. Танзими беҳтари фаъолияти соҳаҳои мухталифи умумиҷаҳониву минтақавӣ, бахусус густариши муносибатҳои тиҷоратӣ, ҳамкориҳои молиявию экологӣ ва дигар падидаҳои муҳим мегардад”.
Дар бадастовардани ҳамаи комёбиҳои нақши забон бевосита ба мушоҳида мерасад, зеро робитаҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ, маҳз, тавассути забон ба вусъат мегиранд. Ин аст, дар баробари ба сари давлат омадани Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари дигар санадҳо 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Ҳадафи асосии он муайян кардани мақоми ҳуқуқии забони давлатӣ ва ба танзим даровардани истифодаи он дар ҷомеа буд.
Ин Қонун барои чанд мақсад зарур буд. Аз ҷумла мустаҳкам кардани мақоми забони тоҷикӣ ҳамчун забони давлатӣ, танзими истифодаи забони давлатӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, ҳуҷҷатгузорӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ, ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ дар шароити давлати соҳибистиқлол, Қонуни пешинаи забон соли 1989, дар давраи Иттиҳоди Шуравӣ, қабул шуда буд ва баъди истиқлолият ба тағйироти нави сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоии кишвар пурра мувофиқ набуд. Аз ин рӯ, қабули қонуни нав зарур гардид.
Маҳз, пас аз қабули Қонун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари баланд бо забони тоҷикӣ сухан карданд. Бори дигар ба ҷаҳониён ёдрас намуданд, ки забони тоҷикӣ забони пуриқтидор аст. Худи қабули Қонуни забон ин маънои онро дошт, ки забони тоҷикӣ бепуштибон нест. Зимни вохӯрӣ бо зиёиёни мамлакат дар мавриди бузургиву арзишмандии забони тоҷикӣ ва мақоми таърихии таваҷҷуҳ намуда, зикр дошта буданд, ки: “Забони адабии тоҷик дар ҷараёни ташаккул ва таҳаввули худ роҳи ниҳоят пурпечутобро тай намуда, аз санҷишу имтиҳони таърихӣ гузашта, ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ мероси гаронбаҳо ва корнамоиҳои беназири фарзандони баруманди халқи тоҷик аз устод Рӯдакӣ то устод Садриддин Айнӣ, дар шакли зебову ноб, бо захираи ғаниву рангини луғату таъбирот барои мо ёдгор ва мерос мондааст”.
Танҳо бо огоҳии амиқ аз гузаштаҳои дур ва собиқаи таърихии забони тоҷикӣ ва осори давраҳои таърихии он, ки дар чандин анвои хат ҳамчун намунаи зинда то ба рӯзгори мо расидаанд, метавон аз мақому мартабаи ин забон дар тули таърих натиҷагирӣ кард. Поя ва бунёди ҳама тафаккури миллиро дар иртибот ба гузаштаи забон ва осори мардумони ориёӣ, ба вижа таърихи давлатдории тоҷикон ва мақому мартабаи забон дар он даврон то имрӯз андешаҳое ташкил медиҳанд, ки дар се китоби Президенти кишвар таҳти номи “Тоҷикон дар оинаи таърих”, “Аз Ориён то Сомониён” ва ду китоби “Забони миллат – ҳастии миллат” ба таври бисёр дақиқ матраҳ ва хулоса шудаанд. Ин ҳама натиҷагириҳо далели чигунагии мақоми забони модарӣ дар давлатдории тоҷикон дар давраҳои гуногуни таърихӣ мебошад. Ба ин далел дар даврони Истиқлолияти сиёсӣ ва давлатдории навин низ бо ҳифзи собиқаи таърихӣ ва имконоти рушди дохилӣ забони тоҷикӣ дар мақоми забони миллӣ ё забони давлатӣ тавонистааст дубора мавриди истифода қарор гирад.
Маҳз, ин дар китоби пурарзиш, махсусан, “Забони миллат – ҳастии миллат” Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ роҷеъ ба пайдоиши вожаи “тоҷик”, ки таввассути он истилоҳи “забони тоҷикӣ” ташаккул ёфтааст, пайдоиши вожаи “тоҷик”-ро хеле амицу дақиқ овардаанд: “Бо омадани тахориён ба минтақаи Бохтар номи ин сарзамин дигар шуд ва минбаъд Тахористон ба ҷойи Бохтар истифода гардид ва забони ин минтақа ҳам баробари истифодаи номи бохтарӣ ё кӯшонӣ забони тахорӣ номгузорӣ шуд, ки баъдан ба ақидаи баъзе муҳақққиқон ҳам вожаи “тоҷик” ва ҳам вожаи “дарӣ” аз ҳамин калима маншаъ гирифтаанд.
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 – уми октябри соли 2010 ҳар як вориси забони тоҷикиро ба ваҳҷ овардааст, ки чунин буд: “Ҳар як фарзанди миллат бояд номбардори сазовори гузаштагон ва парчамбардори забону фарҳанги миллати хеш бошад. Он гоҳ мо метавонем дар тарбияи наслҳо дар руҳияи муҳаббат ба Модар, Ватан ва забони миллӣ, ки аз муқаддасоти олӣ эътироф гардидаанд, муваффақ шавем”.
Ҳатто масъалаи забони тоҷикӣ аз нигоҳи Эмомалӣ Раҳмон ба андозае мубрам гашта буд, ки дар суханрониашон дар Ҷашни 10 – солагии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ин масъала чунин зикр гардидааст: “…Мо бояд ба таҳия танзим ва ҳамгунсозии истилоҳот, ки яке аз масъалаҳои муҳим дар роҳи рушди забони давлатӣ ба шумор меравад, эътибори ҷиддӣ диҳем. Дар замони пешрафти бесобиқаи илму техника таҳияи истилоҳ ё истилоҳсозӣ ба сифати омили тавонбахши забон дар ҷомеаи мо аҳаммияти мубрам пайдо кардааст”
Дар яке аз Паёми худ низ таъкид намуданд: «Мо бояд ба рушди забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ низ эътибори аввалиндараҷа диҳем. Чунки забони давлатӣ яке аз сарватҳои муқаддас ва гаронбаҳотарини мо мебошад». Тавсифҳои бисёр зебову мувофиқ, аз қабили «забони шево ва шоиронаи тоҷикӣ», «сарвати муқаддас ва гаронбаҳотарин» аз муҳаббати Сарвари давлат ба забони тоҷикӣ мебошад. Мо бояд ин муҳаббатро аз Пешвои миллатамон биомӯзем ва тавре баён доштанд, ба рушди забонамон эътибори аввалиндараҷа бидиҳем.
Баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», ки бо ташаббусашон баргузор гардиданд ва минбаъд низ идома меёбад, ба хотири рушду омӯзиши бештару беҳтари ин забони нобу шоирона аст.
Дар ҳақиқат, танҳо ин забон моро ба осори гаронбаҳои ниёгонамон ошно месозад ва он ҳама бароямон, ҳамзамон, ифтихор мебахшанд. Осори ин абармардони олами фарҳанг бо забони тоҷикӣ миллати моро дар арсаи ҷаҳон чун миллати қадимиву тамаддунсоз муаррифӣ менамояд. Инчунин, тақдим намудани китобҳои пурарзиши “Тоҷикон” ва “Шоҳнома”, ки бо забони нобу шевои тоҷикӣ навишта шудаанд, маҳз, аз он далолат медиҳанд, ки, дар ҳақиқат Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими мақоми забони тоҷикӣ бағоят калон аст. Имрӯзҳо наврасони мо на танҳо шоҳномахонӣ мекунанд, инчунин, ба вожаҳои нобу шевои тоҷиконае, ки дар як замон ба гӯшаи нестӣ рафта буданд, дар нутқи худ мавриди истифода қарор медиҳанд, яъне бо ин васила таркиби луғавии забонамонро боз мкуккамалтар мегардонанд.
Хулоса, нақши Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду густариши забони тоҷикӣ ба ҳайси забони давлатӣ беназир буда, маҳз ба василаи сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат забони модарии мо дар замони соҳибистиқлолӣ ҷойгоҳи аслии худро соҳиб гардид.
Абдуллоева Гулрухсор, доктори илмҳои филологӣ, профессор, мудири кафедраи забони таҷикӣ ва фарҳанги муоширати факултети филология ва рӯзноманигорӣ.