Дар ҷомеаи кунунӣ инсон дар бисёр самтҳо кор ва фаъолият мекунад. Самти фаъолияти ӯ новобаста аз кадом соҳа будан, кӯшиш мекунад, ки ҳаққу ҳалол зиндагӣ ва фаъолият кунад. Аммо одам, баъзан ҳастии худ ва ояндаи худро мехоҳад тағйир диҳад. Албатта, мешавад, ки бо роҳи дуруст тағйир дод, аммо афсус, онҳо роҳи нодурустро интихоб менамоянд ва дар натиҷа носазовор мегарданд.
Мафҳуми коррупсия барои инсоният на танҳо як калимаи гӯшхарош, балки иснод бояд, бошад, вале бо баъзе аз хислату хӯйи ноадолатонаи одамон ин мафҳум, олудаи зиндагӣ мегардад. Фикр мекунанд, ки бо ин роҳ муфт кор мекунанд ва сазовори ҳама неъмат мегарданд. Албатта чашми инсон сер намешавад, ҳатто соҳиби ҳама неъмат ҳам гашта бошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон як давлати кӯчак нест, балки як кишвар, давлат ва дорои бузургтарин таъриху тамаддунест, ки дар руйи дунё назираш нест. Зеро таъриху фарҳанги бостоние, ки мо дорем, кишварҳои абарқудрати дунё ҳавас мехӯранд, аммо соҳиби чунин дастоварди оламгир нестанд.
Бо ташаббус ва иқдомоти оқилонаи Асосугзори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони азизро дунё шинохт, эътироф кард ва ташаббусҳои ҷаҳонии моро дастгирӣ мекунанд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша барои пешравӣ ва рушту нумуи кишвари азизамон талош мекунанд, пас чаро мо дар зери пайравии Пешвои миллат обод накунем?
Сарвари кишвар ба мо эътимод доранд, боварӣ доранд, ки мо ояндаи кишварро созем, номи Ватанро ба арсаи дунё муаррифӣ кунем, парчами кишварро дар байни парчамҳои дигари дунё боло кунем. Аммо баъзе аз одамаконе пайдо мешаванд, ки теша ба решаи худ мезананд.
Дузд, ғоратгар ва авбош одамоне аст, ки камирода, камсавод ва бемасъулиятонанд, аммо баъзе аз тоифаи одамоне, ки соҳиби ҳама чиз ва кори хуб ҳастанду дуздӣ ва ғорат мекунанд, намедонам чӣ ном монем? Шояд хоин! Онҳо фақат камирода нестанд, балки ғосибони миллат ва хиёнаткорони давлатанд.
“Чаро бар ҳаққи ман ноҳаққӣ созед?…”, ин суханро боре аз даҳони як наврасе шунидам. Шумо бигӯед, ки наврас алҳол мафҳуми коррупсияро аз куҷо дарк мекунад? Агар калимаро ҳам сарфаҳм нарафт, боз ҳам Шумо бигӯед, ки он наврас маънои кори хиёнатпешаи баъзе одамонро аз куҷо мефаҳмад? Магар он наврас ҳам фарзанди мову шумо нест? Магар он кӯдак ҳам фарзанди ҳамин миллат нест?
Имрӯз мо қалби як навҷавонро шикастем, бовар кунед чунон ба ӯ зарба задем, ки ин зарбаи на ҷисмонӣ, балки равонӣ буд. Зарбаи ҷисмонӣ шояд касро захмӣ ва дарднок гардонад, аммо зарба ба равоният ва ҳассосият шахсро мешиканад. Ин як ҳаводиси кучак аст, ки боре шунидам, аммо бовар кунед, коррупсия танҳо бадбахтӣ меорад. Агар ояндаи давлату миллатро фикр кунем, бояд аз коррупсия даст кашем. Ризқро Офаридгор ба офаридаҳояш медиҳад, бе ҳамон пули муфт ҳам зиндагӣ идома дорад. Дар ҷое шоир мефармояд:
Гар зи ҳаққи кас намоӣ киса пур,
Аз ту бонангаст дузду кисабур.
Гушна ҳам мирӣ, махур нони касе,
Киссаи холӣ беҳ аз ҳамëни пур!
Зиндагӣ як китобест, ки дар он саҳифаҳои гуногун инъикос меёбад. Дар тули умри худ на ҳама инсонҳо кори накӯ мекунанд, на ҳама инсонҳо аз худ номи некро боқӣ мегузоранд. Бисёре аз инсонҳо фикр мекунанд, ки ҳаёт аз ҳамин ду се молу сарвати бадаст омада ё сафои ду рӯза иборат аст. Дар он ақидаанд, ки имрӯз бояд зист ва имрӯз ҳар чӣ дар даст ҳаст бо он роҳат бояд кард. Вале бидонем, ки бо ин андеша дур нахоҳем рафт. Роҳат фақат дар молу сарват нест, балки дарки кору пайкори худ, ҷавоб дар назди азоби виҷдони худ аст. Бузурге мефармояд: “Зиндагӣ оинаи аъмоли корҳои нек ва бади туст”.
Бинед, бо чашми сард, ки Тоҷикистони азиз чи гуна зебову дилнишин аст. Дар чунин давлати зебо бо чунин одамони наҷибу миллати фархунда зиндагӣ кардан ифтихор аст. Чи хел диламон мешавад, ки ба моли ҳаммилати худ хиёнат кунем? Чӣ моро водор месозад, ки даст ба коррупсия занем? Оё ин иснод нест? Агар иснод ҳаст, пас чаро кунем?
Маҳз бо ибтикор ва сиёсати дурандешонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои пешгирӣ аз ҳолатҳои коррупсиёнӣ дар кишвар Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил гардид. Ин як қадами устувору созанда барои решакан кардани ин амалҳои нохалафона тарҳрезӣ гардид.
Агар коррупсия набошад, бовар кунед, зистан худ шаҳди дигар дорад, қалбҳо соф, диду назарҳо воло, меҳру муҳаббат побарҷо мегардад. Ин иқдоми Пешвои миллат тавонист, ки дар саросари кишвар порахӯрӣ ва ришвагириро манъ созад.
Агентии давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми фаъолияти худ ба дастовардҳои назаррас ноил шуда, бо матонаду иродаи қавӣ ва меҳандӯстии худ барои поку беолоиш нигоҳ доштани фаъолияти инсонӣ саҳми назаррас гузоштаанд. Кормандони Агентӣ дар раванди фаъолияти босазои худ нотавонбинон ва роҳгумкардагонро ба роҳи рост ҳидоят карда, ба ҷинояткорон ҷазоҳои сазовор дордаанд. Маҳз иродаи онҳо аст, ки хатокорон иштибоҳи худро дарк мекунанд.
Президенти маҳбуби мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба насли навин, махсусан ба ҷавонон эътимоди хос доранд, ки онҳоро ояндаи миллату давлат ном мебаранд. Ҷавонону насли навини кишварро мебояд, ки ба Ватан – Модар содиқона хизмат кунанд. Поку беолоиширо дар кору фаъолият пеш монанд. Тоҷикистони азизро дар арсаи дунё муаррифӣ намоянд. Решакан кардани коррупсия моро ба беҳбудӣ ва зиндагии хубу осоишта мерасонад. Бигзор коррупсия решакан гардад ва барои несту нобут кардани он ҳар яки мо масъул бошем. Дар назди Ватан, миллат ва пеш аз ҳама дар назди Модар виҷдони худро пок, қадри худро баланд ва забони хешро дароз гардонем.
Зиндагӣ дорои имтиҳонҳои сангину нангин аст. Дар имтиҳонҳои нобаҳангоми ҷаноби зиндагӣ танҳо бо ёрии донишу маҳорат ва устуворию тавоноӣ сазовори муваффақият мегардӣ. Пас калити муваффақият дар дасти ҳар як инсон аст. Танҳо барои дари хушбахтиро боз кардан роҳи дурустро интихоб намоем. Ҳангоми интихоб дари воридмешудаамонро дуруст интихоб намоем, ки то дар оянда пушаймон нагардем.
Ҳифзи Ватан – Модар ва номдории Тоҷикистони азиз дар пайравии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳам қарз ва ҳам фарзи мост!
Тоҷикистон ба пеш!
Шаҳзод АЗИМЗОД, мутахассиси шуъбаи таҳлил ва иттилооти Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода.