МЕХАНИЗМҲОИ АСОСИИ МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРОРИЗМ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Тавре маълум аст, ба даст даровардани истиқлолияти Тоҷикистон дар замоне сурат гирифт, ки ривоҷи хатарҳои умумиҷаҳонӣ, аз қабили терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, офатҳои табиӣ, коҳиши сарватҳои зеризаминӣ ва манбаъҳои сӯзишворию энергетикӣ амнияту оромии бисёр давлатҳои хурду бузургро дар зери хавф қарор дод.

Ҷаҳони муосир бо падидаҳои нави ба миён омада аз марҳилаҳои пешинаи таърихи башар комилан фарқ мекунад, ки бештари онҳо дар заминаи раванди ҷаҳонишавии муносибатҳову арзишҳо ташаккул ёфтаанд. Дар чунин вазъи ҳасос, ҳифз ва нигоҳдошти арзишҳои таърихию фарҳангии миллӣ яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи ҳар як давлат ва ҷомеа маҳсуб мешавад.

Боиси нигаронист, ки дар баробари ин падидаҳои басо мусбати ҷаҳони муосир унсурҳои номатлуб ва харобиовари бегона низ ба ҳаёти осуда роҳ меёбанд. Ин амали миллатчудоӣ бо мақсадҳои ғаразнок ва бо дастгирию хароҷоти зиёди ҳомиёни беруна ва баъзе ташкилоту ҳаракатҳои ифротгаро бо истифода аз тамоми роҳу усулҳои мавҷуда таҳмил карда мешаванд. Ҳадафи асосии онҳо таъсири ҳарчи бештар ба шуур ва ҷаҳонбинӣ, махсусан ба ҷавонони кишвар ва ҷалб намудани онҳо ба ҷараёну ташкилотҳои фаромилии тундрав ва ифротгаро мебошад. Мушоҳида мегардад, ки баъзе аз ҷавонони кишвари мо низ ба доми чунин гурӯҳҳову ташкилотҳо афтида, аз нодониву ҷаҳонбинии маҳдуд даст ба ҷиноят мезананд ва ё ба гирдоби ҳаракату амалиётҳои номатлуб гирифтор мешаванд.

Имрӯз кишвари мо дар бархӯрд бо ҷаҳони беруна, аз як тараф дар ҷараёни ҷаҳонишавии табиӣ қарор гирифта, бо кишварҳои гуногуни олам ҳамбастагиҳо ва ҳамкориҳои сиёсию иқтисодӣ, фарҳангию илмиро ба роҳ андохтааст, аз ҷониби дигар дучори сиёсатҳои давлатҳои абарқудрат ва ширкатҳои бузурги фаромиллии ҷаҳоние гардидааст, ки онҳо барои ба даст овардани манофеи моддии хеш кишварҳо ва халқҳои нисбатан хурдро бо роҳҳо ва василаҳои гуногун ба доми ҷангҳо ва нифоқҳои маҳаллию мазҳабиву минтақавӣ ворид месозанд.

Мисоли равшан лоиҳаи амалишудаи ба ном“баҳори араб” аст, ки муддати якчанд сол дар мамлакатҳои қитъаи Африқо, Шарқи Наздик ва хусусан Ироқ ва Сурия ба сари мардуми онҳо мусибатҳои азими ҷангро таҳмил намудааст. Ба майдони ин ҷангҳои ваҳшатангез одамони зиёд аз тамоми гӯшаю канори дунё, аз ҷумла аз кишвари мо кашида шудаанд.

Сабабҳои ин гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои алоҳидаи экстремистию радикалӣ, ҷудоихоҳиу террористӣ ва амсоли онҳо гуногунанд ва албатта он омӯзиши мукаммалтар ва дақиқтари илмиро тақозо мекунад. Мусаллам аст, ки яке аз сабабҳои гирифторӣ ба доми фиреби ин гурӯҳҳо мушкилоти иқтисодии хонаводагӣ ва фардии ҳар як шахс аст, ки аз сатҳи рушди иқтисодии ҷомеа вобаста мебошад. Ҷомеаи имрӯзи кишвар бошад бо ҷомеаҳои тамоми ҷаҳон пайванди ногусастанӣ дорад, ҷаҳоне, ки беш аз пеш бо мушкилот ва таҳдидҳои нав рӯ ба рӯ меояд, ки таъсири онро то гӯшаи дуртарини тамоми манотиқи дунё филҳол эҳсос мекунанд. Низоми иқтисоди ҷаҳонӣ бошад, то ҳол аз зарбаи бӯҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодии ба сараш омада ба худ наомадааст. Бозсозии иқтисодӣ ниҳоят суст пеш меравад ва дар манотиқи алоҳида ҳанӯз ба заволу таназзул мувоҷеҳ аст. Бӯҳронҳои геополитикӣ ва сиёсии умумиҷаҳонӣ шояд солҳои наздик имтиҳону санҷишҳои навро эҷод намоянд, ки дар гирдоби он печидани кишварҳои кӯчаку заиф ногузир аст. Бешакку шубҳа ворастан аз ин доми бало аз аҳли ҷомеа, бахусус наврасону ҷавонони кишвар донишу зиракӣ ва матонату шуҷоатро тақозо мекунад.

Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, наметавонад аз он равандҳое, ки ба вазъи минтақа ё ҷаҳон таъсир доранд, бетараф бошад. Аз ин хотир, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба чандин масъалаи муҳимтарини ҷаҳони муосир ибрози андеша намуда, роҷеъ ба ҳаллу фасли онҳо таклифу пешниҳодҳо ба монанди ба эътидол овардани вазъият дар Афғонистон вазъи экологии ҷаҳон, масъалаи таъминот бо оби нушокӣ, ҳифзи пиряхҳо, зеҳни сунъи аз чумлаи чунин масъалаҳои муҳим мебошад. Дар баробари андешидани тадбирҳо ба хотири кӯмак ба Афғонистони ҷангзада, роҳбари Тоҷикистон дар бораи ба вуҷуд овардани «Камарбанди амниятӣ» дар атрофи ин кишвар бо мақсади ҷилавгирӣ намудан аз қочоқи маводи мухаддир ва яроқ аз ин кишвар, таҷдиди иқтисодиёти он, ки яке аз шартҳои муҳимтарини рушди ин кишвар мебошад, дар назди ҷомеаи ҷаҳонӣ борҳо масъалагузорӣ карда буд. Маҳз даромад аз муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, ки ҳамасола дар ҷаҳон даҳҳо миллиард доларро ташкил медиҳад, яке аз манбаъҳои асосии маблағгузории терроризми байналмилалӣ мебошад.

Мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ҷузъи мубориза бо терроризм ва экстремизм маҳсуб меёбад.

Тундгароӣ, ифротгароӣ, зӯроварӣ, таҳқиру таҳдид ва куштори бемислу монанди ҳам одамони ҳарбӣ ва ҳам аҳолии осоиштаю бегуноҳ дар ин даргириҳо, ки қабули он ба ақли солим ҳеҷ имкон надорад, моҳияти ин ҷанбаи мусибатбори ҷаҳонисозиро ифода мекунад.

Бояд қайд намуд, ки Тоҷикистон аз рӯзҳои аввал зидди чунин амалҳои тундгарои буд ва ҳамеша барои пешгирӣ ва бартарафсозии онҳо чораҳои сакривақтию заруриро меандешад. Бинобар ин дар кишвар якчанд Қонуну қарорҳо амсоли «Дар бораи экстремизм»(с.2003), «Доир ба ташкилотҳои ҷамъиятӣ» (с.1995), «Доир ба хизбхои сиёсӣ» (с.2001), «Дар бораи терроризм»(с.2001), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқобилияти легаликунонии (шустани) даромадҳое, ки бо роҳи ҷиноят ба даст оварда мешавад, маблағгузории терроризм» (с.2011) ва ғайраҳо амал мекунад.

Дар онҳо мафҳумҳои асосӣ, принсипҳо, самту равияҳои асосӣ, субъектҳои зиддияти фаъолияти экстремистию террористӣ, оқибатҳои амали онҳо ва низоми судии эътироф кардани онҳоро ҳамчун ташкилоти экстремистӣ ва террористӣ, инчунин пешгирии роҳҳои паҳнкунии амалҳои террористӣ қайд карда шудааст.

Оид ба терроризм дар Кодекси ҷиноятӣ(соли 1998), назар ба Кодекси ҷиноятии соли 1961 дигаргунӣ пешбинӣ шудааст. Қонунгузор ба хотири дар марҳалаи нав ва давраи гузариш ҷой доштани давлати соҳибихтиёри Ҷумҳурии Тоҷикистон, муборизаи шадид бурдан нисбати ин ҷинояти вазнин чораҳои мушаххас пешбинӣ намудааст. Пеш аз ҳама, акнун акти террористӣ (таҳрири соли 1961) ҳамчун як намуди терроризм пешбинӣ шуда (модаи 310), худи терроризм дар як моддаи алоҳида ҷой дода шудааст.

Ба категорияи характеристикаи криминологии терроризм олимон мафҳум ва моҳияти он, тасниф, нишондодҳои сифатӣ ва миқдории терроризм, маълумот оид ба шахсияти террористон, сабаб ва шароитҳои ба миён омадан ва чораҳои пешгирии онро дар ҷомеа мансуб медонанд. Донистани ҳамаи ин унсурҳо ба он мақсад аст, ки душмани ашадӣ- терроризмро пурра аз худ намудааст, бояд ба муқобили он муборизаи шадид ва самаранок пеша карда шавад.

Маълум мегардад, ки терроризм- ин содир намудани таркиш, сухтор, тирпаронӣ аз яроқи оташфишон ё дигар кирдоре, ки боиси хавфи марги одамон, расонидани зарари ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои дигари барои ҷомеа хавфнок аст, дониста мешавад. Агар ин кирдор бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷомеа, тарсонидани аҳолӣ, ё расонидани таъсир пешбинӣ шуда бошад. Қонунгузор аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод намудани шахсеро пешбинӣ намудааст, ки дар омода сохтани кирдори террористӣ иштирок дорад, аммо дар ҳолати мақомоти давлатиро сари вақт огоҳ сохтан ё бо роҳи дигар содир гаштани кирдори террористиро пешгирӣ кардан ва мавҷуд набудани таркиби ҷиноят дар ҳаракатҳои ин шахс дида шавад. Дар баробари он дар моддаи 180 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро барои иттилооти бардурӯғ оид ба кирдори террористӣ пешбинӣ намудааст.

Кодекси ҷиноятии ҶТ дар моддаи 310, ҳамчун як намуди терроризм, таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятии ҶТ бо мақсади суст кардани асосҳои сохтори конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаъолияти давлатӣ ё дигар фаолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор интиқом барои чунин фаъолият (акт террористӣ)-ро пешбинӣ кардааст.

Аз ин ҷост, ки содир кардани ҳамаи таркиботҳои номбаршуда дар маҷмуъ кирдори ба ҷомеа бисёр хавфнок –терроризмро ташкил медиҳанд. Таснифи терроризм низ бо таркибҳои номбаршуда вобастагии зич дорад.

Толипова Сайёра, н.и.т. муаалими калони кафедраи муносибатҳои байналмилалӣ ва ҳуқуқи факултети муносибатҳои байналмилалӣ.