ИШТИРОКИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ “БЕҲТАРИН ДОНАНДАИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ”

5 октябри соли 2026 дар Муассисаи давлатии “Китобхонаи миллӣ” – и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озмунҳои ҷумҳуриявии “Беҳтарин донандаи асарҳои Пешвои миллат” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯёни Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода фаъолона ширкат намуданд.

Бояд гуфт, ки таваҷҷуҳи иштирокчиён ба озмун зиёд гардида, дар он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва умумӣ, донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, хизматчиёни давлатӣ ва оммаи мардум иштирок менамоянд.

Мавриди тазаккур аст, ки қишрҳои гуногуни ҷомеа пайваста ба китобҳои Президенти мамлакат рӯ меоранд, зеро асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсро ба ватандӯстиву ватанпарастӣ, инсондӯстӣ ва ваҳдатофаринӣ ҳидоят менамоянд.

Ба донишҷӯёни Донишгоҳ дар ин озмуни бошукуҳ пирӯзӣ хоҳонем.