ФАКУЛТЕТИ ТАРҶУМОНИИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ
Факултети тарҷумонии забони англисӣ аз моҳи сентябри соли 2024 дар пояи факултети равияи омӯзгории забони англисӣ (пештара факултети забони англисӣ) таъсис ёфтааст. Ихтисосҳои нахустини факултети забони англисӣ – забони хориҷӣ (англисӣ-омӯзгор), таҳсилоти ибтидоӣ, таҳсилоти томактабӣ ва технологияи хизматрасонӣ (бо забони англисӣ) ва таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқ (англисӣ-русӣ) ба шумор мераванд, таъсис дода шуданд.
Соли 1993 ихтисоси забони муосири хориҷӣ (тарҷумон, забони англисӣ), соли 2016 ихтисосҳои тарҷумаи бадеӣ, забони англисӣ, таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқӣ (англисӣ-русӣ) ва соли 2022 ихтисоси таълими компютерии забонҳо таъсис дода шуд. Аз рӯйи ихтисосҳои мазкур то соли 2024 донишҷӯён ба таҳсил фаро гирифта шуданд.
Аз соли 2024 факултети тарҷумонии забони англисӣ таъсис ёфта, дар он донишҷӯёнро аз рӯйи 4 ихтисос дар зинаи бакалав аз рӯйи тахасусҳои тарҷумаи забони англисӣ, тарҷумаи бадеӣ бо забони англисӣ, ташхиси забонии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бо иловаи забонҳои англисӣ-русӣ ва таълими компютерии забонҳо дар шакли таҳсили шартномавӣ ва буҷавӣ ба таҳсил фаро гирифта шуданд.

Назирқулов Тағаймурод Абдурасулович
Вазифа: Декани факултет;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои педагогӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ-фаронсавӣ;

Умаров Суҳайли Қурбонхоҷаевич
Вазифа: Сармушовири академии факултет;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;

Эмомов Исфандиёр Исматуллоевич
Вазифа: Мушовири академии факултет;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;

Маҷидова Рухшона
Тахассус: Коргузори факултет;
Дар назди факултети тарҷумонии забони англисӣ айни замон ду кафедра амал менамояд.
Кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносӣ

Соҳибназарзода Ҳавасмоҳ Тилло
Вазифа: Мудири кафедра;
Дараҷаи илмӣ: Доктори илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Профессор;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;
Кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносӣ дар заминаи кафедраҳои назария ва амалияи тарҷума, забоншиносии умумӣ ва типологияи муқоисавии забонҳо соли 2018 таъсис ёфтааст. Саҳми кафедра дар ташаккул, рушд ва омода намудани мутахассисони самти тарҷумонӣ ва забоншиносӣ бузург аст. Кафедра дорои фанҳои марбут ба тарҷума ва тарҷумашиносӣ, аз қабили назарияи тарҷума, тарҷумаи хаттӣ, тарҷумаи синхронӣ, тарҷумаи матнҳои расмӣ-коргузорӣ, тарҷумаи матнҳои сиёсӣ, тарҷумаи матнҳои иқтисодӣ, курси амалии тарҷума, роҳбалад-тарҷумон ва ғайра мебошад.
Дастури таълимӣ ва китобҳои дарсӣ таҳти унвонҳои “Тарҷумаи матнҳои сиёсӣ”, “Тарҷумаи матнҳои иқтисодӣ”, “Тарҷумаи матнҳои хаттӣ” ва “Курси амалии тарҷумаи забони англисӣ” ва амсоли инҳо ба қалами омӯзгорони кафедра тааллуқ доранд. Дар заминаи “Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ то соли 2030” дар кафедра мунтазам мизҳои мудаввар, конференсияҳои донишгоҳӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ ва семинарҳои илмӣ-методӣ ташкил карда мешаванд, ки дар онҳо омӯзгорони дигар кафедраҳо ва донишгоҳу донишкадаҳои олӣ иштирок ва маъруза менамоянд. Дар кафедра 2 профессор, 2 дотсент, 1 номзади илм-муаллими калон, 2 муаллими калон ва 4 ассистент фаъолият доранд. Дар кафедра маҳфили илмӣ амал мекунад, ки «Мутарҷим» ном дорад. Аз моҳи сентябри соли 2024 дар назди кафедра “Маркази тарҷума ва тарҷумаи ҳамзамон” бо тамоми таҷҳизот барои баланд бардоштани сифати донишҳои забонӣ ва малакаҳои тарҷумавии донишҷӯён кушода шуд.
Ҳайати омӯзгорони кафедраи забоншиносии муқоисавӣ ва тарҷумашиносӣ тамоми маҳорату малакаи худро барои дар сатҳи баланд омода намудани донишҷӯёни забономӯзон, забоншиносону мутарҷимон равона кардаанд.
Вазифаҳои асосии кафедра аз инҳо иборатанд:
- татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- таълим ва ташаккули малакаи тарҷумаи шифоҳӣ, хаттӣ, синхронӣ ва таълими забони коргузорӣ бо забонҳои омӯхташуда;
- фаъолияти самарабахши таълимӣ, илмӣ, методӣ ва тадқиқотӣ бо мақсади омодасозии касбии забоншиносон ва тарҷумонҳо;
- истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ ва таҷрибаи пешқадами забоншиносӣ ва тарҷума дар раванди таълим;
- рушди малакаҳои касбии донишҷӯён;
- такмил додани чаҳонбинии умумии доншҷӯён дар соҳаҳои гуманитарӣ, тарбиявӣ ва эстетикӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии кафедра:
- тадқиқ ва татбиқи муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»;
- омӯзиши тамоюлҳои муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ дар таълим ва омӯзиши забонҳо, таҳияи дастовардҳои илмӣ оид ба ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар соҳаи забоншиносӣ ва тарҷума дар системаи таҳсилоти олӣ;
- омӯзиши равандҳо ва самтҳои гуногуни илмӣ бо мақсади мусоидат ба ташаккул ва рушди системаи муосири омодагии касбии забоншиносон ва тарҷумонҳои оянда;
- таҳияи далелҳои илмӣ ва пешниҳодҳо оид ба ташаккули стратегияи миллӣ ва таҳияи сиёсати забони давлатӣ;
- омӯзиши мавҷудият ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи забон.
Дар кафедраи мазкур мавзуи фармоишӣ таҳти унвони «Мушкилоти “Тарҷуманопазирӣ” дар шароити тавсеаёбии муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистони муосир» таҳия ва тасдиқ карда шуда, дар асоси он корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ идома ёфта истодааст. Оиди ин мавзуи фармоишӣ аз ҷониби ҳайати профессорону омӯзгорон як қатор корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ, аз ҷумла, мақолаҳои илмӣ дар маҷалаҳои тақризшаванда ва конфренсҳои сатҳи ҷумҳуриявию байналмилалӣ, монографияҳо, дастурҳои таълимӣ, илмӣ-методӣ, таълимӣ-методӣ ба нашр расонида шуданд.
Кафедраи забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро

Иматшоева Мунира Бандишоевна
Вазифа: Мудири кафедра;
Дараҷаи илмӣ: Номзади илмҳои филологӣ;
Унвони илмӣ: Дотсент;
Тахассус: Омӯзгори забони англисӣ;
Кафедраи забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро соли 2023 дар заминаи кафедраи филологияи англис дар назди факултети забони англисӣ таъсис ёфт. Кафедра ҳайати профессорону омӯзгоронро аз ҳисоби мутахассисони болаёқату ҷавон пурра намуда, ба таълими амиқу ҳамаҷонибаи забони англисӣ диққати ҷиддӣ дода истодааст. Дар кафедра 12 нафар омӯзгор ба таълими донишҷӯён машғул ҳастанд. Аз инҳо 1 нафар номзади илмҳои филологӣ, дотсент, 3 муаллими калон, 5 нафар ассистент ва 4 нафар ҳамкор фаъолият менамоянд.
Вазифаҳои асосии кафедра аз инҳо иборатанд:
- татбиқи сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
- таълими забони англисӣ дар ташаккули малакаҳои нутқи шифоҳӣ, хаттӣ, синхронӣ бо забонҳои омӯхташуда;
- фаъолияти самарабахши таълимӣ, илмӣ, методӣ ва тадқиқотӣ бо мақсади омодасозии касбии омӯзгорӣ;
- истифодаи дастовардҳои муосири илмӣ ва таҷрибаи пешқадами забоншиносӣ ва омӯзгорӣ дар раванди таълим;
- рушди малакаҳои касбии мутахассисони оянда;
- такмил додани чаҳонбинии умумии доншҷӯён дар соҳаҳои гуманитарӣ, ахлоқӣ ва эстетикӣ.
Самтҳои асосии фаъолияти илмии кафедра:
- тадқиқ ва татбиқи муқаррароти асосии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатӣ»;
- омӯзиши тамоюлҳои муосир ва таҷрибаи байналмилалӣ дар таълими забонҳо, таҳияи дастовардҳои илмӣ оид ба ҷорӣ намудани инноватсияҳо дар соҳаи забоншиносӣ дар системаи таҳсилоти олӣ;
- омӯзиши равандҳои самтҳои гуногуни илмӣ бо мақсади мусоидат ба ташаккули системаи муосири омодагии касбии мутахассисони оянда;
- таҳияи далелҳои илмӣ ва пешниҳодҳо оид ба ташаккули стратегияи миллӣ ва таҳияи сиёсати забони давлатӣ;
- омӯзиши мавҷудият ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи забоншиносӣ.
Дар назди кафедра маҳфили илмӣ таҳти унвони «Рушди забони англисӣ» амал менамояд, ки аз моҳи сентябри соли 2024 барои баланд бардоштани донишу малакаҳои забонии донишҷӯёни ихтисоҳои ҳамгирои Донишгоҳ фаъолият намуда, саҳми арзанда дорад.
Бо мақсади такмил ва мубодилаи таҷрибаи педагогӣ, дар кафедра нақшаи баргузории дарсҳои кушод таҳия шуда, мувофиқи он ҳар моҳ аз ҷониби омӯзгорон дарсҳои намунавии таълимӣ гузаронида мешаванд.
Кори илмӣ-таҳқиқотӣ низ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шудааст. Омӯзгорони кафедра пайваста дар конфронсҳои илмӣ-амалӣ сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, бо мақолаҳо ва гузоришҳои илмии худ баромад менамоянд. Дар соли таҳсили 2025-2026 кафедраи мазкур конференсияи байналмилалиро таҳти унвони «Раванди омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар шароити рақамӣ: навоварӣ, мушкилот ва дурнамо» доир намуд, ки дар доираи он мақолаи илмӣ аз ҷониби омӯзгорон чоп гардиданд.
Кафедраи забони англисӣ барои ихтисосҳои ҳамгиро минбаъд низ кӯшиш ба харҷ медиҳад, то дар самтҳои таълим, илм ва тарбия боз ҳам муваффақтар гардида, саҳми худро дар таҳкими сатҳи забондонӣ ва рушди тафаккури илмии донишҷӯён гузорад.
- 1-210601-0200 - Забони муосири хориҷӣ (тарҷумон, забони англисӣ);
- 1-210601-0202 - Тарҷумаи бадеӣ. Забони англисӣ;
- 1-230102-0100 - Таъминоти забонии фаъолияти ҳуқуқӣ (англисӣ-русӣ);
- 1-210601-0110 - Таълими компютерии забонҳо;
Дар назди факултет синфхонаҳои мултимедӣ бо таҷҳизотҳои муосир таъмин буда, ба донишҷӯён имконият медиҳанд, ки доираи донишҳои худро васеъ намоянд. Донишҷӯён метавонанд дар маркази тарҷумаи ҳамзамони факултет, ки ба чор самт (тарҷумаи забони англисӣ, тарҷумаи бадеии забони англисӣ, ташхиси ҳуҷҷатҳо ва таълими компютерӣ) нигаронида шудаанд, мустақилона кор кунанд ё дар маҳфилҳои илмии факултет ва кафедраҳои тахассусӣ иштирок намоянд.

ЧОРАБИНИИ ФАРҲАНГӢ ДАР БОҒИ ИРАМ
Факултети тарҷумонии забони англисӣ барои довталабону донишҷӯён, магистрону докторантон (аз рӯйи ихтисос (PhD)) омӯзиши забони англисиро дар чор самт аз рӯйи тахассусҳои зерин пешниҳод менамояд:
- тарҷумаи забони англисӣ,
- тарҷумаи бадеӣ бо забони англисӣ,
- ташхиси забонии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ бо иловаи забонҳои англисӣ-русӣ,
- таълими компютерии забонҳо.
Яъне, тайёр кардани мутахассисони касбии забони англисӣ дар самти тарҷумонӣ (забони англисӣ), ташхиси забонии ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ (англисӣ-русӣ) ва таълимӣ компютери забонҳо (англисӣ) амалӣ мегардад. Таҳсил дар факултет бо забонҳои англисӣ, русӣ ва тоҷикӣ фароҳам оварда шудааст.














































